Ҳавопаймои таҷассусии НОТУ марзҳои Укройнро зери назар мегиранд

  • 11 Март, 2014
Image copyrightAFP
Image caption НОТУ Овоксҳоеро барои назорат бар Укройн ба кор мегирад

НОТУ қарор аст барои зери назар гирифтани марзҳои Укройн ҳавопаймоҳои таҷассусиашро дар Лаҳистон ва Румонӣ мустақар кунад.

Як сухангӯйи НОТУ гуфт, ки Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ рӯзи душанбе дастури ин иқдомро содир кардааст.

Ин мақом гуфт: "Ҳама парвозҳои ҳавопаймои таҷассусии Овокс фақат бар фарози кишварҳои узви паймон анҷом хоҳад шуд."

Ҳамзамон Русия дар ҳоли афзоиши тасаллути худ бар ноҳияи худмухтори Криме аст. Ин ноҳия, ки аслан бахше аз Укройн аст қарор аст рӯзи якшанбе як ҳамапурсӣ барои пайвастан ба Русия баргузор кунад.

Дар тозатарин иқдом дар рӯзи душанбе мардони мусаллаҳ, ки гуфта мешавад нерӯҳои рус ва шибҳинизомиёни бумӣ ҳастанд, як бемористони низомиро дар Криме ба тасхири худ дароварданд.

Овоксҳо тавоноии назорат бар васоили нақлия дар заминро доранд, аммо ҳадафи аслии онҳо эҷоди итминон аст. Парвозҳо аз пойгоҳҳое дар Олмон ва Бритониё анҷом хоҳад шуд.

Як сухангӯйи НОТУ тасмими тозаро "иқдоме муносиб ва масъулона ва дар ростои тасмими НОТУ барои тақвияти фароянди арзёбии авоқиби буҳрон (Укройн) барои амнияти НОТУ" тавсиф кард.

Омрико қаблан бо эъзом шудани ҷангандаи Эф-15 дигар ба маъмурияти гаштзании НОТУ дар ҷумҳуриҳои Болтик кӯшидааст ба муттаҳидонаш дар Урупо итминон диҳад. Ин кишвар ҳамчунин дувоздаҳ ҷангандаи Эф-16-ро барои омӯзишҳои низомӣ ба Лаҳистон фиристода.

Давлати Укройн ва ҳамчунин кившарҳои ғарбӣ мегӯянд, ки пайвастан ба Русия тайи як ҳамапурсӣ ғайриқонунӣ аст.

Дар ҳодисаи рӯзи душанбе дар Криме муҳоҷимон вориди бемористоне дар Симферупул, маркази Криме шуданд ва хадамаи бемористон ва 30 беморро таҳдид караднд.

Нерӯҳои ҳаводори Русия ҳамчин нерӯҳои укройнӣ дар саросари Кримеро маҳсур кардаанд.

Image copyrightReuters
Image caption Бовари густарда ин аст, ки бисёре аз ин мардони мусаллаҳи "бенишон" дар Криме мутаъаллиқ ба Русия бошанд

Маскав расман мушорикати нерӯҳояш дар ин муҳосираро такзиб карда ва ин мардони мусаллаҳро, ки нишонае бар унифурмҳояшон надоранд, сарбозони бумӣ, ки аз "худ дифоъ мекунанд", тавсиф кардааст.

Давлати Киев ва ҳамчунин Омрико ва Урупо, Маскавро ба таҷовузе ба Укройн, ки ноқизи қавонин байналмилалӣ аст, муттаҳам мекунанд.

НОТУ гуфт, ки парвозҳои таҷассусиаш "боъиси огоҳии бештар аз авзоъ хоҳад шуд."

НОТУ ҳафтаи пеш гуфт, ки дар ҳоли бозбинии куллия ҳамкориҳояш бо Русия аст ва ҳамкорӣ бо Киевро тақвият мекунад.

Кристиён Фрейзер, хабарнигори Би-би-сӣ дар минтақа, мегӯяд, ки нерӯҳои ҳаводори Русия батадриҷ ва дар ҳоле ки бо муқовимати каме рӯбарӯ мешаванд, саргарми барчидани тавоноии Укройн барои муқовимат дар Криме ҳастанд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, пештар аз тасмими Криме барои тартиб додани як ҳамапурсӣ дар рӯзи 16 март дифоъ кард.

Ӯ гуфт, ки ин гом муттакӣ ба қавонини байналмилалӣ аст.

Бо ин ҳол, Онгело Меркел, садри аъзами Олмон ,дар тамосе телефунӣ ба ӯ гуфтааст, ки ин раъйгириро ғайриқонунӣ медонад.

Раҳбарони Иттиҳодияи Урупо ва Омрико ҳушдор додаанд, ки агар нерӯҳои Русия дар Криме боқӣ бимонанд таҳримҳои шадидтаре алайҳи Русия вазъ хоҳанд кард.

Нооромиҳо дар Укройн дар моҳи ноябр пас аз он ки Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳурии вақти ин кишвар муъомилае бо Иттиҳодияи Урупоро ба нафъи кумак гирифтан аз Русия рад кард, шурӯъ шуд.

Оқои Ёнукович моҳи гузашта дар пайи эътирозоти умумӣ барканор шуд ва давлати тозае ҷойи ӯро гирифтааст.

Матолиби муртабит