Лавров: Таҳрими Русия натиҷаи маъкус хоҳад дошт

  • 8 Март, 2014
КримеImage copyrightReuters
Image caption Яке аз хабарнигорони Би-би-сӣ мегӯяд ҷавви хушунат ва таҳдид ба шакле фазоянда дар минтақаи Криме эҳсос мешавад

Омрико ва Русия дар идомаи талошҳо барои ҳалли буҳрони шибҳиҷазираи Криме зарфи 24 соъати ахир да бор тамос барқарор кардаанд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, аз Ҷон Керӣ, ҳамтои омрикоии худ, хост ба иқдомоти аҷулонае, ки ба зарари равобити ду кишвар бошад, даст назанад ва ҳушдор дод, ки таҳрим натиҷаи маъкус хоҳад дошт.

Оқои Лавров гуфт таҳрими Русия "ба шакле иҷтинобнопазир барои худи Омрико натиҷаи баръакс хоҳад дошт."

Вазорати умури хориҷаи Омрико гуфтааст, ки оқои Керӣ дар ин муколимаи телефунӣ бар аҳаммияти як роҳи ҳалли диплумотик ва созанда, ки таъминкунандаи манофеъи мардуми Укройн, Русия ва ҷомеъаи байналмилалӣ бошад, таъкид кард.

Ба гуфтаи вазорати умури хориҷаи Омрико, машваратҳои ду кишвар дар ин маврид идома хоҳад дошт.

Пештар низ Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, ва Влодимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, дар тамосе телефунӣ дар бораи буҳрони Укройн гуфтугӯ карданд.

Оқои Убомо дар ин тамоси телефунӣ, ки як соъат тӯл кашид, ҳузури нерӯҳои низомии Русия дар Криме ва тарҳи ҳамапурсӣ барои илҳоқи ин шибҳиҷазира ба Русияро найзи ҳокимияти миллии Укройн ва якпорчагии ҷуғрофиёии ин кишвар донист ва бар роҳи ҳалли диплумотик дар ин бора таъкид кард.

Омрико акнун мегӯяд 20 ҳазор нерӯи Русия дар Криме мустақар ҳастанд.

Мардони мусаллаҳ рӯзи ҷумъа ба муддати кӯтоҳе як пойгоҳи дифоъи мушакии Укройнро муҳосира карданд.

Ҷон Симпсун, аз хабарнигорони аршади Би-би-сӣ дар шибҳиҷазираи Криме, мегӯяд ҷавви хушунат ва таҳдид ба шакле фазоянда дар минтақа эҳсос мешавад.

Дар пайи барканории Виктур Ёнукувич, раиси ҷумҳурии собиқи Укройн, ва рӯйи кор омадани як давлати ҷадид, нерӯҳои тарафдор ё таҳти кунтрули Русия аз як ҳафта пеш кунтрули Кримеро дар даст гирифтанд.

Оқои Ёнукувич пас аз эътирозоти мардумӣ ва даргириҳои маргбор миёни нерӯҳои амниятии давлати ӯ ва муътаризон ба Русия гурехт.

Порлумони Криме рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки якшанбеи ҳафтаи оянда (16 март) ҳамапурсие баргузор мекунад, ки дар он дар бораи пайвастани Криме ба Русия ё ин ки бахше аз Укройн боқӣ бимонад, тасмимгирӣ хоҳад шуд.

Порлумони Русия ваъда дода, ки агар Криме бихоҳад бахше аз ин кишвар бошад, аз он ҳимоят кунад.

Шибҳиҷазираи Криме як ҷумҳурии худмухтор дар Укройн аст. Дар соли 1954 ҳукумати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ба раҳбарии Никито Хрушчеф, ки худ укройнӣ буд, шибҳиҷазираи Кримеро ба Укройн ҳадя дод.

Пас аз истиқлоли Укройн дар соли 1991 Бурис Елтсин, раиси ҷумҳурии вақти Русия, мувофиқат кард, ки шибҳиҷазираи Криме ба унвони бахше аз хоки Укройн боқӣ бимонад ва новгони дарёи Сиёҳи нерӯи дарёии Русия низ ба сурати иҷора аз бандари Севоступул истифода кунад.

Матолиби муртабит