Гуфтугӯйи яксоъатаи Убомо ва Путин бар сари Укройн

  • 7 Март, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Русия, Кримеро дар соли 1783 ишғол кард, вале дар соли 1954 Маскав ин минтақаро ба Укройн вогузор кард

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, ҳамзамон бо тарҳи ҳамапурсии илҳоқи Криме ба Русия бо Владимир Путин телефунӣ гуфтугӯ карда ва роҳкорҳои пешниҳодии Кохи Сафед барои ҳалли буҳрони Укройнро бо раиси ҷумҳурии Русия матраҳ кардааст.

Дар ин гуфтугӯи телефунӣ, ки дар баёнияи Кохи Сафед эълом шуда, як соъат ба тӯл кашидааст, оқои Убомо ба ҳамтои русӣ ёдовар шуда иқдомоти Маскав дар нимҷазираи Криме нақзи истиқлол ва якпорчагии Укройн аст ва ҳамин мавзӯъ боъис шуда Омрико ҳангоми бо муттаҳидони урупоиаш дар баробари он иқдом кунад.

Оқои Убомо ҳамчунин ба Владимир Путин гуфтааст, ки барои поён бахшидан ба буҳрони Укройн бояд роҳи ҳалле диплумотик ёфт, ки битавонад манофеъи мардуми Укройн, аз ҷумла рустаборҳои ин кишвар ва ҳамзамон манофеъи Русия ва ҷомеъаи байналмилалиро ҳам таъмин кунад.

Раиси ҷумҳурии Омрико дар ин тамоси телефунӣ пешниҳод кардааст, ки давлатҳои Укройн ва Русия дар музокироте, ки тавассути нозирони байналмилалӣ тасҳил мешавад рӯ дар рӯ гуфтугӯ кунанд, то мутмаъин шаванд ҳуқуқи ҳама мардуми Укройн, аз ҷумла рустаборҳо, риъоят мешавад; нерӯҳои низомии Русия ба пойгоҳҳои худ бозгардад ва ҷомеъаи байналмилалӣ аз мардуми Укройн, ки қарор аст дар моҳи май дар интихобот ширкат кунанд, ҳимоят кунад.

Вай ҳамчунин таъкид карда Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, дар рӯзҳои ояндаи музокирот бо Сергей Лавров, ҳамтои русии худро идома хоҳад дод ва пайгири муҳаққақ шудани ин роҳкорҳо хоҳад шуд.

Дар баробари ин Кремлин ҳам дар баёнияе эълом кард, ки Владимир Путин, дар ин гуфтугӯи телефунӣ бо оқои Убомо гуфта равобити Маскав ва Вошингтун барои ҳифзи суботи амният дар ҷаҳон муҳим аст ва "набояд қурбонии ихтилофи назари афрод бар сари Укройн шавад."

Раиси ҷумҳурии Русия таъкид кардааст давлате, ки дар Укройн рӯи кор омада, ҳосили "кудетое муғойир бо Қонуни асосӣ" аст ва мардуми шарқу ҷануби шарқӣ (Укройн) ва ҳамчунин Криме бо он мувофиқ нестанд.

Рӯҳзи панҷшанбеи шашуми март порлумони маҳаллии Криме, ки ба сурати худмухтор идора мешавад, раъй ба баргузории ҳамапурсӣ барои пайвастани ин нимҷазира ба Русия додааст.

Иқдоме, ки давлати муваққати Укройн рӯзи панҷшанбе фавран онро ғайриқонунӣ хонд ва аз Русия хост аз ҷудоиталабон дар Криме пуштибонӣ накунад ва нерӯҳои низомии худро ба пойгоҳҳояшон фаро хонд.

Ҳамсӯ бо давлати муваққати Укройн, кишварҳои ғарбӣ ҳам тарҳи ҳамапурсӣ ва илҳоқи нимҷазираи Криме ба Русияро ғайриқонунӣ хонданд.

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, тарҳи ҳамапурсии Кримеро "ноқизи қавонини байналмилалӣ" дониста ва гуфтааст давлати Укройн бояд дар ҳар тасмиме дар бораи Криме мушорикат дошта бошад.

Матолиби муртабит