Янукович: Ман раиси ҷумҳурии қонунии Укройн ҳастам ва базудӣ бармегардам

  • 11 Март, 2014
Виктор ЯнуковичImage copyrightAP
Image caption Оқои Янукович дар нутқи худ ба Ғарб ва Омрико ҳамла кард

Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии барканоршудаи Укройн, ки ба Русия гурехта, имрӯз дар нутқе, ки аз телевизиюни Русия пахш шуд, таъкид кард, ки худро раиси ҷумҳури машруъи Укройн медонад.

Раиси ҷумҳурии барканоршудаи Укройн давлати Укройнро номашруъ донист ва онҳоро миллигарои тундрав ва неуфошист номид.

Оқои Янукович, ки аз Ростов на Дону, шаҳре дар ҷануби Русия дар ҳошияи рӯди Дун сухан мегуфт, барои аввалин бор аз нуҳуми исфанд (28 феврал) дар анзори умумӣ зоҳир мешуд.

Дар он рӯз оқои Янукович пас аз се моҳи тазоҳуроти мухолифон ва нооромӣ дар Укройн ин кишварро тарк кард, аммо дар нутқе тӯлонӣ эълом кард, ки ҳануз зимоми умурро дар даст дорад.

Аммо порлумони Укройн ӯро аз қудрат халъ кард ва раиси порлумон Александр Турчинов, ба унвони раиси ҷумҳури муваққат қудратро ба даст гирифт.

Раиси ҷумҳури собиқи Укройн гуфт аз ин кишвар фирор накарда ва маҷбур шуда барои ҳифзи ҷони худ аз дасти тундравон дар Русия паноҳ бигирад: "Ман мутмаинам замоне ки авзоъ беҳтар шавад, ки хеле дер нахоҳад буд, бидуни шак ба Киев бархоҳам гашт."

Ӯ таъкид кард, ки ман қудратро пеш аз поёни давраи раёсати ҷумҳуриам ба касе таҳвил надодаам, "ҳанӯз зинда ҳастам ва бар асоси қонуни асосии Укройн ҳам истизоҳ нашудаам."

Ӯ афзуд: "Ман ҳам танҳо раиси ҷумҳур ва ҳам танҳо фармондеҳи кулли қувои машруъи Укройн ҳастам."

Оқои Янукович давлати ҷадиди Укройнро "кудаточӣ" ва "дорудастаи" ифротиҳои миллигаро номид ва гуфт дер ё зуд ин афрод ба сазои аъмоли худ хоҳанд расид.

Раиси ҷумҳури собиқи Укройн дар ин нутқи ҳафтдақиқаӣ ба забони рӯсӣ интихоботи раёсати ҷумҳурии чаҳоруми хурдод (25 май)-и Укройнро "ғайриқонунӣ ва номашруъ" хонд ва гуфт давлати ҷадид "масъули дард ва ранҷи миллат аст."

Ӯ ҳамчунин ба ҳамапурсии Криме, ки якшанбеи оянда барои пайвастан ба Русия баргузор мешавад, ишора кард ва давлати ҷадиди Укройнро масъули он донист: "Аъмоли шумо боъис шуд Криме дархости ҷудоӣ кунад, мардуми ҷануб ва шарқ ҳатто бо вуҷуди инки мусалсалҳо ба самташ гирифта шуда, мехоҳанд иззати худро ҳифз кунанд."

Image copyrightGetty Images
Image caption Таблиғот барои ҳамапурсии Криме дар Симферупул

Раиси ҷумҳури собиқи Укройн гуфт давлати ҷадид мардумро фиреб дода ва барои онҳо рӯзгори сахте рақам зада, аммо миллат дар ниҳоят "қиём хоҳад кард ва мутаҳид хоҳад шуд."

Бунбасти сиёсӣ

Дар ҳамин ҳол бунбасти диплумотики байни Русия ва Ғарб ҳамчунон идома дорад.

Дирӯз Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия гуфт, пешниҳоди Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико барои ҳалли буҳрон "номуносиб" аст чун ин пешниҳод шароитеро, ки ба далели "кудето" дар Укройн эҷод шуда, ба унвонии омили буҳрон дар назар гирифтааст.

Кохи Сафед дар посух гуфт Русия ба пурсишҳое, ки Ҷон Керрӣ ҳафтаи гузаштаи пеши рӯйи оқои Лавров гузошт ҳанӯз посухи расмӣ надода, аз ҷумла ин ки оё Русия ҳозир ба дидор бо мақомоти давлати ҷадиди Укройн ҳаст ё на.

Ҷен Псокӣ, сухангӯи Кохи Сафед гуфт Вошингтун мехоҳад Русия бо далоили маҳкаме нишон диҳад, ки ҳозир аст роҳи ҳали диплумотики Омрикоро барои тасҳили музокира бо давлати ҷадиди Укройн бипазирад.

Дар ин ҳол Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико ҳам гуфтааст дахолати низомии Русия дар шибҳҷазираи Криме диплумосиро бисёр душвор кардааст.

Омрико мегӯяд агар ҳамапурсии Криме баргузор шавад, дигар ҷое барои музокира боқӣ намемонад ва Ғарб чорае ҷуз эъмоли таҳрим алайҳи Русия нахоҳад дошт.

Бо бенатиҷа мондани талошҳои диплумотик мақомоти кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо ва Омрико имрӯз дар Ландан дидор мекунанд, то вазъи таҳримҳои шадид алайҳи Русияро баррасӣ кунанд.

Ба гуфтаи Лурон Фобиюс, вазири хориҷаи Фаронса эъмоли таҳримро метавон аз ҳамин ҳафтаи оянда оғоз кард.

Иттиҳодияи Урупо ва Омрико ҳам дахолати низомии Русия дар Укройн, ҳам ҳамапурсии Кримеро ғайриқонунӣ хондаанд.

Матолиби муртабит