Вазири хориҷаи Омрико гуфтугӯ бо Путин бар сари Укройнро бефоида хонд
Image copyrightReutersВазири умури хориҷаи Омрико аз мулоқот бо раиси ҷумҳурии Русия барои гуфтугӯ дар мавриди буҳрони Укройн худдорӣ карда ва чунин мулоқотеро дар шароити кунунӣ бефоида донист.
Мақомоти омрикоӣ гуфтаанд, ки Ҷон Керрӣ, вазири хориҷа, барномаи мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русияро лағв карда ва гуфтааст то замоне ки давлати Русия ҳамчунон дар садади баргузории ҳамапурсии илҳоқи нимҷазираи Криме ба хоки худ бошад, анҷоми музокира "бисёр душвор" хоҳад буд.
Ҷумҳурии Худгардони Криме, ки аксари сокинони онро рустаборон ташкил медиҳанд, бахше аз хоки Укройн аст, аммо ҳафтаи гузашта дар ҳоле ки афроди мусаллаҳи ҳомии Русия бар манотиқи ҳассоси ин минтақа мусаллат буданд, порлумони маҳаллӣ расман хостори инзимоми ин сарзамин ба Русия шуд ва қарор аст рӯзи якшанбеи оянда дар Криме ҳамапурсии илҳоқ ба Русия баргузор шавад.
Давлати Укройн ва кишварҳои ғарбӣ гуфтаанд, ки иқдоми як кишвари хориҷӣ дар баргузории ҳамапурсӣ барои таҷзияи як кишвари дигар ғайриқонунӣ аст ва аз Русия хостаанд ба дахолати низомӣ дар Криме хотима диҳад. бар асоси Қонуни асосии Укройн, тамомии шаҳрвандон бояд дар ҳамапурсӣ барои ҳар гуна тағйир дар сохтори сиёсии кишварашон ширкат кунанд.
Дидори оқоён Путин ва Керрӣ дар сурате, ки анҷом мешуд, нахустин мулоқоти мустақими байни як мақоми омрикоӣ ва раиси ҷумҳурии Русия аз замони тасаллути низомии Русия бар Криме буд.
Телевизиюни Русия ҳам гузоришеро аз дидори Сергей Лавров, вазири хориҷа, бо Владимир Путин пахш кард, ки дар он оқои Лавров ба огоҳии раиси ҷумҳурии Русия мерасонд, ки аз вазири хориҷаи Омрико барои сафар ба Маскав ва гуфтугӯ перомуни буҳрони Укройн даъват ба амал оварда буд ва агарчи омрикоиён ин даъватро напазируфта буданд, аммо баъдан "хостори таъвиқи" ин дидор шуданд.
Сергей Лавров афзуд, ки оқои Керрӣ дар мулоқот бо ӯ дар Рум дар чанд рӯзи пеш тарҳеро барои ҳалли буҳрони Укройн ироа дода буд, ки "ба далели хостҳои ғайриқобили қабул, аз ҷумла шиносоии давлати ҷадиди Укройн аз сӯйи Русия қобили музокира набуд." Мақомоти русӣ аз шиносоии давлати муваққати Укройн худдорӣ карда ва ҳамчунон Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳури махлуъи Укройнро ҳокими ин кишвар медонанд.
