Рӯҳонӣ ва Путин дар бораи музокироти ҳастаӣ ва буҳрони Укройн гуфтугӯ карданд

  • 14 Март, 2014
Image copyrightAP
Image caption Ба гузориши манобеъи хабарии Эрон тавофуқи Бишкек аз меҳварҳои аслии гуфтугӯи Путин бо Рӯҳонӣ буд

Раисони ҷумҳурии Русия ва Эрон дар бораи авзоъи Укройн ва музокироти ҳастаии Эрон гуфтугӯ кардаанд.

Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раёсати ҷумҳурии Эрон, дар хабаре перомуни гуфтгӯи телефунии Ҳасани Рӯҳонӣ ва Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Эрон ва Русия, ки шомгоҳи гузашта сурат гирифт, гуфтааст, ки ин гуфтугӯ "дар ростои пайгирӣ ва иҷрои тавофуқоти Бишкек" ба амал омад ва ду тараф ба табодули назар дар бораи масоили муҳимми минтақаӣ ва байналмилалӣ пардохтанд.

Дар меҳрмоҳи соли ҷорӣ Ҳасани Рӯҳонӣ ва Владимир Путин дар ҳошияи иҷлоси сарон ва раҳбарони кишварҳои гурӯҳи Шонгҳой дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, мулоқот карданд ва гуфта шуд, ки як ришта таофуқот дар заминаи ҳамкориҳои низомӣ ва ҳастаӣ байни ду кишвар ба даст омад ва зоҳиран оқои Рӯҳонӣ дар гуфтугӯ бо оқои Путин иҷроӣ шудани ин тавофуқҳоро матраҳ кардааст.

Ба гузориши дафтари раиси ҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ бо таъкид бар густариши равобити ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо хостори таҳаррук бахшидан гомҳое дар ростои иҷроӣ шудани тавофуқоти Бишкек шуд ва гуфт: "Бояд тамҳидоте иттихоз шавад, ки ҳар чи сареътар аз марҳилаи иҷрои тавофуқоти Бишкек убур карда ва ба марҳилаи иқдомоти муҳимтар дар равобити ду кишвар бирасем."

Дар мавриди музокироти ҳастаии Эрон ва Гурӯҳи 5+1, ки Русия низ узве аз он аст, оқои Рӯҳонӣ гуфт, ки ду тараф "дар марҳилаи муҳимме барои расидан ба музокироти ниҳоӣ қарор доранд." Вай нақши Русия дар ин музокиротро мусбат донист ва гуфт, ки умедвор аст "соири аъзои музокиракунанда ҳам бо таъомули созанда ва амали дақиқ ба таъаҳҳудоти худ ба ҳалли сареътари масъала кумак кунанд."

Бар асоси ин гузориш, оқои Путин низ аз тасреъ дар иҷрои тавофуқоти ду кившар истиқбол кард ва гуфт барои тавсиъаи ҳамкории иқтисодии ду кишвар ҳам талош хоҳад кард.

Image copyrightReuters
Image caption Эрон аз мавзеъгирии сареҳ дар қиболи буҳрони Криме худдорӣ варзидааст

Вай рӯйкарди Эрон дар музокироти ҳастаиро мусбат донист ва аз оқои Рӯҳонӣ барои ширкат дар сарони кишварҳои ҳошияи Хазар, ки қарор аст дар пойизи соли оянда дар Осторхони Русия баргузор шавад, ба амал оварад. Дафтари раиси ҷумҳурии Эрон афзудааст, ки дар ин гуфтугӯи телефунӣ ду тараф дар мавриди охирин таҳаввулоти минтақа ва масоили марбут ба Укройн ва натоиҷи байналмилалии он табодули назар карданд.

Дафтари раиси ҷумҳурии Русия ҳам бо интишори як иттилоъияи хабарӣ гуфтааст, ки оқои Путин дар гуфтугӯи телефунӣ бо Ҳасани Рӯҳонӣ аз "рӯйкарди мусбати Эрон дар музокира бо шаш қудрати ҷаҳонӣ тақдир кардааст." Дар ин иттилоъия омадааст, ки ду тараф дар мавриди буҳрони Укройн низ гуфтугӯ карданд ва раиси ҷумҳурии Русия таъкид варзид, ки "ҳар навъ роҳи ҳалле барои буҳрони Укройн бояд манофеъ ва иродаи мардуми тамомии ин кишварро дар назар бигирад."

Бо вуҷуди равобити наздики Эрон бо Русия ва иттакои Ҷумҳурии Исломӣ ба он кишвар барои муқобала бо мавозеъи кишварҳои ғарбӣ дар маҷомеъи байналмилалӣ, дар ҷараёни буҳрони Укройн, давлати Эрон умдатан мавзеъе ғайрифаъъол иттихоз карда ва аз ибрози ҳимояти сареҳ аз яке аз ду тараф худдорӣ варзидааст.

Даври баъди музокирот бо 5+1

Қарор аст даври баъдии музокироти Эрон ва гурӯҳи 5+1 рӯзи 18 март дар Виен оғоз шавад ва дар рӯзҳои ахир Аббоси Ароқчӣ, муъовини вазорати хориҷа ва сарпрасти музокироти ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ, музокиротеро бо мақомоти русӣ ва чинӣ анҷом додааст.

Оқои Ароқчӣ рӯзи чаҳоршанбе дар Маскав бо Сергей Рябков, муъовини вазири хориҷаи Русия, дар мавриди музокироти ҳафтаи оянда гуфтугӯ кард ва рӯзи панҷшанбе барои дидор бо мақомоти чинӣ озими Пекан шуд.

Image copyrightAFP
Image caption Ароқчӣ дар бораи музокироти ҳастаӣ ва "бархе дағдағаҳо" дар мавриди Укройн бо мақомоти русӣ гуфтугӯ кард

Вай дар бораи ин сафарҳо ба хабаргузории давлатии Эрон гуфт "пеш аз музокироти отии Виен эҳсос шуд зарурат дорад баҳсҳои наздиктаре бо дӯстон дар Маскав ва Пекан анҷом шавад, ки ин сафарҳо тарроҳӣ шуд." Оқои Ароқчӣ дар мавриди дастури кори музокироти Виен низ гуфт: "Мубоҳисоти иқтисодӣ дар ин музокирот сирфан дар чаҳорчӯби масоили ҳастаӣ, аз ҷумла рафъи таҳримҳои нафтӣ ва бонкӣ матраҳ хоҳад шуд ва вориди мавзӯъоти дигар нахоҳем шуд."

Муъовини вазири хориҷаи Эрон афзуд, ки дар дидор бо муъовини вазорати хориҷаи Русия, дар мавриди буҳрони Укройн низ гуфтугӯ шуд ва афзуд: "Вазъият дар Укройн сиёл аст ва масъулони Русия тавзеҳотеро дар бораи мавзӯъоти шабонарӯзи нимҷазираи худмухтори Криме ва вазъияти Укройн ироа карданд ва бархе дағдағаҳо низ матраҳ шуд."

Аббос Ироқчӣ рӯзи панҷшанбе барои гуфтугӯ дар мавриди музокироти ҳастаӣ бо мақомоти чинӣ дар Пекан мулоқот кард.

Ба гузориши манобеъи хабарӣ фаъъолияти Эрон дар заминаи ғанисозии урониюм ва абъоди он ва ҳамчунин тарҳи сохти реоктури оби сангини Арок ва нигаронии бархе аъзои Гурӯҳи 5+1 дар ин заминаҳо аз масоили аслӣ дар гуфтугӯҳои оқои Ароқчӣ бо мақомоти русӣ ва чинӣ будааст.

Дар муқоиса бо аъзои ғарбии Гурӯҳи 5+1, ду кишвари Русия ва Чин маъмулан нармиши бештаре дар бархӯрд бо барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ аз худ нишон додаанд, ҳарчанд ин ду кишвар низ аз Эрон хостаанд дар ҷиҳати рафъи нигаронии байналмилалӣ дар мавриди барномаҳои ҳастаии худ иқдом кунад ва ба қатъномаҳои Шӯрои Амният дар таҳрими Эрон низ раъйи мусбат додаанд.

Матолиби муртабит