Рӯҳонӣ дар ҷамъи суфарои хориҷӣ: Омодаи барқарории равобити беҳтар бо дунё ҳастем

  • 11 Феврал, 2014
Image copyrightpresident.ir
Image caption Ҳасани Рӯҳонӣ аз суфарои хориҷӣ хоста паёмрасони ҳусни нияти Эрон бошанд

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, бо суханронӣ дар ҷамъи суфаро ва намояндагони сиёсии 130 кишвар, ки муқими Теҳрон ҳастанд, гуфт, ки кишвараш "омодаи равобите созандатар ва беҳтар бо ҳама кишварҳост."

Оқои Рӯҳонӣ бо дифоъ аз сиёсати хориҷӣ ва барномаҳои атумии Эрон афзуд, ки кишвараш омода аст дарҳои худро бар рӯйи Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ боз бигузорад.

Ӯ аз иҷрои тавофуқи атумии шашмоҳа миёни Эрон ва Гурӯҳи 5+1 мавсум ба "Тавофуқи Женев" ибрози хурсандӣ карда ва гуфта Эрон барои оғози музокирот бо ҳадафи расидан ба "тавофуқи аслӣ", ки ҳафтаи оянда дар Виен, пойтахти Утриш, оғоз мешавад, омода аст.

Суханронии раиси ҷумҳурии Эрон дар маҷмуъаи Саъдобод дар шимоли Теҳрон анҷом шудааст. Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷа, Маҷид Тахтиравончӣ, муъовини умури Урупо ва Омрикои вазорати умури хориҷа ва Ҳисомуддини Ошно, мушовири фарҳангии раиси ҷумҳур, оқои Рӯҳониро дар ин маросим ҳамроҳӣ мекардаанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ таъкид карда, ки муътақид аст Эрон ин зарфиятро дорад, ки то се даҳаи оянда ҷузви 10 кившари аввали иқтисодии дунё бошад.

Ӯ афзудааст: "Хушбахтона алорағми нидои мухолифати баъзеҳо дар ҳоли ҳозир бо бархе кишварҳои бузурги байналмилалӣ дар ҳоли ҳамкорӣ ҳастем, ки осори онро баъдан хоҳед дид ва шунид."

Раиси ҷумҳури Эрон аз сафирон ва намояндагони кишварҳо дар Теҳрон хоста "паёми ҳусни ният ва иродаи миллати Эронро барои робитаи наздик бо ҳамаи кишварҳо ва давлатҳо" ба кишварҳояшон мунтақил кунанд."

Матолиби муртабит