Рӯҳонӣ: Тавлиди силоҳи куштори ҷамъӣ таъминкунандаи манофеъи мо нест

  • 16 Декабр, 2013
Рӯҳонӣ
Image caption Рӯҳонӣ: Пажӯҳиш бояд ба беҳбуди кайфияти илм биянҷомад

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, амри пажӯҳишро "муқаддас ва сарнавиштсоз" тавсиф кард, аммо гуфт, ки пажӯҳиш дар заминаи силоҳҳои куштори ҷамъӣ манофеъи миллии Эронро таъмин намекунад ва дар дуктрини дифоъии ин кишвар ҷое надорад.

Оқои Рӯҳонӣ рӯзи душанбеи 23 озар (16 декабр) дар чаҳордаҳумин ҳамоиши таҷлил аз пажӯҳишгарони Эрон гуфт, ки тавлиди силоҳҳои куштори ҷамъӣ "хилофи фатвои" Оятуллоҳ Хоминаӣ, раҳбари Эрон, ва "ҳаром" аст.

Вай афзуд, ки Эрон "аз назари ақлонӣ ва манофеъи миллӣ" ба дунболи силоҳи куштори ҷамъӣ нест.

Раисҷумҳури Эрон бо ишора ба замонбар будани таҳқиқот гуфт: "Аз соли 1367, ки аввалин бор буд як сонтрифужро медидем, ҳамаи талоши мо ин буд, ки чи тур онро купӣ кунем, имрӯз 25 сол аз он замон тӯл кашида, ин таҳқиқ ва пажӯҳиш ва фанноварӣ қадам ба қадам пеш рафта ва имрӯз ба ҷое расидем, ки шояд рӯзи аввал барои мо боваркарданӣ набуд."

"Имрӯз мо кишваре ҳастем дар заминаи фанноварии ҳастаӣ ва дар ғанисозии урониюм ба нуқтае расидем, ки раисҷумҳури Омрико басароҳат мегӯяд гирифтани фанноварии ҳастаӣ аз мардуми Эрон имконнопазир аст ва шуданӣ нест, ин ифтихори бузурге барои кишвар аст."

Ниёзҳои пажӯҳишӣ

Раиси ҷумҳурии Эрон гуфт, ки халлоқият танҳо дар сояи озодӣ имконпазир хоҳад шуд.

"Пажӯҳиш хабарсоз нест, аммо сарнавиштсоз аст ва давлати посухгӯ ночор аст барои нокоромадияш ба мардум посух бидиҳад ва барои коромад кардани худ роҳе ҷуз пажӯҳиш намешиносад."

Раисҷумҳури Эрон пажӯҳишро "муқаддас" хонд ва гуфт пажӯҳиш ниёзманди бурдбории ҷомеъа аст ва "маҳсули он низ бояд мавриди эҳтиром бошад."

Оқои Рӯҳонӣ аз пажӯҳишгарони Эрон хост, то дар ҷустуҷӯйи "фанноварии масрафи ками об, бавижа дар бахши кишоварзӣ" бошанд, чиро ки тарози (рейтинги) обии кишвар башиддат манфӣ аст.

Ӯ муҳити зистро ҳам ниёзманди таваҷҷуҳи вижа донист ва гуфт: "Бояд пажӯҳишҳое анҷом диҳем, ки мунҷар ба коҳиши олудагиҳо шавад."

"Резгардҳо имрӯз мушкили мо аст ва аз ин мисолҳо садҳо мисоли дигар вуҷуд дорад, ки ниёзманди фанноварӣ аст."

Бо ин ҳол, оқои Рӯҳонӣ ба мушкилоти бахши пажӯҳиш ҳам ишора кард ва онро ниёзманди "назорат" донист. Ӯ гуфт, ки дар ин бахш "ронт" (сарвати бодовард ва инҳисорӣ) вуҷуд дошта, ки бояд аз байн бурда шавад: "Аз ин ки дар гӯшае бибинам бархе аз таҳқиқот барои як гурӯҳи хос анҷом мешавад, хушҳол намешавам."

Ӯ ҳамчунин бо интиқод аз адами пайгирии комили пажӯҳишҳо гуфт: "Мо дарвоқеъ, дар таҳқиқҳо низ пружеҳо (проектҳо)-ро захмӣ ва раҳо мекунем, дар ҳоле ки дар ин замина бояд авлавиятбандӣ карда ва ниёзҳои фавриро дар дустури кор қарор диҳем."

Лоиҳаи будҷеи соли 1393 (соли ояндаи хуршедӣ), ки оқои Рӯҳонӣ ба маҷлис ироа карда, дар кумисиюни будҷе дар дасти баррасӣ аст, аммо ба гуфтаи Ваҳиди Аҳмадӣ, муъовини пажӯҳишии вазорати улуми Эрон, "бисёре аз арқоми будҷеи пажӯҳишии соли оянда тағйир наёфтааст."

Оқои Аҳмадӣ рӯзи душанбе дар ин бора гуфт ним дарсад аз 14,5 дарсади эътибороти арзии вазорати нафт, ки муъодили 500 милюн дулор аст, дар будҷеи соли 93 лиҳоз нашудааст.

Би илова, солона 100 то 500 милёрд тумон ба тарҳҳои калон бояд кумак шавад, дар ҳоле ки "дар будҷеи соли 93 низ барои тарҳҳои калон 46 милёрд тумон будҷе дар назар гирифта шудааст.

Ба гуфтаи оқои Аҳмадӣ тахсиси "як то се дарсади будҷеи дастгоҳҳои иҷроӣ" ба пажӯҳиш дар будҷеи соли 1393 дар назар гирифта нашуда ва вазорати улум пайгири бозгашти он ба ин будҷе аст.

Аммо Ризо Фараҷии Доно, вазири улум, ин мавзӯъро рад кард ва гуфт "баҳси як то седарсадӣ" ҳазф нашуда ва ҳукми барномаи панҷум аст, аммо назари маҷлис ин буд, ки "ба сурати шаклӣ дар табсира (эзоҳ) ва қоъида оварда шавад."

Вазири улум гуфт, ки дар интиҳои соли севуми барномаи панҷум саҳми пажӯҳиш дар хушбинонатарин ҳолат панҷ даҳум дарсади тавлиди нохолиси миллӣ аст.

Матолиби муртабит