Ҳасани Рӯҳонӣ мехоҳад "зарфи се моҳ" ба тавофуқи ҳастаӣ бирасад

  • 26 Сентябр, 2013

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, дар мусоҳиба бо як рӯзномаи омрикоӣ гуфтааст, ки бино дорад зарфи се моҳ ба як тавофуқи ҳастаӣ бо Ғарб даст пайдо кунад.

Ин изҳорот соъоте пеш аз нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои 5+1 дар Ню-Йурк матраҳ мешавад.

Дар ин нишаст қарор аст Муҳаммадҷаввод Зариф ва Ҷон Керрӣ, вузарои хориҷаи Эрон ва Омрико, барои нахустин бор дар бораи Эрон бо якдигар музокира кунанд.

Оқои Рӯҳонӣ дар мусоҳиба бо рӯзномаи Вошингтун пуст гуфтааст: "Танҳо роҳи гом бардоштан ба самти ҳалли ин парванда ин аст, ки замонбандӣ ба музокира изофа шавад ва музокирот ҳам кӯтоҳ бошад."

Раиси ҷумҳурии Эрон барои ҳузур дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва дидорҳои диплумотик дар ҳошияи он ба Ню-йурк рафта ва дар рӯзҳои гузашта дидорҳо ва мусоҳибаҳое бо расонаҳои умдаи омрикоӣ доштааст.

Ба гузориши Вошингтун пуст Ҳасани Рӯҳонӣ дар бораи замони дастёбӣ ба як тавофуқи ҳастаӣ бо кишварҳои 5+1 ба ин рӯзнома гуфтааст: "Ҳар чи зудтар ба ин тавофуқ бирасем, барои ҳама беҳтар аст. Агар бишавад семоҳа ба ин натиҷа расид, ки ин тарҷеҳи Эрон аст. Аммо шаш моҳ ҳам хуб аст. Ба ҳар ҳол ҳарф ҳамин чанд моҳи оянда аст; на чанд сол,"

Ба навиштаи ин рӯзнома, Ҳасани Рӯҳонӣ бори дигар таъкид карда, ки "қудрати комил" дорад, то музокироти ҳастаиро ба натиҷа бирасонад.

Тибқи ин гузориш, гузоришҳои иттилоъотии давлатҳои ғарбӣ низ ин гуна гуфтаҳои оқои Рӯҳониро таъйид кардаанд.

Вошингтун пуст навиштааст таҳлилгарон мегӯянд Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, аз мавҷи фарогири ҳимоят аз сиёсатҳои миёнаравонаи ӯ ғофилгир шуда ва ба ӯ фурсат додааст, ки бо Ғарб ба тавофуқ бирасад."

"Омода барои шаффофсозӣ"

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин мусоҳиба гуфта, ки омода аст иқдомоте барои шаффоф кардани фаъъолиятҳои ҳастаии Эрон ва таъйиди ин ки Теҳрон намехоҳад силоҳи ҳастаӣ бисозад, сурат бидиҳад.

Ӯ дар бораи ин ки ин иқдомот чи метавонад бошад, ба солҳои 2003 то 2005 ишора карда, ки худ музокиракунандаи аршади атумии Эрон буд.

Оқои Рӯҳонӣ ёдоварӣ кардааст, ки дар он замон Теҳрон прутукулҳои илҳоқии Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ ва ҳамчунин бозрасиҳои Ожонси Ҳастаӣ барои арзёбии "абъоди эҳтимолан низомӣ" фаъъолиятҳои Эронро пазируфт.

Ин рӯзномаи омрикоӣ навиштааст, ки раиси ҷқмҳурии Эрон тасреҳ накарда, ки барои тавофуқи ҳастаӣ Теҳрон ба чи сатҳе аз ғанисозӣ ризоят медиҳад.

Вошингтун пуст аз қавли "як манбаъи муътабари эронӣ" навиштааст, ки ин ҳафта гуфтаи оқои Рӯҳонӣ мумкин аст ғанисозии 5 дарсадӣ ва маҳдуд кардани захираҳои ғанишударо ба унвони сақфи фаъъолиятҳои Эрон бипазирад.

Гоми авал: Ҳастаӣ

Ҳасани Рӯҳонӣ гуфтааст агар пешшарте барои ҳузури Эрон набошад, Теҳрон мехоҳад дар музокироти Женев дар оянда дар бораи буҳрони Сурия ҳузур дошта бошад.

Ӯ ҳамчунин бори дигар гуфтааст, ки дар бораи ҳукумати ояндаи Сурия мардуми ин кишвар бояд пои сандуқи раъй дар ин бора тасмим бигиранд.

Раиси ҷумҳурии Эрон ҳамчунин гуфтааст, ки пас аз ҳаллу фасли парвандаи ҳастаӣ, Теҳрон ва Вошингтун метавонанд ба масоили дигаре барои оддисозии равобити худ бипардозанд.

Дар ду ҳафтаи ахир Эрон ва Омрико мавзеъгириҳои мусолиматҷӯёнатаре ба гузашта дар пеш гирифтаанд.

Борок Убомо дар нутқи худ дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки ҳал шудани парвандаи ҳастаии Эрон метавонад гоми аввали ҳалли мушкилоти байни ду кишвар бошад.

Пас аз ӯ Ҳасани Рӯҳонӣ ҳам дар нутқи худ таъкид кард, ки Теҳрон омодаи "мудирият кардани" ихтилофоти худ бо Вошингтун аст.

Ҳафтаи гузашта Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон, дар мулоқот бо фармондеҳони Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ аз "ҳаракатҳои саҳеҳи диплумотик" истиқбол кард ва гуфт ба "нармиши қаҳрамонона" муътақид аст.

Пеш аз Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон низ дар ҷамъи фармондеҳони Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, хоста буд, ки ба давлат иҷоза дода шавад дар фазои бозтаре сиёсати хориҷии Эронро пеш бибарад.

Матолиби муртабит