Вокуниши манфии Исроил ба суханони Ҳасани Рӯҳонӣ

Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, бо интиқоди шадид аз суханронии Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, онро нишонае аз дурӯии ин кишвар хонд. Се сенотури муассири ҷумҳурихоҳ дар Омрико ҳам дар бораи таъомули Эрон ва Омрико мавзеъи мушобеҳе гирифтаанд.
Ба гуфтаи оқои Нетонёҳу, Эрон саъй дорад бо вақткушӣ барномаи атумии худро тавсиъа диҳад.
Оқои Нетонёҳу дар баёнияе, ки дақоиқе пас аз суханронии Ҳасани Рӯҳонӣ дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милал мунташир шуд, навишт: "Ин як суханронии айбҷӯёна ва мамлу аз дурӯӣ буд."
Ба гуфтаи нахуствазири Исроил, "дар ин суханронӣ ҳеҷ пешниҳоде амалӣ барои таваққуфи барномаи ҳастаии низомии Эрон матраҳ нашуд ва таъаҳҳуде барои иҷрои тасмимоти Шӯрои Амният матраҳ нашуд. Ин дақиқан барномаи Эрон аст, ки бо ҳаррофӣ барои пешбурди тавоноии дастёбӣ ба таслиҳоти атумӣ замон бихарад."
Пас аз ин суханронӣ се сенотури муассири ҷумҳурихоҳи Омрико, ки ҳомии ташдиди бархӯрдҳо бо Эрон будаанд, дар баёнияе ба давлати Иёлоти Муттаҳида ҳушдор доданд, ки "каламоти дӯстона" кофӣ нест ва бояд бо "чашми боз" ба рӯйкарди диплумотики ахири байни Эрон ва Омрико бипардозад.
Ҷон Мак Кейн, Линзей Гроҳом ва Келӣ Ойут, ки ҳамвора аз ҳомиёни ташдиди бархӯрд бо Эрон будаанд, дар баёнияи худ гуфтаанд аз тамоюли давлати Борок Убомо ба озмудани эътибори пешниҳоди диплумотик истиқбол мекунанд, аммо амиқан дар бораи ангезаҳои воқеъии Эрон ибрози тардид кардаанд.
Ин се гуфтаанд набояд Омрико ба Эрон иҷоза диҳад, ки аз музокирот барои вақт харидан ва фиребкорӣ истифода кунад.
Дар рӯзҳои гузашта ва ҳамзамон бо сафари раиси ҷумҳурӣ ва вазири умури хориҷаи Эрон ба Омрико барои ширкат дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гумонзаниҳо дар бораи эҳтимоли беҳбуди робитаи байни ин ду кишвар боло гирифтааст.
Аммо Ҷон Мак Кейн, Линзей Гроҳом ва Келӣ Ойут дар ин бора гуфтаанд музокироти ҳастаӣ бо Эрон бояд пас аз таълиқи ғанисозии урониюм сурат бигирад.
Онҳо ҳамчунин аз Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, хостаанд барои ҳамтои эрониаш "рӯшан кунад, ки ҳарчанд пайгирии Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ, нигаронии аввали мост, вале ин танҳо нигаронии мо нест."
Ба гуфтаи ин аъзои сенои Омрико,"ҳимояти Эрон аз созмонҳои теруристӣ ва ҳамлаҳое дар сартосари минтақа, ки ба марги омрикоиҳо мунҷар шуда, талошҳои Эрон барои терури мақомоти исроилӣ ва Ғарб, тавсеъаи физояндаи тавоноиҳои мушакии дурбурд ва ҳимояти низомии беамон аз ҳукумати Сурияро" нигарониҳои дигари худ дар бораи Эрон баршумурдаанд.
Қарор аст дар рӯзҳои оянда Муҳаммадҷавводи Зариф, вазири умури хориҷа Эрон, дар нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои Панҷ ба иловаи як, аз ҷумла бо ҳузури Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико ҳозир шавад, то музокирот дар бораи барномаи ҳастаии Эронро аз сар бигиранд.
