Тамоси телефунии нахуствазири Бритониё ва раиси ҷумҳурии Эрон

  • 20 Ноябр, 2013
Image caption Тамоси телефунии пешин дар замони раёсати ҷумҳурии Муҳаммад Хотамӣ ва нахуствазирии Тунӣ Блер анҷом шуда буд

Баъд аз гузашти беш аз як даҳа аз охирин тамоси телефунии як нахуствазири Бритониё ва яке аз руасои ҷумҳурии Эрон, Девид Комерун ва Ҳасани Рӯҳонӣ бо ҳам суҳбат карданд.

Гузориш шуда, ки ин ду мақоми иҷроии Бритониё ва Эрон дар хусуси равобити дуҷониба, барномаи ҳастаии Эрон ва даргириҳои Сурия гуфтугӯ кардаанд.

Ин гуфтугӯ танҳо як рӯз пеш аз шурӯъи даври ҷадиди гуфтугӯҳои Эрон ва Гурӯҳи 5+1 анҷом шудааст, ки дар Женев анҷом мешавад ва мавзӯъи он барномаи ҳастаии Эрон аст.

Гуфтугӯи мавриди назар дар рӯзе анҷом шуд, ки ду бумб ҷилави сафоратхонаи Эрон дар Бейрут мунфаҷир шуд ва бар асари он ройзани фарҳангии Эрон кушта шуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, дар ҳисоби Твитери худ навиштааст, ки оқои Комерун аз ин ҳодиса "ибрози нороҳатӣ" кардааст.

Яке аз сухангӯёни нахуствазири Бритониё дар гуфтугӯ бо хабаргузории Фаронса аз Девид Комерун нақл карда, ки ӯ ин ҳодисаро "теруристӣ" хонда ва гуфтааст, ки "ҳама бояд алайҳи терурисм ба по хезем."

Ин сухангӯйи нахуствазири Бритониё ҳамчунин эъломияе мунташир карда ва шарҳе аз ин гуфтугӯи телефуниро ба хабаргузориҳо додааст.

Дар эъломия омада, ки ду кишвар пазируфтанд қадам ба қадам равобити худро тармим кунанд.

Равобити ду кишвар , ки дар давраи раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод рӯ ба сардӣ мерафт, баъд аз ҳамлаи гурӯҳӣ ба сафоратхонаи Бритониё дар Эрон қатъ шуд.

Ҳол ду кишвар пазируфтанд, ки кордорҳои ғайримуқим барои расидагӣ ба умур дар кишварҳои якдигар таъйин кунанд.

Дар баёнияи сухангӯйи давлати Бритониё омада, ки ҳар ду мақоми эронӣ ва бритониёӣ дар бораи гуфтугӯҳои пеширӯ дар барномаи ҳастаӣ суҳбат кардаанд.

Ӯ навиштааст, ки ҳар ду мақом ба пешрафтҳои анҷомшуда дар даври қаблии гуфтугӯҳо дар Женев изъон кардаанд ва ибрози умедворӣ кардаанд, ки дар гуфтугӯҳои рӯзи чаҳоршанбе (20 ноябр) ин фурсат ғанимат шумурда шавад.

Сухангӯйи давлати Бритониё аз оқои Комерун нақл карда, ки аз оқои Рӯҳонӣ хоста шаффофияти бештаре дар барномаи ҳастаии худ дошта бошад.

Оқои Рӯҳонӣ ҳам дар Твитери худ навиштааст, ки дар ин гуфтугӯ бар чигунагии сохтани фазои мусбат дар гуфтугӯҳои ҳастаӣ таъкид шудааст.

Хабаргузории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хабаре, ки аз ин гуфтугӯ мунташир карда, навишта, ки оқои Рӯҳонӣ ба Девид Комерун гуфтааст: "Тамомии аъзои 5+1 бояд аз зарфиятҳояшон барои эҷоди фазои муносиб дар музокироти Женев истифода карда ва талош кунанд забони эҳтиром ва такрим ҷойгузини забони таҳдиду таҳрим шавад."

Он ду ҳамчунин дар бораи Сурия ҳам ҳарф заданд, кишваре, ки даргири ҷанги дохилӣ аст ва Эрон аз давлати он ҳимоят мекунад ва кишварҳои ғарбӣ аз мухолифони ҳукумат.

Сухангӯйи давлати Бритониё навишта, ки ҳам оқои Рӯҳонӣ ва ҳам оқои Комерун ҳар ду бар лузуми поён додан ба ин даргириҳо аз тариқи талошҳои диплумотик таъйид кардаанд.

Матолиби муртабит