Эрон вуҷуди як маркази зеризаминии атумии ҷадидро такзиб кард

  • 19 Ноябр, 2013
яке аз марокизи атумии Эрон
Image caption Омрико ва кишварҳои ғарбӣ мегӯянд Эрон дар роҳи талош барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ аст, аммо Эрон гуфтааст ҳадафи барномаи ҳастаиаш сулҳомез аст

Сухангӯи Созмони энержии атумии Эрон ва вазири дифоъи ин кишвар ба таври ҷудогона иддаъои Шурои миллии муқовимат мабнӣ бар вуҷуди як маркази зеризаминии ҷадид дар наздикии шаҳри Муборака дар устони Исфаҳонро такзиб кардаанд.

ИРНО, хабаргузории расмии Эрон, имрӯз сешанбеи 27 обон (19 ноябр) ба нақл аз Беҳрузи Камолвандӣ, сухангӯи Созмони энержии атумӣ вуҷуди таъсисоти махфии атумӣ дар Эронро "башиддат" такзиб кард.

Ҳусайни Деҳқон, вазири дифоъи Эрон ҳам гуфтааст, ки "дар остонаи музокироти Женев, ҷабҳаи шикастхӯрдаи саҳюнистӣ - мунофиқин барои тахриби раванди музокироти 5+1 бо ҷумҳурии исломии Эрон ва гумроҳ кардани афкори умумии ҷаҳон муҷаддадан фаъол шудаанд."

Қарор аст даври дигаре аз музокироти Эрон ва кишварҳои гурӯҳи 5+1 фардо, чаҳоршанбе дар Женев анҷом шавад.

Шӯрои миллии муқовимат, ки мақараш дар Порис қарор дорад, аз гурӯҳҳои наздик ба Созмони муҷоҳидини халқ аст, ки собиқаи даргирии мусаллаҳона бо ҳукумати Эрон дорад. Мақомҳои эронӣ аз ин гурӯҳ бо номи "мунофиқин" ёд мекунанд.

Яке аз аъзои ин шӯро, рӯзи гузашта дар Порис аз "сохти як маркази ҳастаии зеризаминӣ дар Эрон" хабар дода ва гуфта буд, ки "ин маҳали ҷадид, ки таҳти ҳифозати шадиди амниятӣ қарор дорад, дар муҷтамаъи низомии ҳафти тир дар ҳудуди 10 килуметрии шаҳри Муборака дар устони Исфаҳон воқеъ аст."

Шӯрои миллии муқовимат гуфта буд, ки кор бар рӯйи ин пруже дар соли 2005 мелодӣ оғоз ва сохти тунелҳои ин маҳал дар соли 2009 комил шуда ва кор бар рӯйи таҷҳизоти ин маҳал тақрибан рӯ ба итмом аст.

Матолиби муртабит