Рӯҳонӣ: Давлат ба музокироти ҳастаӣ хушбин нест

  • 4 Ноябр, 2013
Ҳасани Рӯҳонӣ
Image caption Сойти расмии давлат хабари изҳороти оқои Рӯҳониро ҳазф кардааст

Ҳасани Рӯҳонӣ раиси ҷумҳурии Эрон мегӯяд: "Давлат ба ғарбиҳо ва музокироти ҷорӣ хушбин нест, аммо ин ба маънои он нест, ки ба рафъи мушкилот умедвор набошем."

Ин нахустин бор аст, ки давлат нисбат ба музокироти ҳастаӣ назари мусбат нишон намедиҳад, аммо суҳбатҳои оқои Рӯҳонӣ дар воқеъ такрори суҳбатҳои дирӯзи (якшанбе, 3 ноябр) оятуллоҳ Хоменаӣ, раҳбари Эрон аст, ки бадбинии мушобеҳеро иброз карда буд.

Сойти давлат ва бархе аз хабаргузориҳо, ки ин хабарро мунташир карда буданд, акнун хабарро ҳазф кардаанд.

Як рӯз пеш аз сивучаҳорумин солгарди ишғоли сафорати Омрико ва чаҳор рӯз пеш аз даври тозаи музокироти ҳастаии Эрон ва 5+1 оятуллоҳ Хоменаӣ дирӯз (якшанбе, 3 ноябр) пас аз се ҳафта дар маросиме умумӣ ҳозир шуд ва гуфт: "Ба музокира хушбин нестам, вале ба изни Аллоҳ аз ин музокирот зараре ҳам намекунем ва ин таҷриба зарфияти фикрии миллати моро боло хоҳад бурд."

Албатта раҳбари Эрон аз давлат ҳимоят кард ва гуфт: "Ҳиҷкас набояд маҷмуъаи музокиракунандагони моро созишкор бидонад, инҳо бачаҳои худи мо ва бачаҳои инқилобанд. Як маъмурияти сахтеро бар ӯҳда доранд ва ҳечкас набояд маъмуреро, ки машғули коре аст, тазъиф кунад."

Раиси ҷумҳурӣ ҳам дирӯз дар вокуниш ба ин суханони раҳбари Эрон, ки "ҳамонанди гузашта аз сиёсати давлат ва талошҳоии музокиракунандагон бо 5+1 ва дар маҷмуъ аз диплумосии давлат ҳимоят карданд" ташаккур кард.

Дирӯз Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон ҳам дар ҷаласаи кумиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ ҳозир шуд ва ба саволҳои намояндагон посух дод, аз ҷумла ин ки чаро оқои Руҳониро ба гуфтугӯи телефунӣ бо президент Убомо ташвиқ кардааст ва албата зоҳиран намояндагон аз ин посух, ки то ба ҳол хилофи назари раҳбарӣ амал нашуда, қонеъ нашуданд.

Албатта Муҳаммад Ҷавод Зариф ду рӯзи пеш гуфта буд: ''Ҳадафи аслии мо одисозии равобит бо Омрико нест, балки мехоҳем масъалаи ҳастаии Эрон ҳал шавад.''

Масъалаи Эрон ва Исроил

Дар ҳамин ҳол дишаб коноли 10 телевизиюни Исроил гуфтугӯи забтшудаеро бо Вендӣ Шарман, намояндаи Омрико дар музокироти 5+1 пахш кард.

Хонуми Шарман ба шаҳрвандони исроилӣ итминони хотир дод "президент Убомо худро мутаъаҳҳид ба ин медонад, ки Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст пайдо накунад."

Хонуми Шарман ду бор ҷумлаи Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаро такрор кард, ки "Тавофуқ накардан беҳтар аз як тавофуқи бад аст."

Намояндаи Омрико дар музокироти ҳастаӣ ба Исроил итминони хотир дод, ки онҳо аз ҷараёни гуфтугӯ мутталеъ хоҳанд шуд ва бо онҳо дар бораи ҳар тавофуқе "машварат" хоҳад шуд, чаро ки амнияти Исроил "санги зербано" аст ва Омрико наздиктарин робитаи амниятиро бо Исроил дорад.

Хонуми Шарман гуфт ҳадафи Омрико дар дараҷаи аввал ин аст, ки аз пешрафти барномаи ҳастаии Эрон ҷилавгирӣ кунад ва дар дараҷаи дувум ба тавофуқи ҷомеъе даст пайдо кунад.

Хонуми Шарман гуфт агар битавонем дар замоне, ки музокирот барои тавофуқе ҷомеъ дар ҷараён аст, монеъ аз пешрафти барномаи ҳастаии Эрон шавем, метавонем тахфифҳое маҳдуди муваққат ва қобили баргашт дар таҳримҳо қоил шавем, аммо таҳрими нафтӣ ва бонкӣ барқарор хоҳад монд, чун барои расидан ба тавофуқи ҳамаҷониба ба онҳо ниёз аст.

Даври аввали музокироти ҳастаӣ пас аз рӯйи кор омадани Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҳоле поён гирифт, ки тарафайн аз раванди гуфтугӯ изҳори ризоят карда буданд.

Мойкл Мон, сухангӯи Котрин Эштун, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо ва намояндаи кишварҳои 5+1 дар музокирот бо Эрон, гуфт дар ин давр "ба шакли бесобиқа дар мавриди ҷузъиёт баҳс шуд."

Ҷей Корнӣ, сухангӯи Кохи сафед ҳам гуфт Эрон дар ин музокирот "ба қадре ҷиддият ва иҳтимом нишон додааст, ки пештар надида будем".

Музокироти баъдӣ қарор аст рӯзҳои 7 ва 8 ноябр (16 ва 17 обон) дар Женев баргузор шавад.

Матолиби муртабит