Рӯҳонӣ: Умедворам сафири ҷадиди Суис ҳусни нияти Эронро ба Омрико мунтақил кунад

  • 19 Октябр, 2013
сафири ҷадиди Суис

Сафири ҷадиди Суис дар Эрон устуворномаи худро таqи ташрифоте тақдими Ҳасани Руҳонӣ, раисҷумҳури ин кишвар, кардааст.

Ҷулию Ҳоз, сафири ҷадиди Суис, се рӯз пас аз поёни музокироти Эрон ва Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" ба мизбонии Суис устуворномаи худро ба раиси ҷумҳури Эрон дода ва расман ҷонишини сафири пешин шуда, ки як хонуми диплумот буд.

Раиси ҷумҳури Эрон дар ин дидор зимни тамҷид аз собиқаи равобити ду кишвар гуфтааст: "Давлати Суис ин зарфиятро дорад, ки болотар аз ҳадди як мизбон амал кунад ва дар ҷиҳати пешрафт ва пешбурди музокирот ҳам қадамҳои лозимро бардорад."

"Суис кишвари дӯст ва қобили эҳтиром"

Ӯ гуфт Суис ҳамвора назди Эрон кишвари дӯст ва бавижа ба лиҳози фарҳангӣ қобили эҳтиром аст.

Оқои Руҳонӣ ибрози умедворӣ карда, то сафири ҷадиди Суис дар Эрон "ҳусни нияти Ҷумҳурии Исломиро ба тарафи омрикоӣ мунтақил кунад."

Аз 34 сол пеш, ки равобити сиёсии Эрон ва Омрико қатъ шуда, Суис ҳофизи манофеъи Омрико дар Эрон ва яке аз масирҳои иртиботии ду кишвар аст.

Пас аз баргузории интихобати охири Эрон ва сафари оқои Руҳонӣ ба Ню-Йурк барои ширкат дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милал нишонаҳое аз эҳтимоли беҳбуди равобити ду кишвар ба чашм мехурад.

Аз ҷумла, дар поёни сафар оқои Руҳонӣ руасои ҷумҳури Эрон ва Омрико барои аввалин бор тайи 34 соли гузашта бо ҳам телефунӣ суҳбат карданд.

Равобити Эрон ва Суис ҳамвора аз фарозу нишеби камтаре ба нисбати дигар кишварҳои урупоӣ бархурдор будааст.

Мақомҳои вазорати хориҷаи Суис пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии охири Эрон сафарҳое мутаъадиде ба Теҳрон доштаанд ва вузарои хориҷаи ду кишвар низ батозагӣ бо ҳам дар Женев дидор кардаанд.

Оқои Руҳонӣ дар ҷаласаи тақдими устуворномаи сафири ҷадиди Суис дар Теҳрон гуфт: "Эҳсос мекунам, ки ҳамаи тарафҳои музокиракунанда дар мавзӯъи ҳастаӣ қонеъ шудаанд, ки роҳи гузашта роҳи муносибе набудааст. Муътақидам дар шароити дунёи имрӯз бозии бурду бохт ҳаргиз муваффақ набуда ва ҳам бояд ба фикри бозии бурду бурд бошем ва дар ин росто иродаи сиёсии лозим дар Ҷумҳурии Исломии Эрон вуҷуд дорад."

Раисҷумҳури Эрон дар ин дидор гуфт: "Имрӯз ҳатто барои хариди дору ва ғизо бо бархе аз мушкилоти бонкӣ мувоҷеҳ ҳастем... Умедворам дар ростои бартараф шудани ин мушкилот қадамҳои муассире бардошат шавад."