Фазои хушбинона дар рӯзи нахусти музокироти Женев

  • 16 Октябр, 2013
Зариф ва Аштун
Image caption Зариф ва Аштун ба хотири камардарди вазири хориҷаи Эрон нишаста акс гирифтанд

Рӯзи нахусти музокироти Эрон ва кишварҳои 5+1 дар Женев дар бораи барномаи ҳастаӣ дар фазое поён гирифт, ки ду тараф дар бораи он ибрози хушбинӣ карданд.

Ҳайъатҳои Эрон ва шаш кишвари Омрико, Бритониё, Чин, Русия, Фаронса ба иловаи Олмон барои ду рӯз дар Женеви Суис дар бораи ояндаи барномаи ҳастаии Эрон музокира мекунанд.

Рӯзи аввали ин музокирот сешанбеи 15 октябр баргузор шуд ва рӯзи чаҳоршанбе ин музокирот идома пайдо мекунад.

Эрон мегӯяд дар ин нишаст пешниҳоде барои музокирот матраҳ карда, ки метавонад заминасози пешрафти қобили таваҷҷуҳе дар ин раванд бошад.

Аббоси Ироқчӣ, муъовини вазири умури хориҷаи Эрон, гуфтааст, ки шаш қудрати ҷаҳон аз пешниҳоди Эрон истиқбол кардаанд, вале музокиракунандагон тавофуқ кардаанд ҷузъиёти онро феълан маҳрамона нигаҳ доранд.

Мойкл Мон, сухангӯйи Котрин Аштун, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо ва намояндаи кишварҳои 5+1 дар музокирот бо Эрон, ба хабарнигорон гуфтааст, ки пас аз ироаи пешниҳоди Эрон музокирот бо "хушбинии муҳтотона" пушти дарҳои баста оғоз шуд.

Оқои Мон гуфтааст: "Барои нахустин бор мо музокироте бо ҷузъиёти фаннии дақиқ доштем, ки баъд аз зуҳр ҳам идома пайдо кард. Хонуми Аштун ҳам бо оқои Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ?дидоре дуҷониба дорад ва баҳсҳоро рӯзи чаҳоршанбеи 16 октябр субҳ аз сар мегирем.

Як мақоми аршад дар вазорати умури хориҷаи Омрико гуфта, ки рӯзи аввали музокироти ҳастаӣ дар Женев ҷиддӣ будааст.

Рӯзномаи Ню-Йурк тоймз аз қавли ин мақоми омрикоӣ, ки номаш зикр нашуда, мавзеъи мушобеҳи Мойкл Монро нақл кардааст.

Рӯзномаи омрикоӣ ин изҳори назарро нишонае эҳтимолӣ аз ҷиддӣ будани музокирот пас аз солҳо мавзеъгириҳои бефоида донистааст.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Омрико аз мавзеъгирии расмӣ дар ин бора худдорӣ карда ва гуфта, ки ҳанӯз барои изҳори назар дар ин бора зуд аст.

Муъовини вазири умури хориҷаи Эрон ҳам гуфта "ҳанӯз барои қазоват хеле зуд аст."

Бо ин ҳол, оқои Ироқчӣ гуфта рӯзи аввали музокирот "хеле хуб" пеш рафтааст.

Ин мақоми олӣ дар ҳайъати музокироти Эрон, афзудааст: "Хеле созанда ва хеле хуб табодули назар кардем. Хеле ҷиддӣ."

Нахустин музокирот пас аз Ҷалилӣ

Image caption Манобеъи эронӣ гузориш додаанд, ки Муҳаммадҷавод Зариф дар ин сафар аз камардард ранҷ мебурд

Ин нахустин даври музокироти Эрон ва кишварҳои 5+1 пас аз интихоби Ҳасани Рӯҳонӣ ба раёсати ҷумҳурӣ аст.

Оқои Рӯҳонӣ, ки нисбат ба Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии қаблии Эрон, миёнарав ба назар мерасад, дар рақобатҳои интихоботии хурдоди 1392 хостори боз шудани гиреҳи парвандаи ҳастаии Эрон шуда буд.

Пеш аз давлати ҷадид, Саъид Ҷалилӣ, дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва раиси музокиракунандагони ҳастаии Эрон буд, ки ӯ низ аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ буд, вале бо фосилаи умдае аз оқои Рӯҳонӣ дар ин интихобот шикаст хӯрд.

Дар ҷараёни рақобатҳои интихоботӣ Ҳасан Рӯҳонӣ ва бархе аз номзадҳои дигар, аз ҷумла Алиакбар Вилоятӣ, аз сиёсатҳо ва рӯйкарди оқои Ҷалилӣ интиқод карда буданд.

Давлатҳои ғарбӣ ва Исроил дар бораи аҳдофи Эрон аз тавсиъаи фановарии ҳастаӣ бадгумон будаанд ва дар солҳои ахир таҳримҳои сангине алайҳи Эрон вазъ кардаанд, то барномаи ҳастаиро мутаваққиф кунад.

Эрон ин иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд барномаи ҳастаиаш сулҳомез ва барои тавлиди барқ ё истифодаи пизишкӣ ва таҳқиқотӣ аст.

Шабакаи телевизиюнии Хабар дар Эрон, гузориш дода, ки Теҳрон пешниҳоди коҳиши сатҳи ғанисозиро матраҳ кардааст. Ин яке аз хостаҳои аслии Созмони Милали Муттаҳид аз Эрон аст.

Ҳамчунин дар идомаи музокирот Аббос Ироқчӣ бо муъовини вазири умури хориҷаи Омрико, музокироте дуҷониба доштааст.

Раиси тими музокиракунандаи Эрон, Муҳаммадҷавод Зариф аст, вале бо таваҷҷуҳ ба ин ки вазирони хориҷаи кишварҳои 5+1 дар нишаст нестанд, умдаи музокиротро оқои Ироқчӣ пеш мебарад.

Оқои Зариф пештар дар саҳифаи Фейсбуки худ навишта буд, ки ин музокирот "тоза шурӯъи як роҳи душвор ва нисбатан замонбар аст."

Ӯ навиштааст: "Умедворам то чаҳоршанбе битавонем дар мавриди нақшаи роҳе барои расидан ба роҳи ҳал ба тафоҳум бирасем.

"Коҳиши таҳрим дар ивази гомҳои Эрон"

Image caption Намои ҳавоӣ аз таъсисоти Фурду, ки аз мавориди муноқишаи Эрон ва Ғарб аст.

Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ дар маҳалли музокирот, кишварҳои 5+1 аз Эрон мехоҳанд гомҳои бахусусе бардорад, то нишон медиҳад ҳеҷ гоҳ ба тавоноии тавлиди силоҳи ҳастаӣ даст нахоҳад ёфт.

Дар иваз онон ваъда медиҳанд, ки бахше аз таҳримҳои байналмилалии вазъшуда дар солҳои ахирро лағв кунанд.

Ғарб аз Эрон хостааст, ки ғанисозии урониюм ва захира кардани урониюми 20 дарсади ғанишударо мутаваққиф кунад.

Онҳо ҳамчунин аз Теҳрон мехоҳанд, ки бахше аз захираи урониюми худро ба хориҷ аз кишвар бифиристад ва таъсисоти Фурду дар наздикии шаҳри Қумро таътил кунад. Умдаи ғанисозӣ бо дарсади боло дар ин пойгоҳ сурат мегирад.

Аз соли 2006 Шӯрои Амнияти Созмони Милал занҷирае аз таҳримҳоро алайҳи Эрон вазъ кардааст; аз ҷумла масдуд кардани дороиҳо ва маҳдудият барои сафари мақомоти эронӣ, ки дастандаркори барномаи ҳастаӣ ҳастанд.

Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо низ ҷудогона таҳримҳои бештаре алайҳи Теҳрон вазъ кардаанд, ки бахши нафту гоз ва ҳамин тавр умури бонкии кишварро ҳадаф гирифтаанд.

Ин таҳримҳо иқтисоди Эронро башиддат таҳти таъсир гузоштаанд ва Эрон мехоҳад, ки ин таҳримҳо рафъ шаванд.

Матолиби муртабит