Музокироти ҳастаии Эрон ва 5+1 дар Женев оғоз шуд

Даври ҷадид музокироти ҳастаии Эрон ва Гурӯҳи 5+1 дар Женев оғоз шудааст
Рӯзи сешанбеи 15 октябр, намояндагони Ҷумҳурии Исломӣ ва Гурӯҳи 5+1 муташаккил аз панҷ узви доими Шӯрои Амният - Омрико, Бритониё, Чин, Русия ва Фаронса - ба изофаи Олмон дар ҷаласае дар Женев, Суис, музокира перомуни парвандаи ҳастаии Эронро оғоз карданд.
Ба гузориши родию ва телевизиюни давлатии Эрон, ин ҷаласаи дурӯза кори худро соъати 9-у ним ба вақти Женев бо суханони Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон, шурӯъ кард.
Сарпарастии ҳайъати музокиракунандагони Эронро Аббоси Ироқчӣ, муъовини умури ҳуқуқӣ ва байналмилалии вазирати хориҷа, бар уҳда дорад ва ҳайъатҳои эъзомии Гурӯҳи 5+1 ҳам ба раёсати муъовинон ва мақомоти аршади вазорати умури хориҷаи ин кишварҳо ба Женев эъзом шудаанд.
Қарор будааст вазири умури хориҷаи Эрон, ки ҳамроҳ бо ҳайъати эронӣ ба Женев сафар карда, пас аз ифтитоҳи ин ҷаласа ва ифтитоҳи тарҳи пешниҳодии Эрон ҷаласаро тарк кунад ва идомаи музокирот дар сатҳи муъовинони вазорати хориҷа идома меёбад.
Котрин Аштун, намояндаи олии Иттиҳодияи Урупо дар умури хориҷа ва сиёсати амниятӣ, аз сӯйи Гурӯҳи 5+1 сарпарастии музокиротро бар уҳда дорад.
Аз Маҷиди Тахтравончӣ, муъовини Урупо ва Омрикои вазорати умури хориҷа, Ҳамиди Баъидинажод, мудири кулли сиёсӣ ва умури байналмилалии вазорати умури хориҷа ва мудири кулли подмони вазорати умури хориҷа ба унвони дигар аъзои ҳайъати музокиракунандагони эронӣ ном бурда шудааст.
Аз замони оғози буҳрони ҳастаии Эрон то кунун чандин даври музокирот шаш моҳ пеш баргузор шуд, ки боз ҳам натиҷае дар пай надошт.
Дар музокироти қаблӣ маъмулан Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Исломӣ ба унвони идоракунандаи музокирот шинохта мешавад ва сарпарастии музокироти ҳастаии Эрон низ бар уҳдаи дабири Шӯрои амният буд.
Аз ҷумла Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии феълӣ, дар замони тасаддии симати дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ, дар як риштамузокирот бо тарафҳои ғарбӣ ширкат кард. Пас аз ӯ Алии Лориҷонӣ ва Саъид Ҷалилӣ, ки уҳдадори ҳамин симат дар Шӯрои олии амнияти миллӣ буданд, сарпарастии музокироти ҳастаиро бар уҳда гирифтанд.
Музокироти Женев нахустин даври музокирот аз замони ба қудрат расидани Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон, аст, ки дар таблиғоти интихоботии худ ваъда дода буд барои ҳалу фасли парвандаи атумии Ҷумҳурии Исломӣ талош кунад.
Шикасти музокироти қаблӣ барои ҳаллу фасли парванда ба ташдиди таҳримҳои байналмилалӣ ва якҷониба алайҳи Эрон мунҷар шуда ва шароити душвори иқтисодиро ба дунбол доштааст.
Музокироти Женев пас аз дидори вазирони умури хориҷаи Эрон ва кишварҳои Гурӯҳи 5+1 аз ҷумла вазири хориҷаи Омрико ва ҳамчунин хонуми Аштун дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи Умумии СММ барномарезӣ шуд.
Расонаҳои хабарии Эрон мегӯянд, ки Эрон қарор аст дар ҷараёни музокироти Женев тарҳи ҷадидеро барои ҳаллу фасли парвандаи атумӣ ироа кунад.
Мақомоти давлати ҷадиди Эрон таъкид доранд, ки музокирот бояд чорчӯби замонии мушаххас дошта бошад ва зарфи як сол ба натиҷа бирасад.
