Ҷон Керрӣ: Даричаи диплумосӣ бо Эрон рӯ ба боз шудан аст

  • 14 Октябр, 2013
Image caption Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, дидор бо Котрин Аштунро "бисёр мусбат" арзёбӣ кард

Ҷон Керрӣ мегӯяд панҷараи диплумосӣ бо Эрон рӯ ба боз шудан аст, аммо дар айни ҳол Омрико бо чашмҳои боз ба мавзӯъ нигоҳ мекунад. Вазири хориҷаи Омрико ба кумитаи равобити умумии Омрико ва Исроил гуфт, Ғарб дар музокира бо Эрон мутаваҷҷеҳи ниёзҳои амниятии Исроил ҳаст ва адами тавофуқро ба як тавофуқии бад тарҷеҳ медиҳад.

Суҳбатҳои оқои Керрӣ дар остонаи даври тозаи музокироти Эрон ва Гурӯҳи 5+1, ки фардо дар Женев оғоз мешавад, матраҳ шуд.

Вазири хориҷаи Омрико, ки аз тариқи моҳвора дар нишасти кумитаи равобити умумии Омрикову Исроил (AIPAC) ширкат карда буд, гуфт: "Панҷараи диплумосӣ бо Эрон рӯ ба боз шудан аст."

"Аммо ман мехоҳам шумо бидонед, ки чашмони мо низ боз аст."

Вақте мо ба дунболи роҳи ҳалле сулҳомез барои барномаи ҳастаии Эрон ҳастем, ҳарфу амал бояд бо ҳам мутобиқат дошта бошад. Дар ҳар таъомуле бо Эрон мо мутаваҷҷеҳи ниёзҳои амниятии Исроил ҳастем. Мо мутаваҷҷеҳи ниёз ба шаффофият, итминон ва посухгӯйӣ дар ин роҳ ҳастем."

Вақте мо мегӯем Эрон бояд ба масъулиятҳояш дар қиболи барномаи ҳастаиаш амал кунад, ҷиддӣ ҳастем. Ман ҷиддан эътиқод дорам, ки адами тавофуқ беҳтар аз як тавофуқи бад аст."

Вазири хориҷаи Омрико пеш аз ҳузур дар ин нишаст, дирӯз (якшанбеи 13 октябр) бо Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, дар Ландан дидор ва дар бораи Эрон, Сурия, Миср, сулҳи Ховари Миёна ва мавзӯъоти дигар бо ӯ гуфтугӯ карда буд.

Дар ҳамин ҳол, Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, дирӯз дар гуфтугӯи телефунӣ бо Девид Комерун, нахуствазири Бритониё ва Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳури Фаронса, аз онҳо хост, то фишори таҳримҳоро бар Эрон сабук накунанд: "То замоне ки Эрон барномаи ҳастаии низомиашро таътил накунад, таҳримҳо набояд сабуктар шаванд. Танҳо бо идома ва ташдиди фишор метавон онҳоро водор кард, то барномаи ҳастаиро мутаваққиф кунанд."

Музокироти Эрон ва Гурӯҳи 5+1 пас аз чанд моҳ таваққуф аз фардо оғоз мешавад ва Эрон бо тими музокиракунандаи тозае дар ин гуфтугӯҳо ширкат хоҳад кард.

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон, пеш аз ин эълом карда буд аз назари Эрон пешниҳоде, ки ин гурӯҳ дар охирин даври музокирот дар Олмотии Қазоқистон матраҳ кард, таърих гузаштааст.

Аз ин рӯ ,Эрон дар рӯзҳои гузашта эълом карда тарҳи тозаеро барои пешниҳод ба 5+1 омода карда, ки ҳанӯз ҷузъиёти он фош нашудааст.

Вазири хориҷаи Эрон ҳам дар Твитери худ навишта "мо дидгоҳҳоямонро тибқи тавофуқ дар Женев матраҳ мекунем; на пеш аз он."

Оқои Зариф дар саҳфаи Фейсбуки худ изҳори умедворӣ кард Эрон то чаҳоршанбе "дар мавриди нақшаи роҳе барои расидан ба роҳи ҳал" бо 5+1 ба тафоҳум бирасад: "Тими музокиракунандаи ҷадид талош дорад равандеро, ки 6 сол идома дошта ва ба ҳеҷ тавофуқе наанҷомидааст, тағйир диҳад. Бидуни он ки қасди қазоват дошта бошем, муътақидем, ки ҳатман музокира ва талош барои расидан ба тафоҳум душвортар ва пурмухотиратар аз эъломи мавзеъи сарф аст."

Дар ҳамин ҳол, Аббос Ироқчӣ, муъовини ҳуқуқӣ ва байналмилалии вазорати хориҷаи Эрон, ки масъулияти ин давр аз музокирот бо Гурӯҳи 5+1-ро бар уҳда дорад, бори дигар таъкид кард "муддати тарҳи Олмотӣ гузашта, зеро аз он замон то кунун тағйироти мабноие сурат гирифта, аз ин рӯ ҷавоби он тарҳро намедиҳем, балки тарҳи худамонро ироа мекунем,"албатта оқои Ироқчӣ изофа кард, ки "аз назари онҳо (Ғарб) ин тарҳ ҳамчунон рӯйи миз аст."

Оқои Ироқчӣ афзуд "Баровурди мо барои ҷамъбандӣ ва поёни давраи музокирот 6 моҳ то як сол ва ҳатто зудтар аст."

Муъовини вазири хориҷаи Эрон дубора таъкид кард, ки ҳаққи ғанисозӣ хатти қирмизи Эрон аст ва "иҷоза нахоҳем дод, ки ғанисозӣ як рӯз ҳам таълиқ шавад" ва "мувофиқат нахоҳем кард, ки ҳатто як грам аз маводди мо аз кишвар хориҷ шавад."

Муъовини вазири хориҷа гуфт ҳадафи Эрон ин аст, ки "парвандаи Эрон комилан аз Шӯрои Амният хориҷ шавад ва бо он ба таври оддӣ ва дар Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ монанди ҳар кишвари дигар узви бидуни силоҳи ҳастаӣ, бархӯрд шавад.

Матолиби муртабит