Талош барои ҷиҳатдиҳӣ ба музокироти ҳастаӣ дар Женев

  • 15 Октябр, 2013
Image caption Суханронии оқои Нетонёҳу як шаб пеш аз гуфтугӯҳои Женев байни Эрон ва Гурӯҳи 5+1 сурат гирифтааст

Нахуствазири Исроил ҳушдор дода коҳиши фишор алайҳи Эрон бар сари барномаи ҳастаии ин кишвар иштибоҳе таърихӣ хоҳад буд.

Бинёмин Нетонёҳу дар ифтитоҳи ҷаласоти нимаи дувуми соли порлумони кишвараш гуфт Исроил бояд "бавижа дар шароити феълӣ" фишор алайҳи Эронро ҳифз кунад.

Суханронии оқои Нетонёҳу як шаб пеш аз гуфтугӯҳои Женев байни Эрон ва Гурӯҳи 5+1 сурат гирифтааст.

Вазири хориҷаи Эрон гуфта, умедвор аст ду тараф битавонанд дар ин музокирот бар сари як "нақшаи роҳ" тавофуқ кунанд.

Муҳаммадҷавод Зариф дар саҳфаи Фейсбуки худ навиштааст: "Фардо оғози роҳе душвор ва нисбатан замонбар аст. Умедворам то чаҳоршанбе битавонем дар мавриди нақшаи роҳе барои расидан ба роҳи ҳал ба тафоҳум бирасем."

Намояндаи Эрон дар ин гуфтугӯҳо Аббос Ироқчӣ, муъовини вазири хориҷаи Эрон, хоҳад буд ва музокирот бо намояндагони Гурӯҳи 5+1-ро пеш хоҳад бурд.

Ин аввалин даври гуфтугӯҳои Эрон ва 5+1 дар давраи раёсати ҷумҳурии Ҳасани Рӯҳонӣ аст.

Идомаи фишор

Бинёмин Нетонёҳу хитоб ба порлумони Исроил гуфтааст ҳар иқдоме барои коҳиши фишор бар давлати Эрон авомили сарсахти даруни ҳукуматро қавитар хоҳад кард ва пирӯзи майдон Оятуллоҳ Хоминаӣ, раҳбари Эрон, хоҳад буд."

Оқои Нетонёҳу гуфтааст лағви таҳримҳои феълӣ алайҳи Эрон ҳамакнун замоне ки ҳанӯз таъсирашон эҳсос нашуда, иштибоҳе таърихӣ хоҳад буд.

Дар Омрико низ 9 сенотур аз ҳизбҳои демукрот ва ҷумҳурихоҳ гуфтаанд давлат бояд дар музокироти сиёсати таълиқ дар баробари таълиқро ба кор бибарад, ба ин маънӣ, ки дар сурати таълиқи ғанисозии урониюм, Омрико эъмоли таҳримҳои бештар алайҳи Теҳронро таълиқ кунад.

Ин сенотурҳо, ки Ҷон Мак Кейн аз чеҳраҳои бонуфузи ҷумҳурихоҳ низ дар миёнашон аст дар номае хитоб ба раиси ҷумҳурии Омрико таъкид кардаанд дар шароити феълӣ таҳдиди иқдоми низомӣ бояд дар миёни гузинаҳо бимонад ва фишор алайҳи Эрон ҳифз шавад.

Захираи урониюм

Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд барномаи ғанисозии урониюми ин кишвар барои расидан ба тавоноии тавлиди таслиҳоти ҳастаист.

Эрон ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд мехоҳад текнулужии ҳастаиро барои тавлиди барқ ва таҳқиқоти пизишкӣ ҳифз кунад.

Музокироти Эрон ва Гурӯҳи 5+1 аз соли 2006 оғоз шуд.

Намояндагони ғарбӣ дар ин гурӯҳ хостори таваққуфи тавлид ва захираи урониюми ғанишудаи 20-дарсадӣ ҳастанд ва мехоҳанд Эрон захираи урониюми ғанишудаи 20-дарсадии худро ба кишвари солис бифиристад ва таъсисоти ҳастаии Фурдуро барчинад.

Бо ин ҳама, Аббос Ироқчӣ гуфтааст Эрон ҳатто як грам аз урониюми худро аз кишвар хориҷ намекунад.

Матолиби муртабит