Натонёҳу: Рӯҳонӣ гурге дар либоси барра аст

  • 15 Июл, 2013
Натонёҳу
Image caption Бенёмин Натонёҳу мегӯяд, дунё набояд ба Ҳасан Рӯҳонӣ эътимод кунад

Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил, мегӯяд, Эрон ба рӯзи буруз ба хатти қирмиз наздик мешавад ва ин кишвар шояд маҷбур шавад зудтар аз Омрико ба ин мавзӯъ расидагӣ кунад. Оқои Натонёҳу, ҳамчунин, гуфт, дунё набояд ба Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии мунтахаб эътимод кунад ва ӯро “гурге дар либоси барра” хонд.

Нахуствазири Исроил, ки дар барномаи “Рӯ дар рӯ бо мардум”-и шабакаи СВS-и Омрико ширкат карда буд, Эронро ҳамчунон муттаҳам кард, ки ба дунболи сохти силоҳи ҳастаӣ аст.

Ӯ, ҳамчунин, умед ба ислоҳу тағйири баъд аз интихоби Ҳасан Рӯҳонӣ ба раёсати ҷумҳуриро зоҳирӣ, бепоя ва беасос донист.

“Ӯ (Ҳасан Рӯҳонӣ) аз раиси ҷумҳурии қаблӣ интиқод мекунад, ки чаро гурге дар либоси гург будааст. Истротежии ӯ (Рӯҳонӣ) гург дар либоси барра аст. Лабханд бизан ва бумб бисоз.”

Нахуствазири Исроил, ҳамчунин, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост бо ташдиди таҳрим ва афзоиши фишор бар Эрон монеъ аз ин шаванд, ки Теҳрон ба силоҳи атумӣ даст пайдо кунад ва таъкид кард, гузинаи низомӣ рӯйи миз аст.

“Бояд таҳримҳо шадидтар шавад ва барои Эрон равшан шавад, ки роҳи гурезе аз он надорад.”

“Агар таҳримҳо асар надошта бошад, онҳо бояд бидонанд, ки мо омодаи иқдоми низомӣ ҳастем, ин танҳо чизест, ки боис мешавад таваҷҷӯҳи онҳо ҷалб шавад.”

Бо ин ҳол оқои Натонёҳу аз пешрафти барномаи ҳастии Эрон изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, Теҳрон ба сохти бумб “наздиктар ва наздиктар” мешавад.

“Онҳо аз сонтрафужҳои сареътаре сохтаанд, бинобар ин метавонанд бо суръати бештаре аз хат бигзаранд.”

Нахуствазири Исроил таҳдид кард, Тал Овив барои ҷилавгирӣ аз ин, ки Эрон ба аҳдофаш бирасад, мумкин аст зудтар аз Омрико даст ба иқдом бизанад.

“Онҳо ба хатти қирмиз бисёр наздик шудаанд, аммо ҳанӯз аз он нагузаштаанд. Бояд барои онҳо рӯшан кард, ки иҷозаи чунин чизе дода нахоҳад шуд.”

“Соъатҳои мо бо суръатҳои мутафовите кор мекунанд. Мо аз Омрико наздиктар ва осебпазир ҳастем, бинобар ин маҷбурем ба ин суол, ки чи гуна бояд Эронро мутаваққиф кард, зудтар посух бидиҳем, шояд зудтар аз Омрико.”

Исроил нигарон аст, бо рӯйи кор омадани Ҳасан Рӯҳонӣ, ки як моҳе пеш дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон бо қотеъият ба пирӯзӣ расид, мавозеъи кишварҳои дигар, бавижа кишварҳои ғарбӣ нисбат ба Эрон мулоимтар шавад.

Аз ин рӯ, оқои Натонёҳу аз Омрико хост, барои Эрон рӯшан кунад, бо интихоби Ҳасан Рӯҳонӣ сиёсатҳо тағйире накарда ва ба Эрон иҷоза дода нахоҳад шуд ба силоҳи ҳастаӣ бирасад.

“Ман ва президент Убомо борҳо дар бораи ин, ки бояд ҷулӯи дастёбии Эронро ба силоҳи ҳастаӣ гирифт, бо ҳам сӯҳбат кардаем.”

“Муҳим интиқоли ин паём ба онҳо аст, бахусус, баъд аз интихобот, ки сиёсатҳо тағйире нахоҳад кард.”

Оқои Рӯҳонӣ то кунун зимни дифоъ аз ҳаққи мардуми Эрон ба дастёбӣ энержии ҳастаӣ ва ғанисозии урониюм таъкид карда барномаи ҳастаии Эрон бо шаффофият ва тадбири бештаре дунбол хоҳад шуд.

Исроил Эрони муҷаҳҳаз ба текнулуҷии ҳастаиро таҳдиде барои мавҷудияти худ медонад ва ба шиъорҳои нобудии Исроил ва ҳимояти Эрон аз гурӯҳҳои зидди Исроил истинод мекунад.

Эрон исрор дорад, ки барномаи ҳастаиаш сулҳомез аст ва ҷомеъаи ҷаҳониро муттаҳам ба рафтори дугона мекунад.

Исроил бо ин, ки гуфта мешавад танҳо кишвари Ховари Миёна аст, ки силоҳи ҳастаӣ дорад, аммо муъоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаиро (NPT) имзо накардааст.

Эрон хоҳони ин аст, ки Ожонси байналмилалии энержии атумӣ ба силоҳҳои ҳастаии Исроил ҳам таваҷҷӯҳ нишон диҳад, ба зародхонаҳои атумии Исроил дастрасӣ дошта бошад ва аз онҳо боздид кунад.

Сиёсати Исроил то кунун ин гуна буд, ки на таъйид кунад силоҳи ҳастаӣ дорад на такзиб.

Матолиби муртабит