Исроил омодаи ҷилавгирӣ аз "интиқоли силоҳ ба Сурия" аст

Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил дар гуфтугӯии ихтисосӣ бо Би-би-сӣ гуфт Исроил ҳақи худ медонад, ки монеъ аз расидани силоҳ ба дасти шаибҳнизомиёни исломгаро дар Сурия шавад.
Оқои Нетонёҳу гуфт нигаронии Исроил ин аст ки "чӣ силоҳе дар дасти кадом шӯришиён бошад".
Дар ҳоле ки дархост аз ҷомеъаи байналмилалӣ барои кӯмаки таслиҳотӣ ба мухолифони мусаллаҳи давлати Сурия рӯ ба афзоиш аст, нигаронӣ аз ин ки ин силоҳҳо мумкин аст ба дасти чӣ касоне биафтанд? бештар шудааст.
Муҳимтарин "нигаронии мо силоҳҳое аст ки ҳамин ҳоло дар Сурия вуҷуд дорад, силоҳҳои замин ба ҳаво, силоҳҳои шимиёӣ ва силоҳҳои бисёр хатарноки дигаре, ки метавонанд бозиро иваз кунанд."
"Ин силоҳҳо метавонанд шароит ва тавозуни қуворо дар Ховари Миёна тағйир диҳанд ва таҳдиде терруристӣ дар абъоди ҷаҳонӣ эҷод кунанд. Ин ки мо аз худ дифоъ кунем қатъан дар ҷиҳати манофеъи мост, аммо фикр мекунем дар ҷиҳати манофеъи ҷаҳонӣ низ ҳаст."
Исроил мегӯяд сиёсаташ дар мавриди Сурия адамb мудохила аст, аммо дар моҳҳои ахир ба оташбории Сурия ба манотиқи таҳти кунтрули Исроил дар баландиҳои Ҷавлон вокуниш нишон додааст.
Исроил дар соли 1967 баландиҳои Ҷавлонро ишғол ва замимаи хоки худ кард, аммо ин илҳоқ мавриди таъйиди ҷомеъаи байналмилалӣ нест.
Бо ин ҳол нахуствазири Исроил таъкид дорад, ки кишвараш ба дунболи таҳоҷуми низомӣ ба Сурия нест: "Мо муҳоҷим нестем, мо ба дунболи бархурди низомӣ нестем, аммо омодаи дифоъ ҳастем."
Оқои Нетонёҳу таъйид накард, ки ҳамлаи ҳавоӣ ба корвони низомӣ дар Сурия дар ҳудуди се моҳ пеши кори ин кишвар будааст, ҳар чанд бовари умумӣ ин ҳамларо кори Исроил медонад.
Дар ҳамин ҳол Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дар гуфтугӯе, ки аз телевизиюни давлатии ин кишвар пахш шуд, кишварҳои ғарбиро муттаҳам кард, ки ба мухолифони мусаллаҳ, ки ӯ онҳоро аз аъзои Алқоъида хонд , силоҳ мерасонанд ва ҳушдор дод, ки Урупо ва Омрико дар дарозмуддат баҳои сангине барои мусаллаҳ кардани "Алқоъида" хоҳанд пардохт.
