Нетонёҳу ба Рӯҳонӣ: Исроилро ба бозӣ нагиред

  • 4 Октябр, 2013

Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Би-би-сии форсӣ хитоб ба Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт Исроилро ба бозӣ нагирад. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки барномаи ғанисозии урониюми Эрон бояд ба таври комил барчида шавад.

Нахустазири Исроил гуфт дар нутқаш дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон ва мардуми ин кишар мавзеъгирӣ накардааст, ки балки ҳамалоти лафзии ӯ мутаваҷҷеҳи Ҷумҳурии Исломӣ, бавижа раҳбари он будааст.

Ӯ дар посух ба ин суоли Комбизи Фаттоҳӣ, хабарнигори Би-би-сии форсӣ, ки чаро Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, дар мавриди ҳаллу фасли муноқишаи ҳастаӣ хушбин нест, гуфт, ки тасмимгири аслӣ дар Эрон Оятуллоҳ Хоминаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, аст.

Оқои Нетонёҳу гуфт раҳбари Эрон дар пайи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ аст.

Оятуллоҳ Хоминаӣ бадафаъот гуфта Ҷумҳурии Исломӣ дар пайи дастёбӣ ба ҷангафзори ҳастаӣ нест ва истифода аз таслиҳот хилофи боварҳои исломӣ аст.

"Содалавҳ нестем"

Нетонёҳу гуфт Эрон аз хатти қирмизе, ки ӯ дар суханронии қаблиаш дар Созмони Милал таъйин карда , убур накардааст. "Хатти қирмизи" нахуствазири Исроил дастмояи интиқод ва шӯхиҳое шуда буд.

Ба дунболи сафари Ҳасани Рӯҳонӣ ба Ню-Йурк ва музокироти вазирони хориҷаи Эрон ва Гурӯҳи 5+1 хушбиниҳои бисёре дар бораи ҳалли бунбасти ҳастаии Эрон ба вуҷуд омадааст. Ҳарчанд Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, гуфта гузинаи низомӣ дар мувоҷеҳа бо Эрон ҳанӯз ба қуввати худ боқӣ аст.

Бинёмин Нетонёҳу гуфт, ки алоқа дорад муноқишаи ҳастаии Эрон аз тариқии диплумотик ҳаллу фасл шавад, аммо гуфт, ки мехоҳад ин роҳи ҳалли диплумотик воқеъӣ бошад на ҷаълӣ.

Ӯ дар посух ба ин ки манзураш аз як роҳи ҳалли ҳақиқӣ чист, гуфт: "Барчида шудани комили тавоноии Эрон барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ. Онҳо агар ба дунболи энерҳии ғаринизомӣ ҳастанд ба ғанисозӣ эҳтиёҷе надоранд."

Эрон мегӯяд бино ба қавонини баналмилалӣ ҳақ дорад чархаи сӯхти ҳастаиро дар хоки худ тавсиъа диҳад. Мақомҳои эронӣ ҳамчунин борҳо Исроилро ба доштани зарродхонаи ҳастаӣ муттаҳам кардаанд.

Нахуствазири Исроил гуфт, ки Эрон аз хатти қирмизе ки ӯ соли гузашта дар суханрониаш дар Созмони Милал дар мавриди барномаи атумии Эрон эълом кард рад нашудааст.

Бинёмин Нетонёҳу дар паёме мустақим ба Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, ки Исроилро ба бозӣ нагиред. Ӯ хитоб ба оқои Рӯҳонӣ гуфт: "Мо содалавҳ нестем."

Бахшҳое аз мусоҳибаи Би-би-сии форсӣ бо нахуствазири Исроил рӯзи ҷумъа ва машруҳи он рӯзи шанбе аз телевизиюни Би-би-сии форсӣ пахш хоҳад шуд.

Матолиби муртабит