Солеҳӣ: Музокироти ҳастаӣ баъд аз таъйини тим тавассути Рӯҳонӣ идома меёбад

  • 18 Июл, 2013
Алиакбари Солеҳӣ
Image caption Оқои Солеҳӣ гуфт, ки музокироти ҳастаии Эрон баъд аз таъйини тими музокиракунанда тавассути раисҷумҳури ҷадид идома меёбад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфтааст музокироти Эрон бо Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" пас аз он ки Ҳасани Рӯҳонӣ "масъулиятро ба уҳда бигирад ва гурӯҳи музокиракунандаро таъйин кунад," аз сар гирифта мешавад.

Оқои Солеҳӣ рӯзи чаҳоршанбеи 26 тир (17 август) гуфт: "Дар бораи музокирот номае радду бадал нашуда, аммо қатъан музокирот идома хоҳад дошт."

Алиакбари Солеҳӣ дар ҳоле ин суханонро дар Теҳрон гуфтааст, ки як рӯз пеш намояндагони шаш кишвари тарафи музокироти ҳастаӣ бо Эрон дар Бруксел дидор карданд.

Пас аз ин дидор Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, гуфт кишварҳои Гурӯҳи 5+1, ки шомили Омрико, Бритониё, Фаронса, Олмон, Русия ва Чин мешавад, хостори аз сар гирифтани "ҳарчи сареътари" музокироти ҳастаӣ бо Эрон ҳастанд.

Хонуми Аштун, ки намояндаи шаш кишвари тарафи музокира бо Эрон аст, дар ин бора гуфт: "Дар ҳоли ҳозир мунтазир ҳастем, ки Эрон гурӯҳи музокиракунандаро таъйин кунад. Хеле умедворем ин кор базудӣ анҷом шавад ва мунтазирем, ки ҳарчи зудтар бо ин гурӯҳ дидор дошта бошем."

Як диплумоти ғарбӣ, ки аз муҳтавои нишасти Гурӯҳи 5+1 мутталеъ (огоҳ) аст, ба хабаргузории Осушиэйтид Прес гуфта, ки дар ин нишаст пешниҳоди тозае барои ироа ба Эрон матраҳ нашуда, аммо суҳбат аз эҳтимоли дар пеш гирифтани гомҳои "мусбат" ба миён омадааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин гомҳо метавонад шомили костан аз таҳримҳо дар изои (ивази) нишон додани инъитофи (нармиши) бештар аз сӯйи музокиракунандаи аршади ҷадиди Эрон бошад.

Саъиди Ҷалилӣ, раиси тими музокироти ҳастаии Эрон, ки дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ аст, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии хурдоди 1392 (14 июни 2013) бо фосилаи зиёде севум шуд.

Алиакбари Солеҳӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, ҳудуди ду ҳафта баъд аз интихоби Ҳасани Рӯҳонӣ ба раёсати ҷумҳурӣ гуфта буд, ки ӯ гурӯҳеро масъули баррасии "тамоми абъоди" музокироти ҳастаии Эрон бо Гурӯҳи 5+1 карда ва оқои Рӯҳонӣ "бояд тасмим бигирад, ки дар чи замоне барои ин нишаст омодагӣ вуҷуд дорад."

‘Музокира барои иттилоъ аз мавозеъи Рӯҳонӣ’

Image caption Саъиди Ҷалилӣ, раиси тими музокироти феълии ҳастаии Эрон, ки дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ аст, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии хурдоди 1392 бо фосилаи зиёде севум шуд

Аз соли гузашта, чаҳор даври музокироти ҳастаӣ байни Эрон ва кишварҳои 5+1 баргузор шуд, аммо пешрафте ҳосил нашуд ва мавъиди (замони) музокироти баъдӣ ҳам таъйин нашудааст.

Қарор аст Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 12 мурдод (3 август) кори худро ба унвони раиси ҷумҳурии ҷадиди Эрон оғоз кунад.

Ӯ дар ҷараёни рақобатҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бар лузуми ҳал кардани парвандаи ҳастаии Эрон ва коҳиши таҳримҳо таъкид карда буд.

Дар ду соли гузашта Омрико ва Урупо таҳримҳои сангине алайҳи Эрон эъмол карданд, то Теҳронро ба таълиқи (боздоштани) ғанисозии урониюм ва иҷрои қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ водор кунанд.

Кишварҳои ғарбӣ ва Исроил Эронро муттаҳам мекунанд, ки аз барномаи ҳастаӣ ҳадафи низомӣ дорад. Эрон ҳамвора ин иттиҳомро рад кардааст.

Як диплумоти ғарбӣ ба хабаргузории Руйтерз гуфтааст, ки даври ҷадиди музокирот эҳтимолан дар замоне байни авохири август ва авоили октябр (авоили шаҳривар то авохири меҳр) ва барои иттилоъи Ғарб аз мавозеъи Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор мешавад.

Ин музокирот дар ҳоле дар пеш аст, ки ахиран гурӯҳе аз чеҳраҳои сиёсӣ ва низомии Омрико дар номае саргушода ба Борок Убомо аз ӯ хостаанд фурсати музокираро бо давлати Ҳасани Рӯҳонӣ аз даст надиҳад.

Дар номае дигар ҳам гурӯҳе аз аъзои Кунгреи Омрико аз раисҷумҳури ин кишвар хостаанд, ки бо вуҷуди маҳдуд будани ихтиёроти раиси ҷумҳурӣ дар Эрон барои гуфтугӯ ва тавофуқ бо давлати оқои Рӯҳонӣ талош кунад, чун дар ғайри ин сурат муртакиби "иштибоҳ" шудааст.

Ин дархостҳо баъд аз он мунташир шуд, ки Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, дар гуфтугӯ бо як шабакаи телевизиюнӣ дар Омрико Ҳасани Рӯҳониро "гурге дар либоси меш" хонд ва аз Вошингтун хост ба давлати ҷадиди Эрон нишон диҳад, ки тағйире дар сиёсатҳои Омрико эҷод нашудааст.