Поёни музокироти Женев дар фазои мусбат; даври баъдӣ се ҳафтаи дигар

Дувумин рӯз аз музокироти ҳастаии Эрон ва кишварҳои 5+1 дар Женев, дар фазои мусбат поён гирифт. Қарор шуд даври баъдии музокирот ҳудуди се ҳафтаи дигар баргузор шавад.
Тарафайни музокирот бо лаҳни мусбат ва дар айни ҳол муҳтотона дар бораи музокирот сурат гирифта, суҳбат кардаанд.
Музокироти баъдӣ қарор аст рӯзҳои 7-8 ноябр/16 ва 17 обон баргузор шавад.
Сухангӯйи Котрин Аштун, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо ва намояндаи кишварҳои 5+1 дар музокирот бо Эрон гуфтааст дар ин музокироти дурӯза "ба таври бесобиқае баҳс дар мавриди ҷузъиёт анҷом шудааст."
Хонуми Аштун ва Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ин музкоротро "асосӣ ва бо нигоҳ ба оянда" тавсиф кардаанд.
Ин ду дар поёни музокирот баёнияе муштарак содир карданд. Интишори чунин баёнияи муштараке дар занҷираи музокироти ҳастаии Эрон бесобиқа будааст.
Тибқи ин баёния музокиракунандагони кишварҳои 5+1 бадиққат пешниҳоди Эронро баррасӣ мекунанд.
Касро Ноҷӣ, хабарнигори эъзомии Би-би-сии форсӣ ба Женев, мегӯяд барои нахустин бор дар солҳои ахир ду тараф дар шароите маҳаллӣ музокиротро тарк мекунанд, ки эҳсос мекунанд дасти холӣ нестанд.
"Мулоқоти коршиносон пеш аз нишасти баъдӣ"
Шаш кишвари Омрико, Русия, Чин, Бритониё, Фаронса ба иловаи Олмон дар ин музокироти дурӯза дар Суис дар бораи ояндаи барномаи ҳастаии Эрон музокира карданд.
Дар баёнияи муштараки хонуми Аштун ва оқои Зариф омадааст: "Ширкаткунандагон дар музокирот ҳамчунин мувофиқат карданд , ки коршиносони таҳрим ва мутахассисони илмиву ҳастаии Эрон ва Гурӯҳи 5+1пеш аз нишасти баъдӣ мулоқот дошта бошанд, то ба мавориди мавриди ихтилоф бипардозанд ва гомҳои илмиро тарроҳӣ кунанд."
Дар кунфронси хабарии баъд аз музкоирот Муҳаммадҷавод Зариф гуфт, ки умедвор аст гуфтугӯҳо ба "оғози як даври тоза аз равобит" мунҷар шавад ва кумак кунад "як буҳрони ғайризарурӣ" ҳал шавад.
Вазири умури хориҷаи Эрон, ки ба хотири камардард рӯйи сандалии чархдор ба маҳалли кунфронси хабарӣ омад, гуфт музокиракунандагони кишварҳои 5+1 ба замон ниёз дороанд, то пешниҳоди Эронро баррасӣ кунанд ва ба он посух диҳанд.
Эрон пештар гуфта буд пешниҳод дар нишасти Женев метавонад заминасози пешрафти қобили таваҷҷуҳе дар ин раванд бошад.
Хабарнигорони Би-би-сӣ дар Женев аз қавли яке аз мақомоти музокиракунанда нақл кардаанд, ин ки ҷузъиёти пешниҳоди Эрон ҳамчунон маҳрамона монда ,як нишонаи мусбат аст.
Ба гуфтаи ин мақоми аршад, ки номаш зикр нашуда музокироти воқеъӣ дар анзори умумӣ сурат намегиранд.
Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед, гуфтааст, ки Эрон дар ин музокирот "ба қадре ҷидият ва иҳтимом нишон додааст, ки пештар надида будем."
Бо ин ҳол вокуниши Русия муҳтотонатар будааст.
Сергей Рябков, муъовинии вазири хориҷаи Русия, ки намояндаи Маскав дар ин музокирот буд, ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст: "далеле надорад завқзада шавем. Мешуд корҳо беҳтар аз ин пеш биравад."
Вилиём Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё, аз ин воқеъият истиқбол кард, ки "диплумотҳо барои нахустин бор баҳсҳое асосӣ бо Эрон доштаанд."
Оқои Ҳейг афзудааст: "Эрон бояд гомҳои зарурии нахустро дар заминаи барномаи ҳастаӣ бардорад ва мо ҳам дар муқобил омодаем иқдомоти муносибро бикунем."
