Ҷон Керрӣ бар сари таҳримҳои Эрон бо Сено маҳрамона дидор мекунад

Хабаргузории Ройтерз гузориш карда, ки Ҷон Керрӣ, вазири хориҷа ва Ҷек Лию, вазири ҷадиди хазинадории Омрико панҷшанбеи оянда, 31-уми октябр дар ҷаласае бо намояндагони Сенои Омрико дидор мекунанд, то шояд битавонанд аз тасвиби таҳримҳои тоза алайҳи барномаи ҳастаии Эрон ҷилавгирӣ кунанд.
Ба гузориши Ройтерз ин дидор бахше аз талошҳои ахири давлати Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико барои ҷилавгирӣ аз тасвиби таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон аст, ки ба умеди баҳрамандӣ аз “фазои ҷадид” барои расидан ба тавофуқ бо Теҳрон дар музокироти Гурӯҳи 5+1 бо ин кишвар сурат мегирад.
Омрико, Бритониё, Фаронса, Олмон, Чин, Русия дар қолаби гурӯҳи 5+1 бо Эрон дар рӯзи ҳафтум ва ҳаштуми ноябри оянда дидор мекунанд, то дар Женев даври дувуми гуфтугӯҳои ҳастаиро, ки авоили моҳи октябр оғоз шуда буд, пайгирӣ кунанд.
Омрико ва муттаҳидонаш муътақиданд, ки Эрон саргарми пешбурди барномаи ҳастаӣ бо мақсади низомӣ аст. Иттиҳоме, ки Эрон онро ҳамвора рад карда мегӯяд, аз дониши ҳастаии худ барои баҳрамандӣ дар пружаҳои сулҳомези энержӣ ва пизишкӣ истифода хоҳад кард.
Ба гузориши Ройтерз ин хабаргузорӣ ба асноде даст ёфта, ки нишон медиҳад ҷаласаи оқои Керрӣ ва вазири хазинадорӣ бо намояндагони узви Кумитаи умури бонкии Сено рӯзи панҷшанбеи оянда соъати чаҳори аср ба вақти шарқи Омрико маҳрамона баргузор мешавад.
Кумитаи умури бонкии Маҷлиси Сено қарор буд ҳафтаи оянда ташдиди таҳримҳои Эронро баррасӣ кунад, вале ба гуфтаи нозирон пешнависи ин тарҳ ҳанӯз байни аъзои кумита тавзеъ нашуда, ки метавонад баёнгари таъвиқи ин иқдом бошад.
Ин кумита пештар низ қарор буд дар моҳи август тарҳро баррасӣ кунад, ки бо дархости Кохи Сафед ин корро ба пас аз баргузории даври нахусти гуфтугуҳои ҷадиди ҳастаӣ бо Эрон ба таъвиқ андохт.
Давлати Омрико муътақид аст, ки барои баррасии имкони тавофуқ бо давлати ҷадиди Эрон таҳти раҳбарии Ҳасани Рӯҳонӣ ба замони бештар ниёз дорад.
Хабаргузории Ройтарз ба нақл аз бархе аз дастёрони сенотурҳои демукрот навиштааст, ки аъзои ҷумҳурихоҳи Маҷлиси Сено бо ин кор мухолиф ҳастанд.
Тасмимгирӣ дар бораи таъвиқи муҷаддади баррасии тарҳи таҳримҳои Эрон дар маҷлиси Сено бар уҳдаи Тим Ҷонсун, раиси кумитаи умури бонкии ин маҷлис ва Ҳарӣ Рид, раҳбари аксарияти демукроти он аст.
Таҳримҳое, ки дар соли 2011 ба василаи Омрико, Иттиҳодияи Урупо алайҳи Эрон вазъ шуданд, боиси коҳиши шадиди содироти нафти хоми Эрон шудаанд.
Баъзе аз мунтақидони сиёсати хориҷии давлати Борок Убомо ва гурӯҳе аз намояндагони демукроти Маҷлиси Сено бар ин боваранд, ки руйкарди ҷадиди Эрон ба музокироти ҳастаӣ ношӣ аз фишори таҳрим ҳаст ва дар шароити кунунӣ набояд аз маҳдудиятҳои эъмолшуда кост.
