Посухи Зариф ба Керрӣ: Бозӣ бо каламот наметавонад иттифоқоти Женевро тағйир диҳад

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, дар вокуниш ба изҳороти ахири Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, дар мавриди далели ба тавофуқ нарасидани тарафайн дар музокироти ахири Женев гуфт: "Бозӣ бо каламот наметавонад (воқеъияти) иттифоқоти байни панҷшанбе баъд аз зуҳр то шанбе соъати 5:45 баъд аз зуҳрро тағйир диҳад."
Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, соъоте пеш аз вокуниши оқои Зариф дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба хабарнигорон гуфта буд ин Эрон буда, ки аз пазириши тавофуқномаи пешниҳодии Гурӯҳи 5+1 дар ҷараёни музокироти ҳастаии Женев худдорӣ кардааст.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар як паёми твитерии дигар бидуни ном бурани мустақим Фаронсаро муттаҳам карда, ки панҷшанбешаб бо ниме аз пешнависи пешниҳодии Омрико мухолифат карда ва ҷумъа субҳ ҳам дар ин бора бо хабарнигорон гуфтугӯ кардааст.
Муҳаммадҷаводи Зариф навиштааст: "Оқои вазир, оё ин Эрон буд, ки панҷшанбешаб нисфи пешнависи Омрикоро зеру рӯ кард ва ҷумъа субҳ ошкоро алайҳи он суҳбат кард?"
Оқои Зариф ҳамчунин дар мусоҳибае ба шабакаи дуи телевизиюни Эрон гуфтааст, ки бахши умдаи музокироти серӯзаи Женев байни кишварҳои ғарбӣ будааст, то ихтилофоти дохилии худ дар мавриди мавзеъи Эронро бартараф кунанд.
Ӯ гуфт, ки аз баъд аз зуҳри панҷшанбе то ҳудуди ғуруби шанбе дидорҳояш бо Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо ва Ҷон Керрӣ барои ироаи назароти гурӯҳи ғарбӣ ба ӯ ва шунидани вокуниши Эрон будааст.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар айни ҳол гуфт, ки дар зарфи се рӯзи гуфтугӯҳо пешрафти қобили таваҷҷуҳе дар бораи ҷузъиёт ва чаҳорчӯбҳо ҳосил шуд.
Оқои Зариф ҳамчунин ин назарро, ки Эрон талош мекунад аз тариқи ин гуфтугӯҳо байни Омрико ва муттаҳидони минтақаии Вошингтун ихтилоф биандозад, рад кард ва афзуд: "Мавзӯъ, мавзӯъи иртиботи Эрон ва Омрико нест, дар ин музокирот. Мавзӯъи ин музокирот ҳалли баҳси ҳастаӣ аст."
"Таъомул аз ҷойгоҳи баробар"
Лурон Фобиус, вазири умури хориҷаи Фаронса, ҷумъаи пеш дар ҳоле ки ҳанӯз даври ҷадиди музокироти ҳастаии Эрон ва Гурӯҳи 5+1 дар Женев ба поён нарасида буд, дар мусоҳибае гуфт, ки кишвараш аз пешнависи мувофиқатнома бо Эрон розӣ нест.
Оқои Зариф дар паёме ҷудогона бар рӯйи саҳфаи Твитери худ бо таъкид бар ин ки Эрон мутаъаҳҳид ба музокироти созанда бар сари барномаи ҳастаӣ аст, "таъомули баробар"-ро "калиди дастрасӣ ба аҳдофи муштарак" донистааст.
Вазири умури хориҷаи Омрико имрӯз гуфт ин кишвар барои расидан ба тавофуқ бо Эрон аҷала надорад, аммо умедвор аст дар моҳҳои оянда тавофуқе ба даст биёяд, ки "бо меъёрҳои ҳамаи тарафҳо созгор бошад".
Ҳамзамон Лурон Фобиус, вазири умури хориҷаи Фаронса, ҳам дар мавриди дастёбӣ ба тавофуқ бо Эрон ибрози умедворӣ кард ва расидан ба чунин тавофуқеро дур аз дастрас надонист.
Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, нисбат ба чашмандози тавофуқи миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ башиддат ибрози нигаронӣ карда ва тавофуқи эҳтимолӣ бар асоси пешниҳодҳои Эронро "иштибоҳи таърихӣ" хондааст.
Оқои Керрӣ дар изҳороти имрӯзи худ таъкид карда тавофуқе, ки Гурӯҳи 5+1 дар пайи он аст, метавонад дар ҳифозат аз Исроил муассиртар аз иқдомоти дигар бошад.
Ӯ гуфта Омрико аз ҳампаймонони худ дар минтақа дар муқобили таҳдидҳои хориҷӣ қотеъона ҳимоят хоҳад кард.
