Зариф: Таниш миёни шиъа ва суннӣ бузургтарин таҳдиди амниятии ҷаҳон аст

  • 11 Ноябр, 2013
Image caption Вазири умури хориҷаиЭрон бархе роҳбарони сунниро муттаҳам кард, ки бар оташи ихтилофот медаманд

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, дар гуфтугӯе ихтисосӣ бо Би-би-сӣ гуфтааст ҷиддитарин таҳдид алайҳи амнияти ҷаҳон, таниш миёни мусалмонони суннӣ ва шиъа аст.

Оқои Зариф дар ин мусоҳиба бархе кишварҳои сунниро ба "ваҳшатафканӣ дар азҳони умумӣ" муттаҳам кард ва гуфт иддае барои манофеъи сиёсии кӯтоҳмуддати худ ба душманиҳо доман мезананд.

Сурия, Ироқ ва Покистон аз кишварҳое ҳастанд, ки дар ҳоли ҳозир гирифтори афзоиши хушунатҳои фирқаӣ шудаанд.

Оқои Зариф гуфт даргирӣ миёни шиъа ва суннӣ натанҳо бузургтарин таҳдиди амниятӣ алайҳи минтақа, балки ҷиддитарин таҳдид алайҳи амнияти ҷаҳон аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд: Фикр мекунем бояд дарк кунем, ки ин шикофи фирқаӣ дар ҷаҳони ислом таҳдиде алайҳи ҳамаи мост.

Дамидан ба оташ

Сардабири ховаримиёнаии Би-би-сӣ мегӯяд даргирӣ миёни шиъа ва суннӣ беш аз 1000 сол аст, ки ҷараён дорад. Аммо таҳаввулоти ҷиддии қарни ахир дар Ховари Миёна, бавижа пас аз ишғоли Ироқ тавассути Омрико вазъиятро вахимтар кардааст.

Танҳо имсол ҳудуди 6500 нафар дар хушунатҳои фирқаии Ироқ кушта шудаанд, талафоте, ки аз соли 2008 то кунун бесобиқа будааст.

Ҷанг дар Сурия низ, ки дар ибтидо фирқаӣ набуд, ба даргирии фирқаӣ табдил шудааст.

Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, ки аз як фирқаи шиъаст бо Эрони шиъа муттаҳид аст. Шӯришиёни Сурия, ки умдатан суннӣ ҳастанд, аз пуштибонии қудратҳои суннӣ, чун Туркия ва Арабистони Саъудӣ бархӯрдоранд.

Оқои Зариф ба Би-би-сӣ гуфт тамоми тарафҳои даргир дар Сурия бояд ихтилофоташонро фаромӯш кунанд: Ба назари ман фориғ аз тамоми ихтилофотамон дар бораи Сурия бояд барои ҳалли фирқагароӣ бо ҳам ҳамкорӣ кунем.

Вазири умури хориҷаи Эрон бидуни ин ки аз кишваре ном бибаранд, баъзе раҳбарони сунниро муттаҳам кард, ки бар оташи ихтилофот медаманд.

Оқои Зариф гуфт ваҳшатафканӣ бар азҳони умумӣ кори роиҷе шудааст: Ҳеҷ кас набояд бар оташи хушунатҳои фирқаӣ бидамад. Бояд онро маҳор кард, тамом кард. Бояд аз даргирӣ, ки бар зарари амнияти ҳама аст, парҳез шавад.

Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд Арабистони Саъудӣ низ Эронро ба доман задан ба танишҳои фирқаӣ муттаҳам мекунад.

Ҳар ду тараф хатари он чи мумкин аст рӯй диҳадро медонанд, аммо натавонистаанд роҳе барои парҳез аз даргириҳои фирқаии мазҳабӣ биёбанд.

Матолиби муртабит