Нигаронии Эрон ва Туркия аз фирқагароӣ дар Сурия

Эрон ва Туркия аз шиддат гирифтани муноқишоти фирқаӣ дар Сурия ибрози нигаронӣ карданд.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, дар кунферонси хабарии муштарак бо Аҳмад Довудуғлу, ҳамтои туркияии худ, дар Истонбул таъкид карда, ки хатари ҷанги фирқаӣ дар Сурия аз таслиҳоти шимиёӣ бештар аст.
Оқои Зариф дар кунферонси хабарии рӯзи ҷумъа ҳушдор дод шӯълаҳои ҷанги фирқаӣ дар Ховари Миёна метавонад ба “Ландан, Ню-Йурк, Модрид ва Рум” низ сироят кунад.
Оқои Довудуғлу низ аз дидгоҳи муштараки ду кишвар барои муқобала бо ин гуна муноқишот дар Сурия хабар дод.
Пеш аз ин сиёсатҳои мутафовити Эрон ва Туркия дар мувоҷеҳа бо хушунатҳои 32 моҳи гузашта дар Сурия боъиси сард шудани равобити ду кишвар шуда буд.
Дар ҳоле ки ду кишвар ҳамчунон дар робита бо Сурия дучори ихтилофҳои асосӣ ҳастанд, таҳлилгарон мегӯянд дар пайи интихоби Ҳасани Руҳонӣ ба раёсати ҷумҳурии Эрон талошҳое барои гармтар шудани равобити байни Теҳрон ва Онкоро сурат гирифтааст.
Оқои Зариф дар дидор аз Онкоро ва Истонбул илова бар ҳамтои худ бо раиси ҷумҳурӣ ва нахуствазири Туркия низ музокира кард.
Ба гуфтаи оқои Зариф, Эрон ва Туркия нуқтаназароти муштараки зиёде дар бораи Сурия доранд ва ихтилофоти онҳо бештар марбут ба равиши пардохтан ба буҳрон аст ва на аҳдофи ду кишвар.
Ӯ ҳамчунин бар омодагии Эрон барои ширкат дар кунферонси байналмилалии сулҳи Сурия, мавсум ба "Женев-2", дар сурати даъват аз ин кишвар таъкид кард.
Ахзар Иброҳимӣ, намояндаи вижаи ҷомеъаи байналмилалӣ дар умури Сурия, адами итминони худро аз эҳтимоли баргузории бамавқеъи ин кунферонс иброз кардааст.
Туркия хоҳони ҳузури Эрон дар ин кунферонс аст.
