Инфиҷоре муҳиб ҳумаи Димишқро ларзонд

Дар ҷараёни инфиҷоре муҳиб дар ҳумаи Димишқ ва дар минтақае умдатан масеҳинишин дастикам 16 сарбоз кушта шуданд.
Ба гузориши хабаргузории давлатии Сурия, бамбе дар ҳумаи Димишқ дар минтақаи Ҷармоно, ки гуфта мешавад маҳалли сукунати ҳомиёни Башор Асад, раиси ҷумҳур буда, мунфаҷир шудааст.
Шӯришиёни мухолифи давлат пеш аз ин ҳам минтақаи Ҷармоноро, ки минтақаи умдатан масеҳӣ ва дурузнишин аст, мавриди ҳамла қарор дода буданд.
Дар моҳи августи гузашта дар ҷараёни инфиҷори бамбе дар ин минтақа дастикам 18 нафар кушта шуданд.
Гурӯҳи дидабони ҳуқуқи башари Сурия, ки маркази он дар Лондон аст, гуфтааст, ин инфиҷор дар пайи даргирии шадид байни нерӯҳои давлатӣ ва ва шӯришиён дар яке аз пустҳои бозрасии байни Ҷармоно ва шаҳри Малеҳа, ки дар кунтрули шӯришиён аст, иттифоқ афтодааст.
Пештар Омрико аз давлати Сурия хоста буд, ки ҳарчи зудтар ба корвони кумакҳои башардӯстона иҷоза диҳад то ба манотиқи таҳти кунтрули мухолифон бираванд.
Вазорати хориҷаи Омрико мегӯяд, муҳосираи манотиқи таҳти кунтрули мухолифон тавассути артиши Сурия дар чанд моҳи гузашта мардумро ба шиддат ба ғизо, об ва дору мӯҳтоҷ кардааст.
Артиши Сурия ба сокинони манотиқи таҳти кунтрули мухолифон ҳушдор додааст, ки ё бояд таслим шаванд ё гуруснагӣ бикашанд.
Дастикам се минтақаи Ярмук, Ғута ва Мудомияи Димишқ моҳҳост, ки дар муҳосираи артиши Сурия қарор дорад.
Ақаллиятҳои мазҳабӣ
Ҷим Ҳевур, хабарнигори Би-би-сии мустақар дар Лондон мегӯяд, истифода аз бамбгузорони интиҳорӣ ба унвони заминае барои оғози даргирӣ яке аз токтикҳои тозаест, ки дар моҳҳои ахир тавассути шӯришиёни мухолифи давлати Сурия мавриди истифода қарор мегирад.
Шӯришиён кунтрули аксари манотиқи ҳумаи шаҳри Димишқро дар ихтиёр доранд, аммо Ҷармоно, ки минтақае умдатан масеҳӣ ва дурузинишин аст, ҷузъи маъдуди минатқае ба шумор меравад, ки дар кунтрули давлат қарор дорад.
Дар ҳоле ки режими Башор Асад аз ҳимояти ақаллиятҳои мазҳабӣ ва қавмӣ, аз ҷумла, масеҳиён ва ақаллиятҳои алавӣ бархурдор аст, шӯришиёни мухолиф, ки аксари онҳо суннимазҳаб ҳастанд, бахши аъзаме аз ҷомеъаи Сурияро ташкил медиҳанд.
