Исроил ба қасди нобуд кардани мушакҳои русӣ ба Сурия ҳамла карда

Як мақоми омрикоӣ гуфта, ки Исроил ба шаҳри соҳилии Лозақия дар Сурия ҳамла кардааст.
Ӯ гуфта, ки ҳадафи ҳамлаи ҳавоии исроилиҳо мушакҳои сохти Русия буда, ки "барои Ҳизбуллоҳи Лубнон фиристода мешуданд."
Ин мақоми омрикоӣ, ки бидуни ном бо хабаргузории Асушиэйтед пресс гуфтугӯ карда, гуфта, ки мушакҳои SA-125, ки сохти Русия ҳастанд ва далели ин ҳамла будаанд.
Лозақия, шаҳре аст, ки ҳамкешҳои алавии Башор Асад дар онҷо тамаркуз доранд. Онҳо аз ҳаводорони раиси ҷумҳурии ин кишвар ҳастанд.
Ин севумин ҳамла ба Сурия аст, ки дар соли ҷорӣ анҷом мешавад ва онро ба Исроил нисбат медиҳанд.
Пештар дар рӯзи панҷшанбе гузориш шуда буд, ки дар Лозақия инфиҷорҳое рӯй дода, ки маншаи он мушаххас набуд.
То ба ҳол на Сурия ва на Исроил дар ин хусус изҳори назаре накардаанд.
Аммо як мақоми омрикоӣ гуфт, ки инфиҷорҳо дар воқеъ ҳосил аз ҳамлаи ҳавоии Исроил буда, ки аз нимашаби чаҳоршанбе шурӯъ шуда ва то бомдоди панҷшанбе ба тӯл анҷомидааст.
Исроил ҳушдор дода буд, ки агар силоҳҳои мутаъориф ва шимиёии Сурия ба дасти нерӯҳои шибҳинизомии маҳаллӣ, бахусус Ҳизбуллоҳ, биафтад, вориди амал мешаванд.
Як рӯз зудтар
Ин ҳамла замоне анҷом шуд, ки Созмони манъи таслиҳоти шимиёӣ, гузориш карда, ки як рӯз пеш аз поёни муҳлати муқарар таҷҳизоти эъломшудаи Сурия, ки дар тавлиди силоҳҳои шимиёӣ ба кор мераванд, нобуд шудаанд.
Сурия ҳарчанд, ки истифода аз силоҳи шимиёӣ алайҳи мухолифони дохилиашро напазируфт, аммо қабул кард, ки силоҳҳои шимиёии худро нобуд кунад ва ба Созмони Манъи Таслиҳоти Шимиёӣ бипайванданд.
Ин ҳаракат баъд аз он анҷом шуд, ки Омрико Сурияро ба ҳамлаи низомӣ ба мавозеъи давлатияш таҳдид карда буд.
Бо миёнҷигарии Русия Омрико ҳамла ба Сурияро ба ҳоли таълиқ гузошт ва бино шуд, ки ин кишвар силоҳҳои шимиёии худро аз байн бибарад.
Ҳамчунин ду кишвари Омрико ва Русия дар садад ҳастанд, то кунфронси сулҳе барои Сурия баргузор кунанд.
Русия қавитарин ҳомии давлати Сурия аст ва гузориш шуда, ки ин кишвар ҳамчунон ба давлати Башор Асад силоҳ медиҳад.
Башор Асад қаблан гуфта буд, ки ба ҳар гуна ҳамлаи Исроил дар оянда посух хоҳад дод.
Аз соли 2011 тазоҳуроти мухолифони давлати Башор Асад дар Сурия оғоз шуд ва хеле зуд ин тазоҳурот ба хушунат кашида шуд.
Созмони Милал мегӯяд, ки беш аз яксад ҳазор нафар дар ҷараёни ҷанги дохилии Сурия кушта шудаанд ва беш аз ду милюн нафар ҳам аз кишварашон гурехтаанд.
Башор Асад ва ҳомиёнаш худро дар мубориза бо гурӯҳҳои "теруристӣ" муъаррифӣ мекунанд.
