Керрӣ ба Женев меравад; Хушбинии мақоми эронӣ ба тавофуқ

Вазири хориҷаи Омрико рӯзи ҷумъа дар сафаре аз пеш барномарезишуда ба Женев меравад, то ба сар гирифтани як тавофуқ миёни Эрон ва шаш қудрати бузурги ҷаҳон бар сари барномаи атумии Эрон кумак кунад.
Ба гузориши манобеъи хабарӣ, як мақоми вазорати хориҷаи Омрико гуфтааст: "Ҷон Керрӣ, вазири хориҷа, рӯзи ҷумъа ба даъвати Котрин Аштун, намояндаи олии Иттиҳодияи Урупо, ба Женев хоҳад рафт, то ба коҳиши ихтилофот дар музкоирот кумак кунад."
Гуфта мешавад, ки диплумотҳо дар Женев машғули кор бар ҷузъиёти тавофуқе эҳтимолӣ барои поён додан ба ихтилофот бар сари барномаи атумии Эрон ҳастанд.
Баъзе гузоришҳо ҳокист, ки оқои Керрӣ дар ин сафар аз ҷумла бо Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, дидор хоҳад кард.
Пештар мақомҳои эронӣ нисбат ба эҳтимоли ҳусули тавофуқе дар рӯзи ҷумъа бо Гурӯҳи 5+1 ибрози хушбинӣ карда буданд ва сафари оқои Керрӣ метавонад муайади (тақвиятдиҳандаи) ин хушбиниҳо бошад.
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон, соъоте пештар гуфта буд, ки ба эътиқоди ӯ тавофуқе бо қудратҳои ҷаҳон бар сари барномаи атумии Эрон дар поёни гуфтугӯҳои Женев дар рӯзи ҷумъа мумкин аст.
Оқои Зариф, ки бо шабакаи хабарии Си-эн-эн суҳбат мекард, гуфт, ки Эрон ба таври комил ғанисозии урониюмро муъаллақ нахоҳад кард, аммо метавонад "ба масоили мухталифи рӯйи миз бипардозад."
Як мақоми баландпояи вазорати хориҷаи Омрико ҳам, ки нахост номаш фош шавад, гуфтааст, ки ҳайъатҳои намояндагии Омрико ва Эрон рӯзи панҷшанбе дидори дуҷонибае дар мақарри Созмони Милал дар Женев доштаанд, ки ҳудуди як соъат тӯл кашид.
Ба гуфтаи ӯ сарпарастии ҳайъати омрикоиро Вендӣ Шерман,муъовини вазорати хориҷаи Омрико ва ҳайъати эрониро Аббоси Ироқчӣ, муъовини вазорати хориҷаи Эрон, ба уҳда доштанд.
Ӯ ин дидорро "арзишманду ҷиддӣ" тавсиф кард.
Ду мақом дар ҷараёни даври қаблии гуфтугӯҳои Эрон ва Гурӯҳи 5+1 мулоқот ва гуфтугӯ карда буданд.
Рӯзи панҷшанбе Омрико таъйид кард, ки дар муқобили "гомҳои малмус ва қобили тасдиқи" Эрон тахфифҳое дар таҳримҳо қоил хоҳад шуд.
Нишасти дурӯзаи Эрон бо намояндагони Омрико, Русия, Чин, Бритониё, Фаронса ва Олмон рӯзи панҷшанбе дар Женеви Суис оғоз шуд.
Ғарб мазнун аст Эрон дар пайи дастёбӣ ба силоҳи атумӣ бошад, масъалае, ки Эрон такзиб мекунад.
Оқои Зариф гуфт, ки тарафҳо метавонанд ҷумъа субҳ тайи нишасте "навъе баёнияи муштарак" омода кунанд, ки ба се масъала хоҳад пардохт: як ҳадафи муштарак, поёне барои ихтилофот дар зарфи камтар аз як сол ва тадобири мутақобил барои эътимодсозӣ.
Ӯ қаблан ҳам аз тарҳе "семарҳилаӣ" суҳбат карда буд.
Аббоси Ироқчӣ низ гуфт, ки қудратҳо "ба рӯшанӣ" чаҳорчӯби пешниҳодии кишварашро пазируфтаанд ва ду тараф акнун дар ҳоли баҳс дар бораи ҷузъиёт ҳастанд.
Гурӯҳ панҷ ба иловаи як ҳанӯз расман вокунише ба ин изҳорот нишон надодааст, ҳарчанд сухангӯи Иттиҳодияи Урупо пештар гуфта буд, ки гуфтугӯҳо "пешрафтҳое дорад" ва афзуд, ки Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, ҷумъа бо оқои Зариф дидор хоҳад кард.
