Омодагии Омрико барои лағви муваққатии бархе аз таҳримҳои Эрон

  • 7 Ноябр, 2013
Image caption Даври қаблии музокироти ҳастаии Эрон дар фазое "мусбат" аз диди тарафайн баргузор шуд

Як мақоми олирутба дар давлати Омрико гуфтааст агар Эрон "гоми аввал" дар иҷрои таъаҳҳудоташро иҷро кунад ва пешравии барномаи ҳастаиро мутаваққиф кунад, Вошингтун таҳримҳоро "ба таври муваққатии мавридӣ" лағв мекунад.

Ин мақоми омрикоӣ, ки нахоста номаш зикр шавад, гуфтааст лағви таҳримҳо барои шаш моҳ аст ва агар Эрон дар ин муддат "ба таъаҳҳуди гоми аввал амал накунад", ин таҳримҳо бозмегардад.

Даври ҷадиди музкоироти ҳастаии Эрон ва кишварҳои 5+1 рӯзи панҷшанбе ва ҷумъаи 7-8 ноябр дар Женев баргузор мешавад.

Асри рӯзи чаҳоршанбе 6 ноябр соъате монда ба оғози музокирот ин мақоми олирутба гуфтааст кишварҳои 5+1 дар ҷараёни музокироти пеширӯ аз Теҳрон хоҳанд хост "гоми аввал"-ро барои расидан ба як тавофуқ бардоранд.

Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои 5+1 аз ҷумла аз Эрон мехоҳанд фаъъолиятҳои ҳастаии худро таълиқ кунад, то фурсат барои музокира бар сари як тавофуқи фарогир ва ниҳоӣ боз шавад.

Ин гоми аввали иқдомоти Эрон дар бораи густара ва мизони ғанисозии урониюм, захоири маводди ҳастаӣ, тавоноии фаъъолиятҳои ҳастаӣ, аз ҷумла сонтрифужҳои насбшуда ва роҳандозишуда ва ҳамчунин назорати байналмилалӣ аст.

Лағви таҳримҳои мавкул ба "тавофуқи ниҳоӣ"

Image caption Кохи Сафед талош карда ҷилави афзоиши таҳримҳо алайҳи Эрон дар кунгреи Омрикоро бигирад

Ин мақоми олирутба таъкид кардааст, ки Омрико дар изои ин иқдоми Эрон, лағви таҳримҳо "хеле маҳдуд, муваққатӣ ва бозгаштпазир" аст.

Ба гуфтаи ӯ гузинаҳои дигар ба ҷуз диплумосӣ барои ҳаллу фасли парвандаи ҳастаии Эрон "хеле камтар муассиранд"

Дар рӯзҳои гузашта Кохи Сафед талош кардааст бо ройзанӣ бо чеҳраҳо ва гурӯҳҳои муассир ҷилави афзоиши таҳримҳо алайҳи Эрон дар кунгреи Омрикоро бигирад.

Гурӯҳе аз мунтақидони сиёсати давлати Омрико дар қиболи Эрон хостори ташдиди таҳримҳо алайҳи Теҳрон будаанд.

Дар вокуниш ба ин интиқодҳо Кохи Сафед эълом кардааст ки таҳримҳо барои Эрон ба ҷойи худ боқӣ ҳастанд.

Раиси кумитаи равобити хориҷии сено гуфтааст агар Эрон фаъъолиятҳои ҳастаии худро мутаваққиф кунад, кунгре ҳам таҳримҳои бештарро мутаваққиф хоҳад кард.

Ин сенотури демукрот ба шабакаи телевизиюнии омрикоии Си-эн-эн гуфтааст набояд монанди даврае, ки Ҳасани Рӯҳонӣ музокиракунандаи аршади ҳастаӣ буд, ба Эрон иҷоза дода шавад зимни музокирот барномаи атумии худро густариш диҳад.

Дар ҳамин ҳол, мақоми олирутбаи омрикоӣ, ки асри чаҳоршанбе бо хабарнигорон суҳбат мекард, таъкид кардааст ҳастаи таҳримҳо алайҳи Эрон тағйире намекунад ва лағви куллии ин таҳримҳо барои як тавофуқи ниҳоӣ боқӣ мемонад.

Ба гуфтаи ин мақоми омрикоӣ агар Эрон зарфи шаш моҳ "ба таъаҳҳудоти худ дар гоми аввал амал накунад" ё баъд аз ин муддат як "тавофуқи доимӣ" ҳосил нашуда бошад, таҳримҳои иқтисодӣ бори дигар эъмол хоҳад шуд.

Матолиби муртабит