Эрон ҷосусии Омрико аз сафари оятуллоҳ Хоменаиро "ба таври ҷиддӣ баррасӣ мекунад"

  • 5 Ноябр, 2013
оятуллоҳ Алии Хоменаӣ
Image caption Гуфта мешавад Созмони амнияти миллии Омрико дар соли 1388 (2009) сафари раҳбари Эрон ба Курдистонро аз тариқи моҳвора "бо диққат таҷассус ва расад" карда буд

Вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кардааст, ки мавзуъи ҷосусии Омрико аз сафари чаҳор сол пеши оятуллоҳ Алии Хоменаӣ, раҳбари ҷумҳурии исломӣ ба Курдистонро "ба таври ҷиддӣ пайгирӣ мекунад."

Марзия Афхам, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон дар бораи гузоришҳои тоза мунташиршуда дар бораи таҷассуси Омрико аз сафари чаҳор соли пеши оятуллоҳ Хоменаӣ гуфта аст "ин мавзуъ аз назари баҳси ҷосусӣ ва ҷосусии сойберӣ маҳкум ва мардуд аст."

Пайгириҳои ҷиддӣ ва сиёсӣ

Бар асоси гузоришҳои тоза аз асноди фошшуда тавассути Эдворд Иснувден аз кормандони собиқи созмонҳои иттилоъотии Омрико ҳангоми сафари оятуллоҳ Хоменаӣ ба устони Курдистон дар соли 1388, Созмони амнияти миллии Омрико (NSA) аз тариқи моҳвора ва адавоти ҷосусии пешрафта, ин сафарро "бо диққат таҷассус ва расад" мекард.

Мутобиқи бахшҳо аз он чӣ тавассути оқои Иснувден ифшо шуда, давлати Омрико ба таври густарда ба шунуди муколамоти телефунӣ ва мукотиботи имейлӣ дар саросари ҷаҳон даст мезанад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбеи 14 обон (5 ноябр) дар нишасти ҳафтагӣ бо хабарнигорон дар Теҳрон гуфт "ахбори мунташиршуда дар бораи ҷосусии Омрико аз раҳбарони теъдоде аз кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҳатто муттаҳидини Омрико низ аз ин ҷосусиҳо масун намондаанд."

Хонуми Афхам гуфтааст "Эрон пайгириҳои ҷиддии худро, ки аз абъоди мухталифе бархурдор аст ва дар раъси он пайгириҳои сиёсӣ аст, идома хоҳад дод."

Image caption Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҷосусии сойбериро маҳкум кардааст

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон қатъномаҳои дар дасти таҳияи маҷомеъи байналмилалӣ ба масун мондани ҳарими шаҳрвандон ва раҳбарони ҷаҳон дар фазои маҷозӣ мунҷар шавад.

Эҳтимол дорад дорад манзури хонуми Афхам аз ҳимояти Эрон аз пешнависи қатъномае бошад, ки Бразил ва Олмон ба тозагӣ ба кумитаҳое аз Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ироа карданд.

Пешнависи қатъномаи ироашуда шуда ба Созмони Милали Муттаҳид хоҳони эҳтироми кишварҳо ба ҳарими хусусии шаҳрвандон дар асри диҷитол шудааст.

Ӯ ҷосусии суратгирифта аз раҳбарони ҷаҳонро "бесобиқа" хонда ва гуфтааст "Эрон умедвор аст то гомҳои асосӣ барои пешгирӣ аз ин масъала бардошта шавад."

Бар асоси ин гузоришҳо дар баҳори соли 1388 (2009) ва ҳангоме ки хабари сафари оятуллоҳ Хоменаӣ ба устони Курдистон дар ғарби Эрон фош шуд, Созмони амнияти миллии Омрико ба суръат як пружеи ҷосусии ҳавоӣ ва моҳвораӣ бо номи Дреднут (Dreadnought)-ро ба иҷро гузошт.

Дар ин маъмурияти фавқи пешрафта созмони NSA бо ҳамкории Созмони иттилоъоти ҷуғрофиё ва нақшабардории Омрико (NGA), ки бахше аз ниҳоди дифоъии Омрико маҳсуб мешавад ва Маркази иртибототи расмии Бритониё (Оэонси шунуди давлати Бритониё) барномаеро танзим кард, то илова бар расади нуқта ба нуқтаи сафари раҳбари Эрон, ба муколамоти родорӣ ва суханрониҳои оятуллоҳи Хоменаӣ ҳам аз тариқи моҳвораҳои ҷосусии худ дастрасӣ пайдо кунад.

Матолиби муртабит