Гордиян: Нерӯҳои амниятии Бритониё иттилоъоти Иснувденро аз байн бурданд

  • 20 Август, 2013
Ҳаводорони Иснувден
Image caption Ҳаводорони Иснувден ҳини шаҳодати Гринволд дар порлумони Бритониё моски чеҳраи Иснувден ба сурат задаанд

Сардабири рӯзномаи "Гордиян" мегӯяд, ки нерӯҳои амниятии Бритониё дройвҳои компютерии ҳовии иттилоъоти фошшуда тавассути Эдворд Иснувденро аз байн бурдаанд.

Олан Росбриҷер, сардабири рӯзномаи бритониёии "Гордиян" гуфтааст, ки иқдом ба аз байн бурдани ин иттилоъот нуқтаи авҷи фишорҳое аст, ки " чеҳраҳое дар сояи" давлати Бритониё дар ҳафтаҳои ахир бар "Гордиян" ворид кардаанд.

Ӯ мегӯяд пас аз таҳдид ва фишори тӯлонии маъмурони амниятӣ дар дафтари "Гордиян" компютерҳоеро, ки иттилоъоти Иснувден рӯйи онҳо буд, аз байни бурданд. Ӯ ин иттифоқро яке аз "аҷиб ва ғарибтарин лаҳазоте" дониста ки дар торихи "Гордиян" ба чашм мехурад.

Давлати Бритониё аз изҳори назар дар бораи иттиҳомоте, ки аз тарафи "Гордиян" ворид шуда, худдорӣ мекунад.

"Гордиян" аввалин расонае буд, ки иттилоъоти Эдворд Иснувден дар бораи ҷосусии ғайриқонунии Ожонси миллии амнияти Иёлоти Муттаҳида алайҳи шаҳрвандони омрикоиро ифшо кард. Бо ифшои иттилоъоти бештар рӯшан шуд, ки Омрико ҳамчунин ба шунуди муттаҳидони урупоии худ низ даст мезанад.

"Гордиян" мегӯяд ба рағми нобуд кардани иттилоъоти Иснувден дар компютерҳои Ландан, купии ин иттилоъот дар дафотири дигари "Гордиян" вуҷуд дорад.

Ду рӯзи пеш пулиси Бритониё Девид Мирондо, шарики зиндагии Глен Гринволд, рӯзноманигореро, ки иттилоъоти Иснувденро мунташир кард, боздошт кард. Боздошти Девид Мирондо таҳти қонуни зиддитеррурисм анҷом гирифт. Девид Мирондо шаҳрванди Бразил аст ва оқои Гринволд бо ӯ дар Бразил зиндагӣ мекунад.

Мунтақидон мегӯянд давлати Бритониё бо иқдом ба боздошти шарики зиндагии оқои Гринволд қасди иръоби рӯзноманигоронро дорад.

Оқои Мирондо гуфтааст, ки аз пулиси Бритониё шикоят хоҳад кард. "Гордиян" ҳам эълом карда, ки дар ин парванда аз оқои Мирондо ҳимоят хоҳад кард.

Дар айни ҳол пулиси Бритониё аз иқдоми худ дифоъ карда ва гуфтааст, вазифааш ҳифзи амнияти миллӣ ва ҳифозат аз мардуми Бритониё дар муқобили хатарҳо аст

Матолиби муртабит