Интиқоди тунди Омрико аз Русия ба хотири Эдворд Иснувден

Омрико Русияро ба ин далел, ки “абзори таблиғотӣ” дар ихтиёри Эдворд Иснувден, ифшогари иттилоъоти Созмони Амнияти Миллии Омрико гузошта, маҳкум кардааст.
Оқои Иснувден рӯзи ҷумъа, 12-уми июл бо гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар Маскав мулоқот кард.
Дар пайи ин дидор Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия тамоси телефунӣ дошт.
Ҷузъиёте аз муколамаи телефунии саронои ду кишвар мунташир нашуда, аммо Кохи Сафед таъйид карда, ки мавзуъи Иснувден дар ин тамоси телефунӣ қарор гирифт.
Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед пас аз ин муколамаи телефунӣ гуфта буд: “Фароҳам кардани абзори таблиғотӣ барои оқои Иснувден бо сиёсатҳои қаблии сиёсати давлатии Русия, ки гуфта буд дар ин маврид мавзеъгирӣ нахоҳад кард, муғойират дорад.”
Ӯ ҳамчунин афзуд: “Ин иқдоми Русия бо хатти машйи ин кишвар ки пештар гуфта буд, ки намехоҳад Эдворд Иснувден манофеъи миллии Омрикро хадшадор кунад, созгор нест.”
Русия гуфтааст, модоме, ки Иснувден аз ифшои иттилоъоти сиррӣ марбут ба Омрико даст бардорад, метавонад дар Русия бимонад.
Эдворд Инувден рӯзи гузашта бо интишори баёнияе гуфт, ки расман пешниҳодотеро, ки то кунун дар бораи эътои паноҳандагии сиёсӣ дарёфт карда, ва ё дарёфт хоҳад кард, мепазирад.
Ӯ дар ин баёния ҳамчунин гуфт, ки ОМрико ва бархе аз кишварҳои урупоӣ “нишон додаанд, ки тамоюл доранд бар хилофи қонун амал кунанд.”
Омрико хостори истирдоди ӯ ба иттиҳоми ифшои иттилоъоти сиррӣ дар бораи насби дастгоҳҳои шунуд ва дигар фаъъолиятҳои иттилоъотии он кишвар аст.
Дидори рӯзи гузаштаи оқои Иснувден бо намояндагони гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аввалин ҳузури ӯ дар анзори умумӣ аз замони хуруҷаш аз Ҳунг Кунг дар се ҳафтаи пеш аст.
Оқои Иснувден аз пештар аз 21 кишвар тақозои паноҳандагӣ карда буд. Дар ин миён Буливӣ, Никорогуа ва Винезуело гуфтаанд, ҳозир ба эътои паноҳандагии сиёсӣ ба ӯ ҳастанд.
