Путин: Равобити Русия ва Омрико муҳимтар аз масъалаи Иснувден аст

  • 17 Июл, 2013
Владимир Путин
Image caption Раиси ҷумҳури Русия борҳо гуфта, ки сервисҳои иттилоъотии кишвараш бо Иснувден ҳамкорӣ накарда ва намекунанд

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфта, ки равобити миёни кишвараш ва Омрико аз кашмакашҳои миёни созмонҳои иттилоъотӣ муҳимтар аст.

Ишораи ӯ ба танише аст, ки пас аз фирори Эдворд Иснувден, таҳлилгари собиқи СИО (Созмони иттилоъоти марказии Омрико) ба Русия миёни ду кишвар боло гирифт.

Иснувден аз се ҳафта пеш дар солуни тронзити фурудгоҳи Шереметево дар Русия иқомат дорад ва то кунун аз бисту як кишвар дархости паноҳандагӣ кардааст.

Рӯзи гузашта идораи федероли муҳоҷирати Русия таъйид кард, ки Эдворд Иснувден, ки ба хотири ифшои ҷамъоварии ғайриқонунии иттилоъот алайҳи шаҳрвандони омрикоӣ таҳти таъқиб аст, аз Русия дархости паноҳандагии муваққатӣ кардааст.

Давлати Омрико борҳо гуфтааст, ки оқои Иснувден дар Омрико муттаҳам аст ва Русия бояд ӯро ба Омрико мустарад кунад. Дархосте, ки то кунун аз суи оқои Путин бепосух мондааст.

Давлати Русия пештар гуфта буд, ки модоме ки оқои Иснувден аз ифшои иттилоъоти сиррии марбут ба Омрико даст бардорад, метавонад дар Русия бимонад.

Қарордоде байни Омрико ва Русия барои истирдоди муттаҳамон вуҷуд надорад, бо ин ҳол Омрико аз Русия хоста, ки барои ҳифзи равобити ду кишвар оқои Иснувденро аз Русия ихроҷ кунад.

Image caption Эдворд Иснувден ҳини кунфаронси хабарӣ, ки чаҳор рӯз пеш дар фурудгоҳи Шереметево баргузор шуд

Мавзуъи истирдоди Эдворд Иснувден дар чанд ҳафтаи ахир боъиси танишҳои фазояндаи байни Омрико бо Русия ва Чин шудааст.

Омрико ин ду кишварро муттаҳам мекунад, ки ба ин ифшогар кумак кардаанд. Иттиҳоме, ки Русия ва Чин онро инкор мекунанд.

Раиси ҷумҳурии Русия борҳо гуфта, ки сервисҳои иттилоъотии кишвараш бо Иснувден ҳамкорӣ накарда ва намекунанд.

Эдворд Иснувдени 30-сола ва таҳлилгари иттилоъот, ки барои Созмони иттилоъот ва амнияти марказии Омрикои (СИОا) кор мекард, замоне ки дар Ҳунг Кунг буд, ҳазорон санади маҳрамонаро мунташир кард, ки нишон медод давлати Омрико ба шакле созмонёфта ва дар сатҳе бисёр васеъ муколамоти телефунӣ ва иртибототи интерентиро дар тамоми дунё кунтрул ва шунуд мекунад ва ҳатто мақомҳои аршади Иттиҳодияи Урупо ҳам аз ин поиш ва назорат масун нестанд.

Ин аснод ҳамчунин нишон медод Бритониё ва Фаронса низ амалиёти поиш ва шунуди густарда доранд.

Ифшои ин иқдоми созмонҳои иттилоъотӣ ва амниятии Омрико хашми мақомоти аршади Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонашро барангехт.

Дар муқобил Русия ва Чин норизоятии худро аз иқдоми давлати Омрико дар ҷамъоварии иттилоъот нишон доданд. Иснувден иҷозаи тарки Ҳунг Кунгро пайдо кард ва феълан дар Русия ба сар мебарад. Омрико дар ин бора ҳам ба Чин ва ҳам ба Русия эътироз кардааст.

Оқои Иснувден, ки давлати Омрико гузарномаашро ботил карда, визои Русия надорад, банобарин натавониста бахши тронзити фурудгоҳро тарк кунад.

Матолиби муртабит