Эътирози Фаронса ва Олмон ба иддаъоҳои шунуди Омрико аз дафотири Иттиҳодияи Урупо

Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳури Фаронса бо ишора ба иддаъои марбут ба ҷосусии Омрико аз муттаҳидони урупоии он хостори "таваққуфи фаврии" ин иқдомот шуд ва яке аз сухангӯёни Онгело Меркел, садриаъзами Олмон ҳам гуфт ки "шунуд кардани дӯстон ғайриқобилии қабул аст".
Пештар Ҷон Керри, вазири умури хориҷаи Омрико гуфта буд, ки ҷамъоварии иттилоъот барои ҳифзи амнияти миллӣ, амре оддӣ аст.
Рӯзномаи Гордиян, чопи Бритониё мадорикеро ифшо карда, ки бар асоси он кишварҳои Фаронса, Юнон ва Итолиё аз ҷумлаи "аҳдофи" амалиёти ҷосусии Созмони амнияти миллии Омрико будаанд.
Мадорики ифшошуда дар шумораи имрӯзи (душанбеи 1 июл) рӯзномаи Гордиян нишон медиҳад, ки бархе аз муттаҳидони ғайриурупоии Омрико назири Жопун, Мекзик, Куреи ҷанубӣ, Ҳинд ва Туркия ҳам "ҳадафи" ин амалиёт будаанд.
Ба навиштаи рӯзномаи Гордиян ин мадорик ба ҷузъиёте аз шеваҳои бисёр пешрафта барои шунуд ва ҷосусӣ ишора мекунад.
Гордиян ҳамчунин аз як гузориши дарзкардаи дигари марбут ба соли 2007 мелодӣ ном бурда, ки дар он гуфта шуда, ки барои шунуд дар дафтари Иттиҳодияи Урупо дар Вошингтун аз як дастгоҳи факс истифода шудааст.
Рӯзномаи Гордиян ин мадорикро дар ҳоле ифшо карда, ки мақомоти Иттиҳодияи Урупо рӯзи гузашта (якшанбе, 30 июн) аз давлати Омрико хостанд, ки дар мавриди гузориши ҷосусии он кишвар аз дафотири намояндагии Иттиҳодияи Урупо дар Вошингтун ва Ню-Юрк тавзеҳ диҳад.
Маҷаллаи Ишпигели Олмон пештар бо ишора ба як санади сиррии омрикоии марбут ба соли 2010 мелодӣ навишт, ки Созмони амнияти миллии Омрико шабакаҳои компютерии дохилии Иттиҳодияи Урупо дар Вошингтун ва дафтари намояндагии ин иттиҳодия дар мақари Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Юркро мавриди таҷассус қарор додааст.
Оқои Керри гуфтааст, ки ӯ аз дурустии иддаъои матраҳшуда дар рӯзномаҳои Ишпигел ва Гордиян иттилоъе надорад.
Аммо вазири умури хориҷаи Омрико дар ҷараёни кунфаронсе хабарӣ гуфта, ки ҳар кишваре дар ҷаҳон барои ҳифзи амнияти миллии худ фаъолиятҳои зиёде анҷом медиҳад ва то он ҷой ки медонам барои бисёре аз кишварҳо ин амре ғайримаъмул нест.
Оқои Керри афзуд: "То замоне ки ба тамоми ҳақоиқ ва ҷузъиёти марбут ба ин мавзуъ огоҳ нашавем, беш аз ин дар ин маврид изҳори назар намекунам."
Пештар масъули Созмони амнияти миллии Омрико дар вокуниш ба интишори ин мадорик гуфта буд, ки давлати Омрико аз тариқи каналҳои диплумотик ба Иттиҳодияи Урупо посухи муносибро хоҳад дод.
Вазири додгустарии Олмон ҳам ин рафтори Омрикоро ёдовари шеваҳое дониста, ки дар даврони "ҷанги сард" мавриди истифода қарор мегирифт.
Гуфта шуда, ки Эдворд Иснувден, паймонкори собиқи Созмони амнияти миллии Омрико ин мадорик ва аснодро ифшо кардааст.
Давлати Омрико оқои Иснувденро ба ҷосусӣ ва сирқати амволи давлатӣ муттаҳам карда ва хоҳони истирдоди ӯ ба Омрико шудааст.
Гуфта мешавад оқои Иснувден, ки пас аз тарки Ҳунг Кунг дар фурудгоҳе дар Маскав ба сар мебарад, аз Экводур дархости паноҳандагӣ кардааст.
Дар ҳамин ҳол ҳизби сабзҳо дар Фаронса ва Олмон аз давлатҳои худ дархост кардаанд, то ба Эдворд Иснувден пешниҳоди паноҳандагӣ бидиҳанд.
Юрген Тритин, раҳбари ҳизби сабзҳо дар Олмон гуфтааст: "Аз фарде мисли Эдворд Иснувден бояд муҳофизат шавад."
Ба гуфтаи оқои Тритин ба далели ифшогариҳои Эдворд Иснувден бояд дар Урупо маконе амн ба ӯ дода шавад.
Котрин Эштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо ҳам дар ҷараёни дидораш бо Ҷон Керри дар Бруней, дар ин бора ибрози нигаронӣ кардааст
