Мақомоти Русия: Иснувден дигар аз Русия паноҳандагӣ намехоҳад

  • 2 Июл, 2013
Image caption Эдворд Иснувден Борок Убоморо нақзкунандаи ҳуқуқи башар хондааст

Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия гуфтааст Эдворд Иснувден, таҳлилгари собиқи Созмони Иттилоъоти Марказии Омрико (СИО) пас аз суханронии Владимир Путин тасмими худ дар бораи дархости паноҳандагии сиёсӣ аз Русияро канор гузоштааст.

Пештар Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар суханроние гуфт, ки агар оқои Иснувден мехоҳад дар Русия бимонад, бояд фаъъолияти зиддиомрикоиро мутаваққиф кунад.

Оқои Песков гуфт таҳвили оқои Иснувден ба Омрико, ки дар он ҷо ҳукми қатл вуҷуд дорад, ғайриимкон аст: "Русия ҳаргиз касеро таҳвил надодааст ва нахоҳад дод. Мавориде, ки иттифоқ уфтода, марбут ба табодул будаанд."

Оқои Песков ҳамчунин аз 15 кишвар ёд кард, ки оқои Иснувден аз онҳо паноҳандагӣ хостааст. Зимнан сойти Викиликс 19 кишвареро ном бурдааст,ки оқои Иснувден аз онҳо паноҳандагӣ хостааст.

Рӯзи сешанбе Лаҳистон нахустин кишваре шуд, ки додани мақоми паноҳандагӣ ба ин маъмури собиқи созмони ҷосусии Омрикоро рад кард.

Радислав Сикорский, вазири умури хориҷаи Лаҳистон дар Твиттери худ навишт: "Мо номаеро дарёфт кардем, ки ҷавобгӯи меъёрҳои дархости паноҳандагӣ нест. Вале ҳатто агар ин нома бо чунин меъёрҳо мутобиқ бошад, ман ба он тавсияи мусбат нахоҳам дод."

Дар айни ҳол Никулос Модуро, раиси ҷумҳури Венезуэло, ки ба Маскав омада, гуфт ки ҳанӯз оқои Иснувден аз ин кишвар тақозои паноҳандагӣ накардааст.

Оқои Модуро пас аз гуфтугӯ бо Александар Жуков, муъовини раиси порлумони Русия гуфт: "Иснувден фарде аст, ки ҳақиқатро гуфта ва мехоҳад қавонини байналмилалии башардӯстона аз ӯ ҳимоят кунанд."

Вазорати умури хориҷаи Финлонд эълом карда, ки тақозои паноҳандагӣ танҳо дар сурате қобили баррасӣ буд, ки агар оқои Иснувден дар хоки ин кишвар қарор медошт. Мақомоти ҷумҳурии Ирлонд низ баёнияе мушобеҳи Финлонд содир кардаанд.

Аз суи дигар IBN, шабакаи инглисизабони Ҳинд хабар дода, ки ин ин кишвар тақозои паноҳандагии оқои Иснувденро ба далели адами вуҷуди "асноди тронзитӣ" наметавонад иҷро кунад.

Сафорати Утриш (Австрия) дар Маскав гуфтааст дахости паноҳандагии оқои Иснувденро дарёфт кардааст.

Интиқод аз Убомо

Дар айни ҳол сойти Викиликс баёнияи Эдворд Иснувденро мунташир карда, ки дар он аз Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико интиқод мешавад. Ӯ гуфтааст, раиси ҷумҳури Омрико ба ӯ ҳаққи тақозои паноҳандагиро қоил нест.

Ин нахустин баёнияе аст, ки пас аз вуруди ӯ ба қаламрави Русия дар рӯзи 23 июн мунташир мешавад.

Пештар Омрико хоҳони истирдоди "бидуни таъхири" оқои Иснувден шуда буд. Аммо Русия ва Омрико барои истирдоди муттаҳамон қарордоде надоранд ва дархости Омрико барои истирдоди ӯ борҳо аз сӯйи мақомҳои рус рад шудааст.

Бо ин ҳол, раиси ҷумҳурии Русия гуфта, ки сервисҳои иттилоъотии кишвараш бо Иснувден ҳамкорӣ накарда ва намекунанд.

Оқои Иснувден гуфтааст раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ба кишварҳое, ки ӯ аз онҳо дархсоти паноҳандагӣ карда фишор ворид мекунад.

Сойти Викиликс суханони оқои Иснувденро овардааст: "Президент ба муъовини худ амр додааст, ба раҳбарони кишварҳое, ки ман аз онҳо дархости ҳимоят кардаам, фишор биёварад, то ба дархости паноҳандагии маро амалӣ накунанд."

"Ин фиребе, ки яке аз раҳбарони ҷаҳонӣ ба он мутавассил мешавад, ҳаргиз адолат нест ва амалан муҷозоте аст ба шакли табъид, ки қонун онро пешбинӣ накардааст. Ҳадафи онҳо тарс додани ман нест, балки тарс додани онҳое аст, ки метавонанд аз ман пайравӣ кунанд."

Дар баёнияи худ оқои Иснувден худро фарди бидуни тобеъият меномад ва давлати Омрикоро ба талош барои маҳрум кардани ӯ аз "ҳуқуқи бунёдии бархурдорӣ аз паноҳгоҳ" муттаҳам мекунад.

Мавзуъи истирдоди Эдворд Иснувден дар рӯзҳои ахир боъиси танишҳои физояндаи байни Омрико бо Русия ва Чин шуааст.

Омрико ин ду кишварро муттаҳам мекунад, ки ба ин ифшогар кумак кардаанд. Иттиҳоме, ки Русияву Чин онро инкор мекунанд.

Эдворд Иснувден 30-сола мавзуъи ҷамъоварии иттилоъоти шаҳрвандони омрикоӣ тавассути Ожонси иттилоъоти миллии Омрикоро фош кард ва гуфт, ки ин корро "дар дифоъ аз озодиҳои асосии мардуми саросари ҷаҳон" анҷом додааст.

Вазорати додгустарии Омрико ӯро ба ҷосусӣ ва сирқати асноди маҳрамона муттаҳам карда ва Омрико гузарномаи ӯро ботил кардааст.

Матолиби муртабит