Иснувден аз Русия 'дархости паноҳандагӣ кард'

Ба гуфтаи мақомҳои расмии Русия, Эдворд Иснувден, паймонкори собиқи Созмони Амнияти Миллии Омрико ва таҳлилгари собиқи Созмони Иттилоъоти Марказии Омрико (СИО), аз Русия дархости паноҳандагии сиёсӣ кардааст.
Ким Шевченко, аз масъулони вазорати хориҷаи Русия, гуфтааст, ки оқои Иснувден дархости худро якшанбешаб матраҳ кардааст.
Ҳанӯз Кремлин вокунише ба дархости паноҳандагии оқои Иснувден нишон надодааст.
Каме пештар Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, ба Эдворд Иснувден ҳушдор дода буд, ки агар мехоҳад дар Русия бимонад, бояд ифшои иттилоъоти маҳрамонаи Омрикоро мутаваққиф кунад.
Ӯ гуфта буд, ки Русия "ҳеҷ вақт касеро ба кишваре дигар мустарад намекунад ва ангезае ҳам барои ин кор надорад."
Оқои Путин гуфт, ки оқои Иснувден озод аст, ки ба ҳар ҷое, ки ба ӯ паноҳандагӣ бидиҳанд биравад.
Гуфта мешавад, ки оқои Иснувдени 30-сола, дар ҳоли ҳозир дар ҳутеле дар фурудгоҳи Маскав ба сар мебарад.
Омрико ӯро ба ҷосусӣ ва сирқат ва интишори ҳазорон санади табақабандишудаи иттилоъотии ин кишвар муттаҳам кардааст.
Пештар Омрико хоҳони истирдоди "бидуни таъхири" оқои Иснувден шуда буд. Аммо Русия ва Омрико барои истирдоди муттаҳамон қарордоде надоранд ва дархости Омрико барои истирдоди ӯ борҳо аз сӯйи мақомҳои рус рад шудааст.
Бо ин ҳол, раиси ҷумҳурии Русия гуфта, ки сервисҳои иттилоъотии кишвараш бо Иснувден ҳамкорӣ накарда ва намекунанд.
Мавзӯъи истирдоди Эдворд Иснувден дар рӯзҳои ахир боъиси танишҳои физояндаи байни Омрико бо Русия ва Чин шуааст.
Омрико ин ду кишварро муттаҳам мекунад, ки ба ин ифшогар кумак кардаанд. Иттиҳоме, ки Русияву Чин онро инкор мекунанд.
