Эътироз ба боздошти шарики зиндагии рӯзноманигори "Гордиян" дар фурудгоҳи Ҳитрув

  • 19 Август, 2013
Глен Гринволд самти рост ва Девид Мирондо
Image caption Глен Гринволд самти рост ва Девид Мирондо

Раиси Кумитаи умури кишварии маҷлиси авоми Бритониё мегӯяд, ки пулиси ин кишвар бояд дар мавриди боздошти шарики зиндагии як рӯзноманигори "Гордиян" дар фурӯдгоҳи Ҳитруви Лондон тавзеҳи қонеъкунанда бидиҳад.

Девид Мирондо, як шаҳрванди бразилӣ, партнери (шарики зиндагии) Глен Гринволд, рӯзноманигори "Гордиян" аст, ки аснод ва мадорикеро, ки Эдворд Иснувден, ифшогари иттилоъоти маҳрамонаи давлати Омрико дар ихтиёри ӯ гузошта, дар рӯзномаи "Гордиян" мунташир кардааст.

Давлати Бразил аз боздошти шаҳрванди худ ибрози нигаронии амиқ карда ва онро "тавҷеҳнопазир" хондааст.

Девид Мирондо дар масири парвоз аз Берлин ба Рию ду Жонейру зимни таваққуфи кӯтоҳ дар фурудгоҳи Ҳитрув барои 9 соъат боздошт шуд.

Бано ба гузориши "Гордиян", пулис телефуни ҳамроҳ, лаптоп, дивидӣ ва дигар васоили ӯро қабл аз озод карданаш забт кард.

Эътирози рӯзномаи "Гордиян"

Рӯзномаи "Гордиян" дар ин маврид гуфт "боздошти партнери рӯзноманигори "Гордиян", ки дар бораи сервисҳои амниятӣ ва иттилоъотӣ матлаб менависад, боъиси нигаронии амиқи мо шудааст. Шарики зиндагии ин рӯзноманигор наздик ба 9 соъат дар фурудгоҳи Ҳитрув боздошт шудааст. Мо хостори рӯшан шудани ин мавзуъ аз суи мақомоти бритониёӣ ҳастем."

Таҳти модаи ҳафти қонуни зидитерурисми соли 2000, пулиси Бритониё метавонад то нуҳ соъат афродро дар мавриди эҳтимоли фаъолиятҳои терруристӣ мавриди бозҷӯӣ қарор диҳад.

Ба гуфтаи Бен Анду, хабарнигори Би-би-сӣ истифода аз ин қудрати қонунӣ бояд ба ҳади муносиб ва муқтазо анҷом гирад.

Ба гуфтаи вазорати кишвари Бритониё беш аз 97 дарсад аз мавориди бозҷӯӣ камтар аз як соъат тул мекашад.

Пулиси Бритониё дар баёнияе гуфт: "Соъати 8:05 рӯзи якшанбе, 18 моҳи август, як марди 28-сола таҳти модаи 7 қонуни зидитерурисми 2000 дар фурудгоҳи Ҳитрув мутаваққиф шуд. Ӯ таҳти боздошт дарнаёмад ва дар соъати панҷи баъд аз зуҳр озод шуд."

Глен Гринволд, рӯзноманигори "Гордиян" гуфтааст, ки иқдоми мақомоти бритониёӣ ба масобеҳи "озор ва зӯргӯӣ" будааст. Оқои Гринволд гуфт, ки ин масъала ба гузоришҳои ӯ дар бораи Эдворд Иснувден ва ифшогариҳои ӯ дар бораи сервисҳои иттилоъотии давлати Омрико муртабит аст.

Глен Гринволд дар мавриди раванди бозҷӯӣ аз партнери худ гуфт "Аз ӯ ҳеҷ чиз дар бораи терурисм ва ё иртибот бо созмонҳои терруристӣ пурсида нашуд. Фақат тамомии рӯз дар бораи кори ман дар рӯзномаи "Гордиян" ва хабарнигорони дигари ин рӯзнома аз ӯ бозҷӯӣ кардаанд."

Матолиби муртабит