Падари ифшогари омрикоӣ ба Русия меравад

  • 12 Август, 2013
Image caption Лун Иснувден (рост) таърихи сафараш ба Русияро эълом накард

Падари Эдворд Инснувден, ифшогари иттилоъотии омрикоӣ, ки ба Русия паноҳанда шудааст, мегӯяд, ки базудӣ барои дидор бо писараш ба Русия сафар хоҳад кард.

Лун Иснувден рӯзи якшанбе ба шабакаи Эй-би-сии Омрико гуфт, ки агар меъёрҳои қазоӣ бадурустӣ ва ба таври одилона эъмол шавад, ӯ аз бозгашти писараш ба Омрико ҳимоят мекунад.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки писараш дар мавриди барномаҳои ҷосусии Созмони Амнияти Миллии Иёлоти Муттаҳида (Эн-эс-ой) "ҳақиқатро" гуфта ва "фидокории бузурге" кардааст.

Давлати Борок Убомо, Эдворд Иснувден, паймонкори собиқи созмони Эн-эс-ойро ба ҷосусӣ ва сирқати асноди маҳрамона муттаҳам карда ва хоҳони истирдоди ӯст.

Падари оқои Иснувден дарёфти визои Русияро таъйид кард, аммо нагуфт, ки чӣ рӯзе ба ҳамроҳи вакили худ қасди сафар ба Маскавро дорад.

Эътои паноҳандагӣ ба Эдворд Иснувден таниши диплумотики бузурге байни Русия ва Омрико падид овардааст.

Image caption Омрико визои Эдворд Иснувденро ботил кардааст.

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, ҷумъаи гузашта тарзи тафаккури Русия дар эътои паноҳандагӣ ба Эдворд Иснувденро "ақибмонда" тавсиф кард.

Оқои Убомо ҳамчунин барномаи дидори моҳи ояндаи худ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русияро лағв кардааст.

Эдворд Иснувден рӯзи 23 июн аз Ҳунгкунг ба Маскав сафар кард.

Чанд кишвари Омрикои Лотин, аз ҷумла Венезуэло ва Экводур, барои эътои паноҳандагӣ ба ӯ эъломи омодагӣ карда буданд, аммо вай саранҷом пас аз панҷ ҳафта интизор дар бахши тронзити фурудгоҳи Маскав аз давлати Русия паноҳандагии муваққат дарёфт кард.

Дарзи иттилоъотии Эдворд Иснувден, ки дар чанд даҳаи гузашта камсобиқа буда, боъис шудааст, ки давлати оқои Убомо тасмим бигирад дар наҳваи ҷамъоварии савобиқи муколимоти телефунии шаҳрвандон тағйироте эҷод кунад.

Фаъъолони либерол дар Омрико Эдворд Иснувденро қаҳрамон медонанд, зеро ӯ барномаҳоеро бармало кардааст, ки ба бовари ин фаъъолон ҳуқуқи асосии мундариҷ дар Қонуни Асосии Иёлоти Муттаҳидаро нақз мекунад.

Аммо Борок Убомо рӯзи ҷумъа "меҳанпараст" будани ин шаҳрванди Омрикоро рад кард.

Давлати оқои Убомо таъкид дорад, ки барномаҳои ҷосусии мухобиротӣ ва сойберии бармалошуда қонунӣ буданд ва боъис шуда буданд, ки созмонҳои иттилоъотӣ битавонанд шуморе аз ҳамалоти теруристиро хунсо кунанд.

Матолиби муртабит