Талоши Омрико барои костан аз хашми Фаронса дар бораи шунуди муколимот

  • 22 Октябр, 2013
Image caption Улонд аз Омрико хоҳони тавзеҳ шуд

Омрико саъй мекунад то аз хашми Фаронса бобати хабари забти милюнҳо муколимаи мардуми ин кишвар, ки ба Созмони амнияти миллии Омрико дода шуда, бикоҳад.

Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, бо ҳамтои фаронсавиаш, Фронсуо Улонд тамос гирифт, то дар бораи хабаре, ки дар рӯзномаи Лумунд чоп шуда буд, суҳбат кунад.

Ҳамзамон Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико ҳам аз Фаронса ба унвони яке аз "ҳампаймонони қадимии Омрико" ёд кард.

Дар гуфтугӯе бо Борок Убомо, оқои Улонд гуфт, ки "амиқан мухолифи" иддаъоҳои мунташиршуда аст.

Дар матолиби рӯзномаи Лумунд, ки ба нақл аз мадорики ифшошуда тавассути Эдворд Иснувден мунташир шуда, омада, ки Созмони амнияти миллии Омрико телефунҳои туҷҷор, мазнунони амалиёти теруристӣ ва мақомҳои фаронсавиро забт мекардааст.

Дар баёнияе Кохи Сафед гуфтугӯи ду раиси ҷумҳуриро дар бораи гузоришҳои ҷадид унвон кардааст.

Дар баёния омада, ки бахшҳое аз ин ахбор мадхуш аст ва бахшҳое дигар "суолҳои машрӯъе" барои ҳампаймонони Омрико эҷод карда, ки ин иттилоъотро дар куҷо ба кор мебаранд.

Ин баёния меафзояд, ки оқои Убомо машғули мурури шеваҳое аст, ки бо он Омрико ба иттилоъот даст меёбад: "То ба тавозуне байни амнияти шаҳрвандон ва муттаҳидони Омрико бо риъояти ҳарими хусусии афрод бирасем, ки хости ҳама аст."

Дар муқобил оқои Улонд гуфта, ки чунин корҳое байни дӯстон ва муттаҳидон "ғйриқобили қабул" аст.

Дар баёнияе, ки дафтари раёсати ҷумҳурии Фаронса мунташир карда, оқои Улонд нисбат ба аз байн рафтани ҳарими хусусии шаҳрвандони Фаронса ибрози нигаронӣ карда ва аз Омрико хостори тавзеъ шудааст.

Ҷон Керрӣ, ки барои дидор бо сарони Иттиҳодияи Араб дар Порис ба сар мебарад, хабар дода, ки ду кишвар ба сурати дуҷониба барои аз байн бурдани мушкилоти мобайнашон талош мекунанд.

Оқои Керрӣ гуфт: "Ҳифозат аз амнияти шаҳрвандон ин рӯзҳо кори печида ва сахт аст... Барои ин ки одамҳои зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд ба ҳамнавъашон зарба бизананд."

Пештар сухангӯйи Созмони амнияти миллии Омрико дар баёнияе гуфта буд, ки созмони онҳо коре карда, ки созмонҳои амниятии ҳамаи кишварҳо анҷом медиҳанд.

Аммо ин тавзеҳот кофӣ набуд ва фаронсавиҳо сафири Омрикоро ба вазорати хориҷаи ин кишвар эҳзор карданд.

Рӯзномаи Лумунд бар асоси мадорике, ки тавассути Эдворд Иснувден аз кормндони собиқи дастгоҳҳои иттилоъотии Омрико ифшо шуда навиштааст, ки Созмони амнияти миллии Омрико муколимоти туҷҷор, мақомот ва мазнунони фаъъолиятҳои теруристиро дар Фаронса шунуд мекардааст.

Ба гуфтаи ин рӯзнома, Созмони амнияти миллии Омрико беш аз 70 милюн муколимаи телефуниро ба муддати 30 рӯз ва дар ҳадди фосили 10 декабри соли гузашта то 8 январи соли ҷорӣ шунуд кардааст.

Матолиби муртабит