Омону дар Теҳрон, эҳтимоли тавофуқи Теҳрон бо ОБЭА

Юкио Омону, мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ, вориди Теҳрон шуд, то бо раиси ҷумҳур, вазири хориҷа ва раиси Созмони энержии атумии Эрон дидор кунад. Дар ин сафар ҳайъати музокиракунандаи фаннӣ ва коршиносони ожонс оқои Омонуро ҳамроҳӣ мекунанд
Оқои Омону пеш аз тарки Виен ба мақсади Теҳрон ба хабаргузорон гуфт: "Мо ба марҳалаи бисёр муҳимме расидаем ва ман тасмим гирифтам даъвати оқои Солеҳиро қабул кунам."
"Эрон моҳи пеш пешниҳоди тозае ба ожонс дод, ки ҳовии иқдомоте амалӣ барои тақвияти ҳамкорӣ ва гуфтугӯ буд ва мо мехоҳем онро пеш бибарем."
Умедворам дидори пеширӯ натоиҷи аёнӣ дошта бошад; дар бораи ин ки чи гуна рӯ ба ҷилав ҳаракат кунем ва тамоми масоили боқимондаро ҳалл кунем ва ин итминон эҷод шавад, ки барномаи ҳастаии Эрон "сирфан барои мақосиди сулҳомез аст."
Манобеъи наздик ба ҳайъати музокиракунандаи Эрон муътақиданд ба таври қотеъ дар музокироти имрӯз (душанбеи 11 ноябр) тавофуқномаи ҳамкории ҷадиде имзо хоҳад шуд.
Бар асоси гузоришҳо, дар музокироти қаблӣ Эрон ва ожонс бар рӯйи "чаҳорчӯби ҳамкорӣ" ба тафоҳум расидаанд ва дар музокироти имрӯз матни ин тавофуқнома ниҳоӣ шуда ва ба имзои оқои Омону ва Алиакбар Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атумии Эрон хоҳад расид.
Як диплумоти ғарбӣ дар ин бора ба хабаргузории Фаронса гуфтааст "танҳо далеле, ки боъиси сафари оқои Омону ба Теҳрон шуда, ин аст, ки ӯ итминон дорад тавофуқе ҳосил хоҳад шуд."
Оқои Омону аввали хурдодмоҳ, пеш аз музокироти Эрон бо 5+1 дар Бағдод, ба Теҳрон сафар карда буд, аммо он сафар ҳосиле дар бар надошт.
Аз он замон бо интихоби Ҳасани Рӯҳонӣ ба раёсати ҷумҳурӣ ва "пешрафтҳое", ки дар ду даври музокираи Эрон ва 5+1 эҷод шуда, эҳтимоли ин ки Эрон ва ожонс ба тавофуқи тозае бирасанд, афзоиш пайдо карда; ҳарчанд мудири кулли жопунии ожонс ин сафарро мустақил аз гуфтугӯҳои Эрон ва 5+1 тавсиф кардааст.
Бо ин ки Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ ба таври мураттаб аз таъсисоти ҳастаии Эрон боздид мекунад, аммо ин созмон аз Теҳрон мехоҳад ба иттиҳомҳое мабнӣ бар ин ки Эрон пеш аз соли 2003 ва ҳатто баъд аз он ба дунболи сохти бумби атумӣ буда, посух диҳад.
Эрон ин иттиҳомро ҳамвора рад карда ва гуфта фақат ба дунболи истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ аст.
Мақомоти эронӣ борҳо таъкид кардаанд бозрасони ожонс то кунун ҳеҷ мадраке пайдо накардаанд, ки Эрон ба дунболи сохти бумби атумӣ аст ва иттиҳомҳо бештар бар пояи он чи ки СИО ва Мусод, созмонҳои иттилоъоти Омрико ва Исроил мегӯянд, бино шудааст.
Ожонс аз Эрон мехоҳад ба таъсисоте, ки дар бораи онҳо суол дорад, дастрасӣ дошта бошад, аз ҷумла сойти низмоии Порчин, ки гуфта мешавад дар он инфиҷорҳои озмоишӣ анҷом гирифта, ки метавонад "нишонаҳои қавӣ аз сохти эҳтимолии силоҳи ҳастаӣ" бошад.
Сафари оқои Омону дар поёни се рӯзи музокироти фишурдаи Эрон ва 5+1 анҷом мешавад, ки бо вуҷуди пешрафтҳо ва хушбиниҳо бидуни натиҷа ба поён расид; дар ҳоле ки вузарои хориҷаи Омрико, Фаронса, Бритониё, Олмон ва Русия барномаҳои худро барои ширкат дар гуфтугӯҳо тағйир дода буданд.
Ба назар мерасид Эрон бо пазириши таълиқи муваққати ғанисозии 20-дарсадӣ ё маҳдқуд кардани ғанисозӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ ба тавофуқ мерасад ва дар иваз таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон сабуктар мешавад; аммо исрори Фаронса бар маҳдуд шудани фаъъолияти нерӯгоҳи оби сангини Арок сабаб шуд музокирот бо вуҷуди талошҳо ба натиҷа нарасад.
Бо вуҷуди ин ки гуфтугӯйи Эрон ва 5+1 бенатиҷа хотима ёфт, аммо даври баъдии гуфтугӯҳо нуҳ рӯзи дигар дар Жененв анҷом хоҳад шуд ва тавофуқи Эрон бо ожонс метавонад раванди онро тасҳил кунад.
