Музокироти ҳастаии Женев бидуни тавофуқ поён ёфт

Баъд аз беш аз се рӯзи музокироти фушурда миёни Эрон ва гурӯҳи 5+1 дар Женеви Суис (Швейтсария) қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон бидуни тавофуқ ба гуфтугӯҳои худ поён доданд, аммо таъкид карданд, ки даври баъдии музокирот бар сари барномаи ҳастаии Эрон дар камтар аз ду ҳафтаи дигар баргузор хоҳад шуд.
Ин гуфтугӯҳо ки дар ду рӯзи поёнӣ бо ҳузури вузарои хориҷаи кишварҳои музокиракунанда ва танҳо дар ғиёби вазири хориҷаи Чин, бисёр ҳассос ва "умедбахш" шуда буд, рӯзи шанбе (9 ноябр) то посе аз шаб ба дарозо кашид ва дар ниҳоят Котрин Эштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар соъоти оғозини рӯзи якшанбе ба хабарнигорон гуфтанд "бо хушбинӣ ба даври баъдии музокирот хоҳанд рафт".
Хабари "адамаи тавофуқи" тарафайн дақоиқе пеш аз ин конфаронси хабарӣ ва тавассути Лурон Фобиюс, вазири умури хориҷаи Фаронса мунташир шуда буд. Оқои Фобиюс, ки аз ӯ ба унвони мухолифи аслии тавофуқ дар урдуи кишварҳои ғарбӣ ёд шудааст, ба хабарнигорон гуфта буд, ки кишвараш ҳанӯз ба аҳдофе, ки дар ин музокирот интизор дошта, нарасидааст.
Муҳаммад Ҷавод Зариф ҳам соъоте пеш аз поёни ин музокирот гуфта буд, ки хушбинӣ барои ҳусули як тавофуқ миёни кишвараш ва қудратҳои ҷаҳонӣ камранг шуда, аммо агар тавофуқе ҳам дар ин давр аз музокирот ҳосил нашавад, фоҷеъае рӯй надода аст.
Оқои Зариф соъоте пеш аз поёни музокирот дар Женев ва дар мусоҳибае ихтисосӣ бо Ҷереми Боуэн, сардабири Ховари Миёнаи Би-би-сӣ, гуфт мумкин аст, ки Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ дар ин даври музокирот ба тавофуқ нарасанд, аммо: "Ин ки дар ин даври музокирот ба натиҷа нарасем, фоҷеъа нест, чун ин оғози як раванд аст."
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, таҳримҳои шадиди бонкӣ ва нафтӣ алайҳи Эрон далели тағйири равияи Эрон нест: "Натиҷаи холиси таҳримҳо сохти 19 ҳазор сонтрифюж ва ҳамчунин душвориҳо барои мардуми Эрон будааст."
Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт Ғарб наметавонад бо расидани чунин натиҷае "муддаъии пирӯзӣ шавад."
Ин дар ҳоле аст, ки Оқои Зариф соъоте пештар аз расидан ба марҳалаи танзими тавофуқнома миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ хабар дода буд.
Бо вуҷуди адами тавофуқи тарафайн дар ин музокирот гуфтугӯҳои дуҷониба ва сеҷонибаи бесобиқа миёни намояндагони олирутбаи Эрон ва Омрико дар ҷараёни ин гуфтугӯҳо рӯй дод, ки дар навъи худ ва пас аз қатъи равобити диплумотики миёни Теҳрон ва Вошингтун, бесобиқа буд.
Вазири хориҷаи Эрон дар конфаронси хабарии поёнии ин музокирот гуфт: "Маъюс нестам. Ихтилофҳо табиъӣ аст. Аммо ҳамин ҷаласаи охир хеле хуб буд, чаро ки нишон дод иродаи сиёсӣ барои расидан ба як тавофуқ вуҷуд дорад."
Хонуми Эштун ҳам дар посух ба саволи хабарнигоре, ки аз нақши Фаронса дар ба натиҷа нарасидани ин музокирот гуфт: "Ба ҷузъиёт нахоҳам пардохт, аммо бояд бигӯям, ки ҳамаи вузарои хориҷа ба ин ҷо омада буданд то барои расидан ба натиҷа ба ҳам кумак кунем."
Ҷон Керрӣ: Пешрафти бисёр чашмгире доштем
Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико дақоиқе пас аз конфаронси хабарии Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Котрин Эштун гуфт: "Дар музокироти ҳастаӣ бо Эрон пешрафти бисёр чашмгире доштем."
Вазири хориҷаи Омрико музокироти серӯза миёни гурӯҳи 5+1 ва Эронро ҳамроҳ бо "эҳтироми мутақобил" хонд ва гуфт, ки бидуни иғроқ таъкид мекунад, ки дар ин гуфтугӯҳо "на танҳо ихтилофи назарҳо коҳиш ёфт, балки ба назари воҳиде наздик шудем."
Вазири хориҷаи Омрико таъкид кард ки барои эътимодсозии муҷаддад миёни Теҳрон ва Вошингтун замон лозим аст ва он чи ӯ "беэътимодии" шаклгирифта аз соли 1979 миёни ду кишвар номид, бояд ба мурури замон бартараф шавад.
Вай дар посух ба саволи Ким Ғаттос, гузоришгари Би-би-сӣ, ки аз "мухолифати Фаронса" барои ҳусули як тавофуқ дар ин музокирот пурсид, гуфт: "Таъкиди президент Убомо ҳам пеш аз омадани ман ба ин ҷо ин буд, ки барои расидан ба тавофуқ аҷала накунед. Президент гуфт ба тавофуқ нарасидан беҳтар аз ба тавофуқи бад расидан аст." Оқои Керрӣ дар идома гуфт, ки кишварҳои ширкаткунанда дар ин музокирот ҳар як нигарониҳои худро доранд ва музокирот ҳам барои коҳиши ихтилофҳо ва таъмини назари ҳамаи тарафҳои музокира анҷом мешавад.
Оқои Керрӣ дар идома гуфт Кохи Сафед ҳамчунон ки Борок Убомо дар ибтидои вурудаш ба Кохи Сафед таъкид карда, ба дунболи ин ҳадаф аст ки итминон ёбад Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст пайдо намекунад.
Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки дар роҳи расидан ба ин ҳадаф "диплумосӣ" метавонад беҳтарин силоҳ барои ҷилавгирӣ аз густариши силоҳҳои ҳастаӣ бошад.
Ҷон Керрӣ ба ҳамроҳи вузарои хориҷаи Олмон, Русия, Фаронса ва Бритониё ҳамагӣ дар рӯзи поёнии ин музокирот ба Женев омада буданд, то дар сурати ниҳоӣ шудани тавофуқи ҳастаӣ бо Теҳрон имзокунандаи ин тавофуқнома бошанд, аммо акнун барои идомаи ин музокирот дар ҳафтаҳоии оянда, эҳтимолан сатҳи музокироти дубора ба сатҳи муъовинон ва коршиносон тақлил хоҳад ёфт.
