Женев пас аз 'пешрафт' дар музокирот имрӯз ҳам мизбони Эрон ва Ғарб аст

Севумин рӯз аз музокироти ҳастаии Эрон ва Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" муташаккил аз панҷ узви доими Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва Олмон, имрӯз, шанбеи 18 обонмоҳ (9 ноябр) анҷом мешавад.
Рӯзи ҷумъа ҳайъати эронӣ ва намояндагони Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" музокироти фишурдае доштанд. Пас аз он, Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, ва Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, дишаб бо ҳам гуфтугӯ карданд.
Котрин Аштун, раиси ҳайъати музокиракунандаи Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як", низ дар ин дидор ҳузур дошт.
Мойкл Мон, сухангӯйи Котрин Аштун, Аббоси Ароқчӣ, муъовини вазири умури хориҷаи Эрон, ва як мақоми аршади вазорати умури хориҷаи Омрико, ин гуфтугӯро мусбат хонданд ва гуфтанд бо пешрафт ҳамроҳ будааст.
Аммо онҳо дар айни ҳол гуфтаанд, ки ҳамчунон корҳои зиёде ҳаст, ки бояд анҷом шавад.
Дирӯз Ҷон Керӣ, Вилём Ҳейг, Лурон Фобиюс ва Гиду Вестервеле, вазирони умури хориҷаи Омрико, Бритониё, Фаронса ва Олмон, бо тағйири барномаҳои худ вориди Женев шуданд.
Сергей Ловруф, вазири умури хориҷаи Русия, ва як диплумоти аршади чинӣ низ озими ин шаҳр шудаанд ва дар музокироти имрӯз ба онҳо мулҳақ хоҳанд шуд.
Музокироти имрӯз дар сатҳи вазирони умури хориҷа хоҳад буд.
Тарафайн дар бораи тавофуқи ниҳоӣ дар ин музокирот ибрози хушбинӣ кардаанд.
Таълиқи ғанисозии урониюм ва тахфиф дар таҳримҳо аз мавзӯъоти меҳварии музокирот аст. Эрон мехоҳад барои тавлиди энержӣ ба ғанисозии урониюм идома диҳад, аммо кишварҳои ғарбӣ нигарони тавлиди силоҳи ҳастаӣ тавассути Эрон ҳастанд ва мехоҳанд, ки Эрон ғанисозии урониюмро мутаваққиф кунад.
Эрон гуфтааст, ки дар гоми нахуст лағви таҳримҳо бояд мавриди таваҷҷуҳ бошад.
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфтааст ҳусни нияти ду тараф замонати иҷрои ҳар гуна тавофуқномаест. Вай дар сафҳаи Фейсбуки худ аз мардуми Эрон хостааст, ки барои муваффақияти музокирот дуъо кунанд.
Ин дувумин давр аз музокироти ҳастаии Эрон ва кишварҳои ғарбӣ аз замони рӯйи кор омадани Ҳасани Рӯҳонӣ аст. Даври аввали ин музокирот рӯзҳои 23 ва 24 меҳрмоҳ (15 ва 16 октябр) дар Женев анҷом шуд.
Даври дувуми музокирот аз рӯзи панҷшанбе оғоз шуд ва ибтидо қарор буд дурӯза бошад ва то ҷумъа идома ёбад. Аммо ба гуфтаи хабарнигорон, акнун ҳатто мумкин аст ба рӯзи якшанбе ҳам кашида шавад.
