Даври ҷадиди гуфтугӯҳои ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 оғоз шуд

Даври ҷадиди музокироти ҳастаии Эрон оғоз шудааст.
Рӯзи панҷшанбе, 16 обон (7 ноябр) дар соъати 11 ба вақти Женев, нишасти намояндагони Эрон ва кишварҳои узви гурӯҳи 5+1 бо ҳузури Котрин Эштун, намояндаи олии Иттиҳодияи Урупо дар умури хориҷа ва сиёсати амниятии Иттиҳодияи Урупо ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ дар мақари урупоии Созмони Милал кори худро оғоз кард.
Пас аз ифтитоҳи ҷаласа музокироти Эрон ва кишварҳои узви гурӯҳи 5+1 шомили Омрико, Бритониё, Чин, Русия ва Фаронса (аъзои доими Шурои Амният) ва Олмон дар сатҳи муъовинон ва мақомоти аршади вазорати хориҷаи ин кишварҳо ба муддати ду рӯз идома хоҳад дошт. Раёсати ҳайати Эронро Аббоси Ароқчӣ, аз муъовинони вазорати хориҷа бар уҳда дорад.
Пеш аз оғози нишаст, хонуми Эштун ва оқои Зариф бо ҳузур дар як субҳонаи корӣ, ба гуфтугӯи муқаддамотӣ пардохтанд. Вазири хориҷаи Эрон дар поёни ин нишаст гуфт агар ҳамаи тарафҳои музокира ҳадди аксари талоши худро ба кор гиранд, метавон интизори муваффақият дошт.
Вай дар посух ба ин савол, ки оё дастёбӣ ба тавофуқро имконпазир ҳам медонад, гуфт ки "дар интизори музокироти ҷиддӣ ҳастем, ва [ҳусули тавофуқ] мумкин аст."
Вай пештар дар матлабе дар Фейсбуки худ навишта буд, ки "баъд аз ҷаласаи ифтитоҳия музокироти бисёр душвор, ки акнун дар марҳалаи вуруд ба ҷузъиёт расида, ки ҳамеша сахт ва дақиқ аст, байни ҳамкорони ман ва ҳайатҳои 5+1 шуруъ мешавад."
Рӯзи гузашта як мақоми аршади Омрико гуфт, ки агар Эрон дар ростои баровардани хости ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мавриди таълиқи бахше аз барномаи ҳастаии худ гомҳо бардорад, Иёлоти Муттаҳида омодагӣ дорад то таҳримҳои кунуниро "ба таври муваққат ва маҳдуд" коҳиш диҳад.
Таҳримҳои якҷонибаи Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо ҳамроҳ бо танбеҳҳои байналмилалӣ вазъшуда тавассути Шурои Амнияти Созмони Милал, Эронро дар шароити душвори иқтисодӣ қарор додааст.
Музокироти душвар
Аввалин нишасти Женев рӯзи 23 октябр (15 меҳр) баргузор шуд ва дар оғози ҷаласа вазири умури хориҷаи Эрон куллиёти тарҳи пешниҳодии худро барои ширкаткунандагон тавзеҳ дод, ҳар чанд муҳтавои ин пешниҳод интишор наёфта ва тарафҳои гуфтугӯ эълом кардаанд, ки феълан аз ифшои он худдорӣ меварзанд.
Нишасти аввали Женев дар ҳоле баргузор шуд, ки тайи чанд соли ахир чанд даври музокираи байни намояндагони гурӯҳи 5+1 ва Эрон баргузор шуда аммо ба натиҷа нарасида буд. Идомаи барномаҳои ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ дар ин муддат ба тасвиби чанд қатъномаи Шурои Амният, шомили танбеҳҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон ва ҳамчунин вазъи таҳримҳои шадиди якҷонибаи кишварҳои ғарбӣ мунҷар шудааст.
Кишварҳои ғарбӣ бо ибрози тардид нисбат ба моҳияти сулҳомези барномаҳоии ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ, давлати Эронро муттаҳам кардаанд, ки дар садади дастёбӣ ба таслиҳоти атумӣ аст. Ин кишварҳо хостори иҷрои мусавваботи Шурои Амният, шомили таълиқи бахше аз барномаи ҳастаии Эрон, ба хусус ғаниисозии урониюм то замони касби итминони ҷаҳонӣ нисбат ба сулҳомез будани ин барномаҳо шудаанд.
Эрон бо радди мусавваботи Шурои Амният таъкид доштааст, ки ҳадафи ин кишвар аз ғанисозии урониюм тавлиди сӯхт барои реоктури атумӣ ва ҳамчунин нерӯгоҳҳои ҳастаӣ аст, ки дар назар дорад дар оянда таъсис кунад.
Оқои Зариф дар рӯзҳои ахир нисбат ба дастёбӣ ба навъе тавофуқ бо кишварҳои гурӯҳи 5+1 ва дар натиҷа эҳтимоли коҳиш ё лағви таҳримҳои байналмилалӣ ибрози хушбинӣ кардааст, ҳарчанд пештар оятуллоҳ Алии Хоменаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ назаре мутафовитро иброз карда буд. Бархе нозирон гуфтаанд, ки барномаҳои ҳастаии Эрон ҳамонанди сиёсати хориҷӣ зери назари раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ қарор дорад.
Дар остонаи баргузории даври ҷадиди музокироти ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1, ки қарор аст ду рӯз ба тул анҷомад, ба нақл аз бархе манобеъи омрикоӣ гузориш шуд, ки дар сурати вокуниши мусбати Ҷумҳурии Исломӣ ба хостҳои байналмилалӣ дар мавриди барномаи ҳастаии ин кишвар Иёлоти Муттаҳида омодаи бознигарии таҳрим алайҳи Эрон аст.
Дар айни ҳол мушаххас нест, ки бо вуҷуди таъкиди мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ бар идомаи ғанисозӣ ва нигаронии кишварҳои ғарбӣ нисбат ба ин барнома, дастёбии қарубулвуқуъ ба тавофуқи дуҷониба то чӣ андоза имконпазир аст .
