Дувумин рӯзи музокироти Эрон ва 5+1 дар Женев

Дувумин рӯзи музокироти Эрон ва 5+1 дар Женев дар ҳоле оғоз мешавад, ки Ҷон Керрӣ, Лурон Фобиюс ва Вилиём Ҳейг, вузарои хориҷаи Омрико, Фаронса ва Бритониё барои пайвастан ба музокирот озими Женев шудаанд ва бархе диплумотҳо изҳори умедворӣ кардаанд, ки имкони тавофуқ вуҷуд дорад.
Дирӯз нахустин рӯзи иҷлоси ҳастаии Женев бо ибрози умедвории Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ба пешрафти музокирот поён ёфт.
Мойкл Мон , сухангӯйи Котрин Аштун, намояндаи олии Иттиҳодияи Урупо дар умури хориҷа гуфт, ки музокира бахубӣ оғоз шуда, аммо тамомии тарафҳо тавофуқ кардаанд аз ифшои ҷузъиёти музокира худдорӣ варзанд.
Сухангӯйи вазорати хориҷаи Русия аз "тағйроти бисёр мусбат" дар фазои музокироти Эрон ва 5+1 дар Женев хабар дода ва гуфта умедвор аст "натоиҷи мушаххасе" аз ин музокирот ба даст биёяд.
Вузарои хориҷаи Омрико, Бритониё, Фаронса ва Олмон бидуни барномарезии қаблӣ барои ширкат дар музокироти ҳастаии Эрон ба Женев мераванд.
Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико баъд аз сафар ба Исроил ва дидор бо Бинёмин Нетонёҳу роҳии Женев, маҳалли баргузории музокироти ҳастаии Эрон шудааст.
Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил ба Ҷон Керрӣ ҳушдор додааст, ки ба тавофуқи эҳтимолӣ бо Эрон пойбанд нахоҳад буд.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: "Замонати иҷрои тавофуқномаи муштараки миёни Эронв а 5+1 ҳусни нияти ду тараф аст."
Хабаргузории ИРНО ба нақл аз диплумотҳо дар Женев хабар додааст, ки "тавофуқи бузурги ҳастаӣ дар роҳ аст."
Ин дувумин даври музокироти Эрон ва 5+1 пас аз раёсати ҷумҳурии Ҳасани Рӯҳонӣ аст.
Даври аввали музокирот 16-17 октябр дар Женев анҷом шуд ва дар фазое мусбат ба поён расид. Эрон пешниҳоди ҷадиде дошт, ки ба гуфтаи диплумотҳо ҳовии ҷузъиёти бисёре буд.
Дар поёни даври авал баёнияи муштараке ҳам мунташир шуд ва қарор шуд коршиносони ду тараф пеш аз нишасти баъдӣ мулоқот дошта бошанд, то "ба мавориди ихтилоф бипардозанд ва гомҳои амалиро тарроҳӣ кунанд."
