Керрӣ: Дар музокира бо Эрон кӯр ё аҳмақ нестем

  • 11 Ноябр, 2013
Image caption Вазири хориҷаи Омрико таъкид карда, ки "ҳеҷ муғойирате" миёни иқдомоти давлати Борок Убомо ва таъаҳҳудоти ин кишвар ба Исроил вуҷуд надорад

Ҷон Керрӣ , вазири умури хориҷаи Омрико, дар посух ба изҳори нигаронии нахуствазири Исроил дар мавриди тавофуқи эҳтимолии Ғарб бо Эрон, гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида дар музокироти ҳастаӣ бо Эрон "кӯр" ё "аҳмақ" нест.

Вазири умури хориҷаи Омрико таъкид карда, ки "ҳеҷ муғойирате" миёни иқдомоти давлати Борок Убомо ва таъаҳҳудоти ин кишвар ба Исроил вуҷуд надорад.

Оқои Керрӣ ин суханонро дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии Эн-би-сии Омрико ва пас аз музокироти серӯзаи Гурӯҳи 5+1 бо Эрон дар Женев баён кард.

Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, зимни ибрози норизоятӣ аз нишасти Женев гуфта буд, ки аз ҳар талоше барои ҷилавгирӣ аз дастёбӣ ба "тавофуқе бад" миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳон истифода хоҳад кард.

Ӯ тавофуқи ҳастаии эҳтимолии миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳониро "иштибоҳе таърихӣ" тавсиф карда ва гуфта буд, ки Эрон ба "муъомилаи қарн" даст ёфтааст.

Аммо оқои Керрӣ гуфтааст, ки оқои Нетонёҳу дақиқан аз шароити тавофуқ бо Эрон огоҳ нест "чун мо ҳанӯз ба ин тавофуқ даст наёфтаем."

Вазири умури хориҷаи Омрико ба Эн-би-сӣ гуфт: "Бархе аз тавонмандтарин коршиносон дар давлати Омрико, ки солҳои зиёде даргири масоили Эрону таслиҳоти ҳастаӣ будаанд, дар ин музокирот дахил ҳастанд."

Ӯ таъкид кард, ки " мо кӯр нестем ва фикр намекунам, ки аҳмақ ҳам бошем."

Нишасти серӯзаи Гурӯҳи 5+1 ва Эрон рӯзи гузашта пас аз чандин даври гуфтугӯҳои фишурда бидуни дастёбӣ ба натиҷаи қатъӣ поён ёфт.

Қарор аст даври баъдии ин музокирот дар 20 ноябр баргузор шавад.

Оқои Керрӣ бо ишора ба ин ки Омрико ба дастёбӣ ба "тавофуқе хуб" таъкид дорад, гуфт, ки дар ғайри ин сурат тавофуқе даркор нахоҳад буд.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷаи Омрико ба ҳамин далел аст, ки музокироти чанд рӯзи гузашта ба тавофуқ мунҷар нашавад.

Ба назар мерасад, ки ин суханони оқои Керрӣ дар посух ба ибрози нигаронии мақомоти Исроил баён шуда бошад.

Матолиби муртабит