Эрон ва Бритониё кордорҳои ғайримуқими худро муъаррифӣ карданд

  • 11 Ноябр, 2013
 Парчамҳои Эрон ва Бритониё
Image caption Равобити Эрон ва Бритониё аз ҳудуди ду соли пеш ба пойинтарин сатҳ коҳиш ёфтааст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, ки Муҳаммадҳасан Ҳабибуллоҳзода ба унвони кордори ғайримуқими Эрон дар Бритониё таъин шудааст. Оқои Ҳабибуллоҳзода пештар муъовини сафири Эрон дар Вйен, пойтахти Утриш (Австрия) будааст.

Ҳамзамон вазорати хориҷаи Бритониё Оҷей Шорморо ба унвони кордори ғайримуқими Бритониё дар Эрон муъаррифӣ кардааст.

Марзия Афхам, сухангӯи вазорати хориҷа гуфтааст: "Қарор аст дар ояндаи наздик оқои Ҳабибуллоҳзода ба манзури баррасии вазъияти амвол ва амокини ҷумҳурии исломии Эрон дар Инглис ва ҳамчунин беҳинасозии фаъолияти ҷории бахши кунсулии сафорати Эрон дар Ландан озими ин кишвар шавад."

Кордори ғайримуқими Бритониё дар Теҳрон кист?

Вазорати хориҷаи Бритониё бо ишора ба савобиқ ва таҷоруби оқои Шормо дар умури Эрон гуфтааст, ки интихоби ӯ ба ин симат метавонад заминаи муносиберо барои анҷоми гуфтугӯ ва музокира бо Эрон дар мавриди мавзуъоти мухталиф аз ҷумла шароите, ки дар ниҳоят ба бозгушоии сафорати Бритониё дар он кишвар мунҷар шавад, фароҳам кунад.

Оҷей Шормо аз соли 2007 то 2008 мелодӣ ба унвони муъовини сафири Бритониё дар сафоратхонаи он кишвар дар Теҳрон фаъолият дошт. Ӯ ҳамчунин аз октябри соли 2012 мелодӣ то кунун ба унвони раиси бахши Эрон дар вазорати хориҷаи Бритониё машғул ба кор аст.

Image caption Оҷей Шормо аз соли 2007 то 2008 мелодӣ ба унвони муъовини сафири Бритониё дар сафоратхонаи он кишвар дар Теҳрон фаъолият дошт. Ӯ ҳамчунин аз октябри соли 2012 мелодӣ то кунун ба унвони раиси бахши Эрон дар вазорати хориҷаи Бритониё машғул ба кор аст

Мавзуъи табодули кордори ғайримуқим аввалин бор ба дунболи дидори вузарои умури хориҷаи Эрон ва Бритониё дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи умумии Созмони Милал дар меҳрмоҳи соли ҷорӣ (1392) матраҳ шуд. Пас аз он ду кишвар дар ҳошияи музокироти атумии Женев эълом карданд, ки зарфи ду ҳафта кордори ғайримуқими худро муъаррифӣ мекунанд.

Тасмими ду тараф рӯзи чаҳоршанбеи 24 меҳр (16 октябр) ва пас аз дидори Маҷид Тахтиравончӣ, муъовини Урупо ва Омрикои вазорати хориҷа ва Соймун Гес, мудири кулли сиёсии вазорати хориҷа ва сарпарасти ҳайати бритониёии эъзомшуда ба иҷлоси Женев эълом шуд.

Равобити Эрон ва Бритониё аз ҳудуди ду соли пеш ва дар пайи ҳамлаи муътаризон ба сиёсатҳои Бритониё ба сохтмонҳоии диплумотик ва иқоматгоҳи коркунони сафорати Бритониё дар Теҳрон ба пойинтарин сатҳ коҳиш ёфт.

Дар пайи ҳамлаи мазкур Бритониё сафир ва диплумотҳои худро аз Эрон хориҷ кард ва сафоратхонаи худро баст. Ин кишвар ҳамчунин диплумотҳои эрониро аз Ландан ихроҷ кард ва сафорати Эрон дар ин шаҳр ҳам таътил шуд.

Ба гуфтаи муъовини вазири умури хориҷаи Эрон , мубодилаи кордори ғайримуқим амалан ба маънои бозгушоии сафоратхонаҳои ду кишвар аст ва ин кордорҳо ҳар бор ба муддати як ё ду ҳафта дар маҳалли сафоратхонаи худ дар кишвари муқобил мустақар хоҳанд шуд .

Матолиби муртабит