Тавофуқи Эрон ва Ожонс барои боздид аз маъдани Гачин ва реоктури оби сангини Арок

Алиакбар Солеҳӣ, раиси созмони энержии атумии Эрон аз тавофуқи тозаи кишвараш ва Ожонси байналмилалии энержии атумӣ хабар додааст.
Ба гуфтаи оқои Солеҳӣ дар ҷараёни сафари Юкиё Омону, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атумӣ ба Теҳрон ду тараф барои боздид аз маъдани Гачин дар Бандари Аббос ва реоктури оби сангини Арок тавофуқ кардаанд.
Ин тавофуқ ба фосилаи каме аз музокироти серӯзаи Эрон ва гурӯҳи панҷ ба иловаи як дар Женев ба даст меояд, ки гуфта мешавад тайи он Фаронса аз худ сарсахтӣ нишон дод ва феълан имзои тавофуқи ниҳоӣ ба таъхир афтодааст.
Гуфта мешавад яке аз мавзуъоти мавриди нигаронии Фаронса, ки монеъи ба даст омадани тавофуқ дар музокироти ду рӯзи пеши Женев шуд, фаъолияти реоктури оби сангини Арок аст.
