Путин дар гуфтугӯи телефунӣ бо Рӯҳонӣ: Ҳанӯз фурсат вуҷуд дорад

  • 19 Ноябр, 2013
Image caption Оқои Путин ва оқои Рӯҳонӣ телефунӣ гуфтугӯ карданд

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар муколамаи телефунӣ бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, гуфтааст, ки ҳанӯз "фурсате воқеъӣ" барои ҳалли бунбасти байналмилалӣ, ки дар музокирот ба барномаи ҳастаии Эрон пеш омада, вуҷуд дорад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, ҳам дар ин муколима зимни ташаккур аз мавозеъи Русия дар нишасти Женев гуфт: "Дар музокироти ахир пешрафтҳои хубе ҳосил шуда буд, вале бояд ҳама ба ин нукта таваҷҷуҳ дошта бошанд, ки зиёдахоҳиҳо метавонад масири тавофуқи бурд-бурдро бо душвориҳое рӯбарӯ кунад"

Оқои Рӯҳонӣ таъкид кард, ки "набояд шароите эҷод шавад, ки дар иродаи тарафайн барои касби тавофуқ ва расидан ба натиҷа халале эҷод шавад."

Ин тамоси телефунӣ дар ҳоле сурат гирифта, ки қарор аст даври баъдии музокироти Эрон ва Гурӯҳи 5+1 рӯзи чаҳоршанбе (20 ноябр) дар Женев баргузор шавад.

Дар баёнияи Кохи Кремлин дар мавриди ин тамоси телефунӣ гуфта шуда, ки авзоъи Сурия аз ҷумлаи меҳварҳои муколама будааст.

Бар асоси ин баёния, руасои ҷумҳури ду кишвар ҳимояти худро аз талошҳои анҷомшуда барои баргузории кунфронси сулҳе бо ширкати ҳама гурӯҳҳои даргир дар Сурия эълом карданд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, ҳам рӯзи шанбе (16 ноябр) дар гуфтугӯе телевизиюнӣ гуфта буд, ки набояд "шонси хеле хуберо", ки барои дастёбӣ ба тавофуқномае муқаддамотӣ миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳон бар сари барномаи атумии он кишвар вуҷуд дорад, аз даст дод.

Оқои Лавров дар посух ба суоле дар мавриди муваффақиятомез будани музокирот дар Женев гуфт: "Дидгоҳи муштараки мо ин аст, ки шонси хеле хубе вуҷуд дорад, ки набояд аз даст биравад."

Вазири умури хориҷаи Русия таъкид карда буд, ки гомҳое, ки бояд барои ором кардани авзоъ ва эҷоди заминаи лозим барои тавофуқи ниҳоӣ бардошта шавад, ҳам барои Эрон ва ҳам кишварҳои 5+1 рӯшан аст.

Ба гуфтаи оқои Лавров нуктаи муҳим ин аст, ки бояд ин мавозеъ ба дурустӣ ва бо эҳтироми мутақобил бар рӯйи коғаз навишта шавад.

Матолиби муртабит